Дар як сатр
Хонаро ба номи ман мекунӣ!
14:1711 феврал

Хонаро ба номи ман мекунӣ!

Модар ягона нафарест, ки фарзандро бо сад мушкилӣ, ҳатто бо марг даст ба гиребон шуда, ба дунё меовараду шири сафедаш, ки неъмати бебаҳост, ба воя мерасонад. Ба он тифли маъсуме, ки сухан карда, роҳ рафта наметавонист, аз ҷо бархестану қадам задан ва сухангуфтанро меомӯзад. Бечора модар ин ҳамаро нозукиҳоро ба фарзанди хеш меомӯзад, ки фардо қадрдони модар бошад, хидмати ӯро ба ҷо оварад.

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!
09:1811 феврал

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Савригул Даминова, модаршӯи ҷавонзане аз шаҳри Қӯрғонтеппа, дар назди пайвандони келинаш шарт гузоштааст, ки барои минбаъд бо писари вай якҷо зистани духтарашон хонаи якҳуҷрадор, ки ба қавли вай хаққи шаръӣ ва ҳуқуқии келинаш аст, харида диҳанд. Дар акси ҳол, ӯ таҳдид кардааст, ки намегузорад, то ин зан бо писари «яккаву ягона»-аш то дер бимонад.

Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ
09:4704 феврал

Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ

Тайи як соли охир дар ноҳияи Хуросон 24 нафар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакони ятим ва 11 нафар барои ба парасторӣ гирифтани чунин атфол муроҷиат кардаанд.

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»
15:4303 феврал

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Бо тасвиби қонуни нави марбут ба вазъи будубоши муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Россия зиндагӣ ва кори онҳо мушкилтар шуда, шумораи онҳое, ки аз ҷойи корашон маҳрум гаштаанд, афзудааст.

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»
21:2902 феврал

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

Чунин ба назар мерасад, ки бахши аъзами сокинони вилояти Хатлон аз бастани аҳдномаҳои расмии никоҳ «парҳез» мекунанд ва дар ниҳояти кор ҳуқуқ ва манфиатҳои занон нақз мешавад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар зарфи 20 соли ахир танҳо як ҷуфти ҳамсарон (!!!) миёни ҳам шартномаи расмии никоҳ бастаанд. Аммо ин кадом ҷуфти ҳамсарон аст, рӯшан нест, зеро ба хотири «ҳифзи сирри хонаводагӣ», насаби онҳо ифшо намешавад.

Зан – «шеф»-и хона!
20:3402 феврал

Зан – «шеф»-и хона!

Аз 18 то 20%-и оилаҳои хатлониро занон сарварӣ мекунанд. Ин нишондиҳандаи хуб аст ё бад? Бавижа дар ҷомеаи суннатии мо, ки бештар мардсолор асту одат шудааст, ки мард - падари хонадон масъулияти таъмини иҷтимоӣ ва саробонии оиларо ба дӯш дошта бошад…

Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад
18:5502 феврал

Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад

Сардори давлат баробари дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба масъалаи нафақахӯрон низ дахл намуда, иброз дошт, ки беҳбудии шароити зиндагии ин табақа доимо дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад. Барои боз ҳам хубу гуворо шудани зиндагии нафақахӯрон, ҳамчунин маъюбон қарор дода шуд, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ нафақапулии онҳо ба қадри 20 фоиз зиёд карда шавад.

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»
15:3231 январ

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қўрғонтеппа бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҷамъомаде бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 барпо гардид.

Донед! Маргталабию худкушӣ гуноҳ аст
11:4130 январ

Донед! Маргталабию худкушӣ гуноҳ аст

Мақомоти вилояти Хатлонро афзоиши мавридҳои худкушӣ ва маргталабии сокинон нигарон кардааст. Танҳо дар соли гузашта 125 ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ кардани шаҳрвандон сабт шудааст, ки 19 маврид бештар аз соли 2013 будааст. Чаро ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст ва кӣ, чи гуна бояд онро пешгирӣ кунад?

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо
16:4629 январ

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи «Соли оила» эълон кардани соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинони вилояти Хатлон бо хушнудӣ пазируфтанд.

Умре дар хизмати мардум буд
06:3329 январ

Умре дар хизмати мардум буд

Мурод Сафаров ҳаёти хешро ба хизмати халқу Ватан бахшида, дар рушди фарҳанг, маънавиёти мардуми кӯҳистон, худшиносии миллӣ ва бунёди хоҷагидории ҷангали қисми ҷанубии мамлакат саҳми бориз дошт.

Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус
06:1628 январ

Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус

Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳритус 3815 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба соли 2013-ум 562 ҳолати таваллуд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2014 дар ин ноҳия дар муқоиса ба соли 2013-ум 42 ақди никоҳ кам баста шудааст.