Дар як сатр
Ҳадяҳо ба шогирдони мактаб-интернати Қубодиён
15:4921 май

Ҳадяҳо ба шогирдони мактаб-интернати Қубодиён

Дар доираи чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён либосҳои мактабӣ тақдим намуданд.

Маркази бонувон дар Қумсангир
16:0013 апрел

Маркази бонувон дар Қумсангир

Дар ноҳияи Қумсангир Маркази нави бонувон таъсис дода шуд, ки аз ду ошёна иборат буда, он дорои шароит барои гузаронидани кулли фаъолиятҳо, аз ҷумла курсҳои компютерӣ ва дӯзандагӣ, ироаи машваратҳои оилавӣ ба занони ноҳияи Қумсангир ва гирду атрофи он мебошад.

То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?
13:5513 апрел

То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, ба хотири эҳтироми бузургсолон, ки синнашон аллакай ба ҷое расидааст ва тавону орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд, тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд танҳо шаҳрвандони аз 35-сола боло ҳуқуқи сафар ба ҳаҷро хоҳанд дошт.

«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»
15:5826 март

«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

- Фикр мекардам, ки вай бадани духтарамро муоина мекунад ва шояд дасташ расад, - бо таассуф ба ёд меорад падар. - Аз ин рӯ иҷоза надодам ва гуфтам, ки дар хона муолиҷа мегирад. Кӯтоҳақлӣ кардему гулдухтарамонро аз даст додем…

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст
11:0822 март

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

- Зиёда аз 30 сол мешавад, ки ман Қимат Камоловаро парасторӣ мекунам, - зикр кард М. Аюбова. - Тӯли ин солҳо касе ба мо кӯмак намерасонад. Шавҳари холаам Асомиддин соли 1984 аз дунё гузаштааст. Онҳо ягон фарзанд надоранд. Аз тарафи мақомоти ноҳия танҳо ду-се маротиба 5-тоӣ нон ва як либос- ворӣ, боз чанд сол қабл як халта орд ва шакару равған оварда дода буданд. Дигар касе аз ҳоламон бохабар намешавад.

Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон
14:4221 март

Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Дар арафаи истиқболи Наврӯзи хуҷастапай дар асоси амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор собиқадорони меҳнат, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳми арзанда доранд, кӯмакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ ироа гардид.

Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)
10:1221 март

Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)

- Давраҳои ҷавониам, замоне ки дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Кӯлоб таҳсил мекардам, - нақл мекунад Қ. Муҳсиддинов, - рӯзе ба дарс мерафтам, ки модарам кулчаву либосҳои дарсиямро дар ҷузвдонам андохта буд. Вале азбаски имкони аз об гузаштан набуд, бар-бари теппа рафтам, то ин ки аз дарё осонтар гузарам. Ногоҳ ҷузвдонам афтиду об ӯро бурд, ё ин ки рӯзи тӯйи писарам як нафари дигарро бо аспаш ғарқ карда кушт. Он гоҳ пеши худ қавл дода будам, ки ҳар гоҳе соҳиби сармоя шавам, ҳатман ин ҷо пул месозам. Ҳоло шукр, ки чунин имконият фароҳам шуд.

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ
09:1021 март

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳоло ман ба 70 қадам мондаам, вале ба кадом коре машғул шавам, модарам омада кӯшиши ба ман кӯмак карданро мекунад. Вақте ба болои бом баромаданӣ шавам, модарам аз пушти ман боло мебарояд, то ин ки мабодо аз болои бом наафтам…

Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино
11:0920 март

Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Аҳли кормандону духтурони беморхонаи марказии ноҳия низ дар қатори дигар шахсони хайрхоҳ дар арафаи ин иди аҷдодӣ аз ҳисоби маоши якрӯзаи худ ба 25 нафар ятимони кулли ноҳия ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ кӯмак намуданд, ки ин амали онҳо шоистаи таҳсин мебошад.

Чаро занон мардикор мешаванд?
15:5219 март

Чаро занон мардикор мешаванд?

Теъдоди занону кӯдаконеро, ки моҳҳову солҳо интизори бозгашти шавҳарону падарони муҳоҷирашон аз Русия ҳастанд, коршиносон ғайри қобили шумориш меҳисобанд. Гулҷаҳон, зани 35-сола аз ноҳияи Бохтар модари ду фарзанд аст, ки мегӯяд, фарзандонаш солҳо боз орзуи расидан ба дидори падарро доранд. Аммо шавҳараш дар чаҳор соли охир аз онҳо суроғ намекунад ва барояшон кӯмак намерасонад.

Пирдухтар...
14:5619 март

Пирдухтар...

«Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад!» - ин аст “таъна”-и серистифодаи мардум ба духтарони аз 20-сола боло, ки ҳанӯз бахт ба рӯяшон нахандидааст. Агар духтаре дунболи таҳсил дар мактаби олӣ ё карйерасозӣ шаваду дер шавҳар кунад, баъзе занони шавҳардор ҳатман ба рӯйи ӯ муҳри “ПИРДУХТАР” мезананд...

102 баҳори Ҳаитбибӣ
19:2609 март

102 баҳори Ҳаитбибӣ

Бо гузашти солҳо ҳамон духтараки шӯху чаққон Ҳаитбибӣ Ғоибова бо обрӯ ба пиронсолӣ расидаю дар Рӯзи Модар 102-юмин зодрӯзи хешро дар ҳалқаи пайвандон таҷлил менамояд. Мавсуф 8 марти соли 1913 чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳангоме ки ба синни 18 мерасад, ӯро ба шавҳар медиҳанд.

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда
12:0207 март

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нина новобаста аз русзабон буданаш ба забони модарии мо эҳтироми хоса дошта, бо он озодона ва бисёр ширину самимӣ ҳарф мезанад. Ғайр аз ин, ӯ як феъли аҷоиб дорад, ки дар рӯзҳои ид, ба мисоли Иди Наврӯз, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои миллии худашон барои мо хӯрокҳо миллӣ ва тухмҳои рангкардашуда ҳамчу туҳфа меорад.

Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар
11:4707 март

Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар

Момои Латифамо муддати панҷ сол мешавад, ки ҳамсари бемору бистариашро нигоҳубин мекунад. Ӯ ноланда нест аз зиндагӣ, аз хизмат ба шавҳараш, ӯ баръакс, сипосгузор аст аз имтиҳони Худованд, ки метавонад бо ин баҳона заррае ҳам бошад, қарзи ҳамсариашро адо намояд. Вақте назди ин нафари бемор - устоди заҳматкашу фидокори ноҳияи Шӯрообод Гулмади Мирзо қарор доштам, муносибати ин занро нисбати ҳамсараш дида, ҳайрон мондам.