Дар як сатр
Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон
08:5807 июл

Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи Президенти мамлакат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон қайд мегардад. Ин амали нек боз як намунаи ғамхорию таваҷҷуҳи давлату Сарвари оқили тоҷикон маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид
07:4306 июл

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид

Корҳои сохтмонӣ оид ба барқарорсозии низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ аз моҳи марти соли 2013 то охири соли 2016 гузаронида шудааст. Низоми татбиқшудаи обтаъминкунӣ аз ду обанбор иборат буда, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи ҳаммонанд сохта нашудааст. Зиёда аз 29 ҳазор аҳолии ноҳияи Панҷ бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намудаанд.

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ
08:5404 июл

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

Дар рӯзҳои истироҳатӣ якчанд ҳолати нохуши зимни оббозӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла, 2-юми июли соли 2017, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҷавондухтари 22-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Вахш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад.

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд
15:4303 июл

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Дар арафаи иди саиди Фитр ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ аз тарафи соҳибкорону саховатмандон ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Темурмалик ба 1320 нафар аз оилаҳои камбизоат, ятимон, барҷомондагон ва маъюбон ҳамагӣ ба маблағи 316 ҳазору 366 сомонӣ кумак расонида шудааст.

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят
13:2003 июл

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

1-уми июли соли ҷорӣ вохӯрии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар асоси нақшаи пешбинишуда вобаста ба рӯзи қабули шаҳрвандон дар деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо сокинони ноҳия доир гардид.

Кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат рӯ ба афзоиш аст
09:0901 июл

Кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат рӯ ба афзоиш аст

29 июни соли равон Иҷлосияи 10-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуд.

М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»
08:1101 июл

М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, оид ба моҳияти «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузор гардид.

«Афсона»-и модар - панде барои писар
07:2228 июн

«Афсона»-и модар - панде барои писар

Ҳоҷибибӣ Зуҳро Саидғуфроноваро дар манзилаш дар ноҳияи Бохтар дар ҳоле дарёфтем, ки тариқи телефони мобилӣ ба писарони муҳоҷираш, ки дар Русия кор мекунанд, дуо медод.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар
07:0228 июн

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар

Ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ватани худ гуреза шуда буданд. Шароити зисти аксарияти онҳо вазнин буд. Маводи озуқа, сарулибос ва манзил намерасид. Аз ҳама бештар вазъи гурезаҳои навоҳии Шаҳритусу Қубодиён, ки дар паси симхорҳои сарҳад ҷой гирифтаанд, душвор аст. Гурезаҳо сахт гуруснагӣ мекашиданд. Аз таъсири сармою бемориҳо атфолу куҳансолон мефавтиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 30 ҳазор нафар фирориён сарҳадро убур карда, ба қаламрави Давлати исломии Афғонистон гузаштанд. Кор ба ҷое расида буд, ки силоҳбадастон фарзандони гурезаҳоро бо яроқу аслиҳа иваз мекарданд, занону духтаронро дастаҳои мусаллаҳи афғонҳо зӯран мебурданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба Ватан бозпас овардани гурезаҳо тамоми чораҳоро меандешид...

Воқеа дар навбати нон…
17:0427 июн

Воқеа дар навбати нон…

Ёди он рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ барои шоҳидони вақт боз сангинтар аст. Ҳарчанд он ба ҳукми таърих ворид шудааст, вале аз ёдҳо намеравад. Имрӯзҳо, баъзан дар маъракаҳо ва ё дар меҳмонӣ ношукриро нисбати нон мушоҳида мекунам ва як воқеаи ҳузнангези дар он рӯзҳои вазнин рухдода беихтиёр ба ёдам меояд. Ин воқеа дар назди як мағозаи хӯроквории шаҳри Қӯрғонтеппа, аниқтараш, дар навбати нон ба вуқӯъ пайваста буд.

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард
14:4913 июн

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии якдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардида буд, 10 сол сипарӣ гардид. Ин қонуни муҳим 8 июни соли 2007 ба тасвиб расида, аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад.

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор
10:0812 июн

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Дар заминаи ширкати «Субҳи Сарбанд»-и шаҳри Сарбанд боз як коргоҳи нав ба кор шурӯъ намуд, ки ба ин васила 12 бонуи хонанишин бо фарогирии касби дӯзандагӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.