Дар як сатр
Афзоиши истеҳсоли тило
08:2119 ноябр

Афзоиши истеҳсоли тило

Тибқи иттиллои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 3,4 тонна тилло истеҳсол гардид. Ҳудуди 70 дарсади тиллои истеҳсоли кишвар дар дохил, аз ҷумла аз ҷониби Бонки миллӣ харида шудааст.

Зани бомаърифат - оилаи солим
10:2411 ноябр

Зани бомаърифат - оилаи солим

Оила ин муҳити ҳамзистии ҷинсӣ, ахлоқӣ ва иқтисодии зану мард мебошад, ки мақсадаш идомаи насл ва баёни эҳсоси муҳаббат аст. Оила на фақат шаклҳои умумияти таърихии робитаи зану мард ба хотири тавлиди насл, балки восита ва заминаи тарбияи ҷисмию маънавии инсон низ мебошад. Оила муҳитест, ки дар он забону тафаккур, шавқу завқ, ахлоқ ва қобилияту истеъдоди инсон ташаккул меёбад. Аз нигоҳи ҷомеашиносон оила шакли ибтидоию устувори умумияти таърихии одамон, муносибати марду зан, падару модар, бобою бибӣ ва фарзандон мебошад. Рушди савод, иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии зан боиси тақвияти пояҳои оила мегардад.

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?
15:4409 ноябр

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Чунин ба назар мерасад, ки фарқият дар одоби муошират, либоспӯшӣ, гаштугузор ва муносибат миёни сокинони шаҳрҳо ва рустоҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Оё ин тамоюл пайомадҳои ногувори ахлоқиро ба дунбол нахоҳад дошт?

Ба кӯлоб газ меояд?
17:4320 октябр

Ба кӯлоб газ меояд?

Идораи «Кӯлобгаз» ният дорад, ки «Чоҳи гази табиӣ» дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъро ба кор андохта, баробари аз санҷиш гузаштани лӯлаҳо интиқоли ин навъи маводи сӯхтро ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб оғоз карданист.

Лимити барқ муваққатист
17:0620 октябр

Лимити барқ муваққатист

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки давлату ҳукумат тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ин ки масъалаи камбуди барқ пурра аз байн бардошта шавад.

Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо
17:5919 октябр

Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Мансабдороне, ки ба масъалаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ хунукназарӣ мекунанд, маълумоти бардурӯғ медиҳанд ва барои ислоҳи камбудиҳо дар кӯтоҳтарин фурсат саъй намеварзанд, ба муҷозот кашида хоҳанд шуд.

Дар соҳибкорӣ монеа ҳаст...
17:3919 октябр

Дар соҳибкорӣ монеа ҳаст...

Мо, дар остонаи соли аввали ҷашнгирии рўзи соҳибкорон бо якчанд соҳибкорони хатлонӣ ҳамсуҳбат гашта, андешаҳояшонро роҷеъ ба масъалаи чӣ чиз боиси садд гузоштан ё худ монеаи рушд кардани соҳаи соҳибкорӣ дар ҷумҳуриамон мегардад, пурсон шудем.

Роҳгумзада
11:4515 октябр

Роҳгумзада

«Мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе аз афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣ ва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд»

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?
10:2014 октябр

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

(Духтар, 27-сола, сокини ш. Душанбе, маълумоташ миёна, хонашин, қадаш-164, вазн-54кг, бо ҷавонмарди то 30-35-5солаи соҳиби кор ва ҷои зист оила барпо кардан мехоҳад.
– Аҳли хонадони мо ҳама хоксору самимианд. Мо ҳеҷ гоҳ аз пайи молу сарват набудем…
(аз нашрияи «Муҳаббат ва оила», №25 (706), 16-22 июн)

Ба мавзеъҳои бехавф кӯчидани 161 оила
12:0123 сентябр

Ба мавзеъҳои бехавф кӯчидани 161 оила

То 21 сентябри соли ҷорӣ аз минтақаҳои хавфноки экологии вилояти Хатлон 161 хоҷагӣ кӯчонида шуда, дар маҳалли нав бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост
10:2223 сентябр

Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Худованди меҳрубон Иди Қурбонро барои мусулмонон рӯзи имтиҳону озмоиш қарор додааст, ки инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон намуда, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад. Ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд.