Дар як сатр
Пирдухтар...
14:5619 март

Пирдухтар...

«Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад!» - ин аст “таъна”-и серистифодаи мардум ба духтарони аз 20-сола боло, ки ҳанӯз бахт ба рӯяшон нахандидааст. Агар духтаре дунболи таҳсил дар мактаби олӣ ё карйерасозӣ шаваду дер шавҳар кунад, баъзе занони шавҳардор ҳатман ба рӯйи ӯ муҳри “ПИРДУХТАР” мезананд...

102 баҳори Ҳаитбибӣ
19:2609 март

102 баҳори Ҳаитбибӣ

Бо гузашти солҳо ҳамон духтараки шӯху чаққон Ҳаитбибӣ Ғоибова бо обрӯ ба пиронсолӣ расидаю дар Рӯзи Модар 102-юмин зодрӯзи хешро дар ҳалқаи пайвандон таҷлил менамояд. Мавсуф 8 марти соли 1913 чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳангоме ки ба синни 18 мерасад, ӯро ба шавҳар медиҳанд.

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда
12:0207 март

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нина новобаста аз русзабон буданаш ба забони модарии мо эҳтироми хоса дошта, бо он озодона ва бисёр ширину самимӣ ҳарф мезанад. Ғайр аз ин, ӯ як феъли аҷоиб дорад, ки дар рӯзҳои ид, ба мисоли Иди Наврӯз, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои миллии худашон барои мо хӯрокҳо миллӣ ва тухмҳои рангкардашуда ҳамчу туҳфа меорад.

Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар
11:4707 март

Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар

Момои Латифамо муддати панҷ сол мешавад, ки ҳамсари бемору бистариашро нигоҳубин мекунад. Ӯ ноланда нест аз зиндагӣ, аз хизмат ба шавҳараш, ӯ баръакс, сипосгузор аст аз имтиҳони Худованд, ки метавонад бо ин баҳона заррае ҳам бошад, қарзи ҳамсариашро адо намояд. Вақте назди ин нафари бемор - устоди заҳматкашу фидокори ноҳияи Шӯрообод Гулмади Мирзо қарор доштам, муносибати ин занро нисбати ҳамсараш дида, ҳайрон мондам.

Ҳабиби модарони Фархор
10:2507 март

Ҳабиби модарони Фархор

Ранҷу заҳматҳои шабонарӯзӣ, самараи меҳнати ҳалол ва хизматҳои зиёди Қоғазмоҳ буд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ӯро бо унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Духтури дараҷаи олӣ буда, ҳамчунин дар ҷамъбасти сол сазовори номи баланди «Духтури сол» гардидааст.

Одами табаррук
11:3006 март

Одами табаррук

Замоне ки ба дидорбинии момои 115-сола рафта будем, духтари калониаш Бибай Султоноваи 85-сола аз ноҳияи Ванҷ ба аёдати модари пираш омада буд. «Маро очаам нағз калон кард, ҳама кору бори хонаро омӯзонд. Ҳоло ба пеши очам ба меҳмонӣ омадаам. Очаамро ёд мекунам, ҳар 2-3 сол пас очаамро хабаргирӣ меоям. Шукри Парвардигор мекунам, ки дар ин синну соли ман ҳеҷ кас оча надораду мо дорем. Ба 85 даромадам, лекин очам ҳоло ҳам маро насиҳат мекунад, «духтарам, худатро эҳтиёт кун, фарзандону набераҳоро хуб тарбия кун» мегӯяд...

Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?
18:2205 март

Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?

Таваллуди сегоникҳо дар соли бузургдошти Имоми Аъзам рост омад ва падару модари ҷавон Марҳабою Иброҳим тифлаконро Эмом, Аъзам ва Бибиҳанифа ном гузоштанд.

Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ
17:0805 март

Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ

Зимни сафари корӣ ҳамсафари ман зане буд, ки дар даст тифле дошт, онро зиёд навозиш мекарду аз ронанда боло бардоштани оинаи мошин, паст кардани садои мусиқӣ ва суст кардани ҳаракати мошинро хоҳиш мекард. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифт ва сабаби ин амалашро пурсон шудам. Чаро ин қадар дар ҳаросед?
- Ин тифли талбидаро ман 17 соли оиладорӣ интизор шудам. Акнун Яздони пок ин тифлаки дустрӯякро бароям ҳадя намуд. Метарсем, ки мабодо шамолаш нарасад. Эҳтиёт хуб аст.

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд
14:1505 март

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар тарабхонаи «Оби тоза»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 50 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи арӯсии ду ҷуфти ҷавон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат варзида, оилаҳои ҷавон ва кӯдакони хушбахтро табрик гуфт.

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ
10:1502 март

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Дар як моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2012 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ ташкил дода шуд, ки 1477 ҷойи он марбути бахши хусусист.

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор
17:5226 феврал

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Дар ҳашт деҳаи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон феълан 9 нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, аҳолии ин рустоҳо дар фасли сармо пурра бо нерӯи барқ таъминанд.

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост
12:5025 феврал

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Паёмбар (с) мефармоянд, ки «Ад-дину насиҳатун», яъне «Дин насиҳату ихлос ва тавсия ба некӣ аст». Дар асл ҷиҳод чист? Дар истилоҳи луғавӣ ҷиҳод ин ҷидду ҷаҳд, саъю кӯшиш аст. Талаби илм ҷиҳод аст, эҳтироми волидайн ҷиҳод аст, ҳимояи марзу буми Ватан ҷиҳод аст, анҷоми кори неке, ки ба нафъи мардум бошад, ҷиҳод аст.