Дар як сатр
«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад
10:2608 июн

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

Оре, ин мисраъҳои рӯҳбахшу пурсуду пурмазмуни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери лаб аъзои «Корвони маърифат» рӯ ҷониби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оварданд. Раҳораҳ дар баробари сухан овардан аз дастовардҳои 20-соли Ваҳдати миллӣ, адибон зери роҳбарии устод Ҳақназар Ғоиб аз ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пораҳо қироат намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вуҷудаш накӯкорӣ, бахшидану ободгароист, ин орзую омоли Шоҳи Ҳамадонро дар ин самт амалӣ намудааст.

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат
13:5306 июн

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Бист сол муқаддам 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи ба ҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст ва мо ҳар солонро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат
15:0101 июн

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат

Ба истиқболи 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар ҳар гӯшаву канори вилоятамон идома дорад. Ин навбат «Корвони маърифат»-ро дар ноҳияи Фархор дар рӯҳияи омодагиҳои ҳамаҷониба ба ин ҷашни миллӣ пазироӣ намуданд. Хурду бузург бо рӯҳи болидаю шоду хуррам ва зам-замаи суруди ваҳдат, ватан-модар, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба истиқболи корвониён баромаданд. Садои дафучанг, шеъру тарона ба афлок печида, як гӯшаи таърихии ноҳияи Фархор – қалъаи Золи Зарро боз ҳам диданӣ намуда буд.

Духтарони фаъоли ояндасоз
14:4901 июн

Духтарони фаъоли ояндасоз

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Мизи мудаввари иштирокчиёни курси омӯзишии «Духтарони фаъоли ояндасоз» дар доираи Лоиҳаи «Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» ба ташкилоту муассисаҳое, ки роҳбариашонро занон ба уҳда доранд, баргузор гардид.

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик
09:2326 май

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Роҳпаймоии ҷавонон ва доир намудани мусобиқаи велосипедронӣ таҳти унвони «Варзиш пайки дўстӣ» дар ноҳияи Темурмалик ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Корвони маърифат» рост омад.

Ваҳдат созандагист
09:2424 май

Ваҳдат созандагист

«Саҳми ман дар рушду нумўи ватан» чунин унвон дошт, чорабинии пуршукўҳи сиёсӣ- фарҳангӣ, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гашт.

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят
08:4824 май

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Муъминобод сафар карда, арзу ниёзи як гурўҳ сокинони маҳаллиро шунид.

Ваҳдат давлат аст
09:0017 май

Ваҳдат давлат аст

Шукри Худованди муттаол мекунам, ки халқи тоҷики шарафманду мутамаддин баъди якдигарнофаҳмию даргириҳои бемаъниву бемавқеъ оқибат ба ваҳдати миллӣ расид. Ваҳдат, чӣ калимаи муқаддас ва азизу муътабар аст. Маҳз ваҳдат аст, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу осоиш ва дӯстию бародарӣ кору зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо бирасад ва онро мукаррам донад. Зеро пайдост, ки мо ба ҳар чизе, ки шарафёб шудем, аз баракату шарофати ваҳдати миллист. Зинҳор фаромӯш набояд кард, ки ваҳдати миллӣ маҳз бо талошу ҷонбозиҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст. Ин фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат бо фаҳму фаросати модарзодии худ дарёфт, ки бе рӯйи кор овардани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагиро барқарор ва пойдор намудан маҳол аст. Аз ин рӯ, бо ҳазор душворӣ ҳам бошад, онро ба даст овард ва ба тоҷику тоҷикистониён эҳдо намуд.

18 нафар бо хона таъмин гаштанд
08:4517 май

18 нафар бо хона таъмин гаштанд

Ба 18 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти “Саричашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баҳори соли 2014 бар асари боришоти зиёд манзилҳои истиқоматиашон вайрону валангор шуда буданд, хонаҳои наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба тамоми талаботи муосир супорида шуд.

Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм
10:4912 май

Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов ҳамчунин бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.

Қарздорӣ аз музди меҳнат
08:3212 май

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар ин самт пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд

Кӯлоб. Ёде аз гузашта
11:1311 май

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

9 май ба санаи таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм 72 сол пур шуд. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳ азиз аст, чунки ин ҷанг пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гулгул шукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

«Корвони маърифат» дар Балҷувон
11:0311 май

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Ҳафтаи сипаригашта ҳайати «Корвони маърифат» аз ноҳияи Балҷувон дидан ба амал оварда, бо аҳолии ин мавзеи таърихӣ ва афсонавӣ суҳбату мулоқот ва чорабиниҳои гуногун доир намуданд.

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат
11:1710 май

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳияи Ёвон 200 бех ниҳоли ороишӣ, дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. Инчунин, маркази ноҳия бо зиёда аз 700 шиору овеза зинат дода шуда, 6500 метр ҷӯйборҳо аз партов тоза гардидааст.