Дар як сатр
Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад
10:3920 январ

Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 январ, дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ки аз 1 июли соли равон маошу нафақа ва идрорпулиҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд.

Марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик
10:0816 январ

Марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бешак, бузургу назаррас аст. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои ӯ дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ӯро ба як шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст.

Барномаи нави рушд  - дар амал
14:4215 январ

Барномаи нави рушд - дар амал

Сар аз 1 январи соли нави 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифт.

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд
14:2115 январ

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Дар соли сипаришуда Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба он муваффақ гардид, ки сохторҳои иттифоқҳои касаба мустаҳкам карда шуда, сафи аъзои худро афзоиш дод ва фаъолияти ҳамаи сохторҳои иттифоқҳои касаба сифатан беҳтар ба роҳ монда шуд. Ин нукта, ахиран, дар нишасти матбуотии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят зикр гардид.

Бо дили бузург ба дунё омад
11:3914 январ

Бо дили бузург ба дунё омад

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аз ҷумла бунёди сохтмонҳои азим, роҳи абрешим, нақбҳо, созандагию ободонӣ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ мекашад.

Омӯзиши соҳибкорӣ дар Шӯрообод
14:3713 январ

Омӯзиши соҳибкорӣ дар Шӯрообод

Дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» вохӯрии истеҳсолкунандагони шир дар ноҳияи Шӯрообод бо намояндагони комбинати шири шаҳри Кӯлоб доир гардид.

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»
09:3209 январ

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон, ки 8 январ сурат гирифт, беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.

Ҳадяҳо ба 73 кӯдаки нобино ва биноияшон заиф
14:3505 январ

Ҳадяҳо ба 73 кӯдаки нобино ва биноияшон заиф

Дар посух ба дархости ҷамъияти нобиноёни Қӯрғонтеппа дар робита ба ироаи кумак ба кӯдакони нобино, кормандони ин ширкат ба ҳар яке аз 73 ноболиғ мувофиқи талабашон туҳфаҳои инфиродӣ таҳия ва тақдим карданд.

Соли 2016 соли чӣ эълон шавад?
10:1801 январ

Соли 2016 соли чӣ эълон шавад?

Соли 2015 дар Тоҷикистон Соли оила эълон шуда буд. Ба ин муносибат дар кишвар чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ, озмунҳо, конфронсу мизҳои мудаввар доир гардида, дар ВАО барномаю гуфторҳо ва матолиби фаровоне ба нашр расиданд.

Идораи рӯзномаи «Хатлон» супориш дод, ки ба чанде аз сокинони маҳаллӣ бо саволи зерин муроҷиат намоем:

Шукр, ки ба аслияти хеш баргаштем
09:4122 декабр

Шукр, ки ба аслияти хеш баргаштем

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест ва барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал доштан зарурат дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи ҳизбу ҳаракат ва ниҳодҳое, ки ба фаъолият оғоз мекунанд, бояд аз як тараф баҳри оромиву осудагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ободонии кишвар саҳм бигиранд, аз ҷониби дигар, ба олами ботинии инсонҳо ростиву дӯстӣ, имондориву инсонгароиро густариш бидиҳанд.

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд
09:3322 декабр

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Бозиҳои азими сиёсӣ ва равандҳои бузурги геополитикӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи «ҷиҳод», махсусан ҷиҳоди исломӣ, вирди забонҳои мардум гардидааст. Аз шунидани ин вожа ҳамзамон саҳнаи куштори ваҳшиёнаи одамон ба ёд мерасад. Агар ба умқи аслии «ҷиҳод» фурӯ равем, мебинем, ки он маънии мусбат дошта, ҳадафаш ҳифзи субот, таҳкими амният ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.

Пайрави Пешвои миллат бошем
10:3621 декабр

Пайрави Пешвои миллат бошем

Пешниҳоди интихобкунандагон натиҷаи шинохти воқеияти сиёсии кишвар аз ҷониби мардуми Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки мақом ва манзалати асосгузорони давлатҳои миллӣ ба мисли Пешвои миллат ва ё Падарон-асосгузорони давлатҳо дар таҷрибаи ҳуқуқӣ ва давлатдории кишварҳои мутамаддин собиқаи нек ва эътирофшудаи худро дорад. Эътирофи чунин фарзандони таърихӣ ва ҳимояи роҳ ва сиёсати созандаи онҳо мутобиқ ба табиати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоист.