Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ваҳдату ҳамдилӣ осудаҳолии модарон аст


Ваҳдату ҳамдилӣ осудаҳолии модарон аст



Ваҳдати миллӣ танҳо ибораи дилнишину гӯшнавоз нест, балки арзиши бебаҳоест, ки тоҷикон онро чун Истиқлол муқаддасу гиромӣ медоранд.

Агар як зан ба танҳоӣ панҷ фарзанди хурдсолро дар солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба камол расондааст, магар мешавад ӯро оҷизу паршикаста хонд?! Ҳаргиз на! Ин гуна занонро бояд Мард гуфт, Марди ҳақиқӣ. Чунки онҳо, ба дӯш бори мардона мекашанд..
.
Қаҳрамони мо - Ҳуснибону Мавлонназарова, яке аз ҳамин гуна занони қавирода аст. Ин бонуи хирадманд ёддоштҳои сабақомӯзе аз замони ҷанги даҳшатноки таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта дорад, ки ҳозир шуд, онро бо хонандаи рӯзномаи “Хатлон” нақл кунад.

- Ба андешаи банда, барои як зан беҳтарин неъмат бахти ӯст. Инро занҳое хубтар дарк мекунанд, ки мисли ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо тифлакони хеш сарсону саргардон гашта буданд. Намедонам аз кадом як хотираи талхам бароятон қисса кунам...

Соли 1992 соли сарсонии на фақат ман, балки оворагиҳои садҳо модарону занони дигар низ буд. Баробари аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ мо низ мисли садҳо нафари дигар аввал ба ноҳияи Ҷайҳун, сипас, ба кишвари Афғонистон гуреза шуда будем. То саршавии ҷанги хонумонсӯз бо ҳамсари ғӯрамаргам зиндагии орому осоишта доштем. Ман, ки дар оила танҳо панҷ апаву хоҳар доштаму бародар не, барои тавлиди чаҳор писар аз Худованд шукргузорӣ мекардам. Ҳамсарам, баръакс, ягона духтарамро, ки ҳамагӣ нуҳ моҳ дошт, шоҳдухтари орзуҳояш меномид.

Билохира, шояд ба хушбахтии мо чашм расид. Баробари оғози ҷанг шавҳарам дар шаҳр монду ману кӯдакон бо модарам ба ноҳияи Ҷайҳун рафтем, сипас, ба шаҳри Қундузи Афғонистон. Он вақт фикр мекардам, ки ҳамсарам дар ҷои амне паноҳ бурдааст. Чун бо гузашти рӯзҳо аз ӯ хабаре намешунидам, қалбам оташ мегирифт. Зеро медонистам, ки ҳамсари ман агар солиму дар амон мебуд, ҳатман суроғамро гирифта наздам меомад.

Магар мешавад гуфт, ки мо дар мулки бегона серу пур, хушҳолу ором будем?! Бахусус, бо панҷ фарзанди хурдсол, ки охиринаш духтарчаам буду ҳамагӣ нуҳ моҳ дошт... Ҳар бор, ки талбандагиҳои фарзандонам пушти дари занҳои афғон ба ёдам мерасад, дилам решреш мешавад. Боре писари дуюмам Умед мебинад, ки зани афғоне дар танӯр нон пухта истодааст ва хоҳиш мекунад, ки ба ӯ як тика нон диҳанд. Шояд он зан ҳам дилбазан шуда буд аз чеҳраи кӯдакони гурезаи ман, ки аз пушти дараш ӯро меронад. Умед ҷое пинҳон мешаваду мушоҳида мекунад, ки як нони он зан ба даруни танӯр афтодааст. Ин манзара ӯро хушҳол мекунаду интизорӣ мекашад, то ин ки он зан зудтар нонҳои пухтаашро гирифта раваду писарам нони сӯхтаро барои худ ва бародаронаш гирифта биёрад. Магар мешавад ин рӯзҳоро фаромӯш кард?!

Боз ба умеде, ки як рӯз шояд мо ба дидори падари фарзандонам мерасем, зиндагӣ мекардам. Аз занҳои шиносу ношинос, ки онҷо мисли мо гуреза шуда буданд, ҳар бор хоҳиш мекардам: “шояд мардҳои шумо хабаре аз ҳамсари ман доранд ва агар хабари хуше доред, ман дар бисотам ҳамагӣ як гӯшвори тиллоӣ дорам, он ҳадя аз ман”. Ҳама ба ман ҷавоби рад медоданд, гарчанде барвақт хабари нохушро шунида будаанд. Ба хотире, ки ман панҷ фарзанди хурдсол дораму саломатиамро аз даст надиҳам, аз ман пинҳон доштаанд.

Баъди интизориҳои зиёд рӯзи бозгашти мо ам фаро расид. Вақте ба шаҳр омадам, нахуст шаҳрро нашинохтам, сипас хонаамро. 

Хонаи мо аллакай соҳиби нав дошт. Азбаски кӯдаконам бесарпаноҳ монда буданд, бо талошу ҳақталабӣ тавонистам дубора хонаамро аз худ кунам. Сипас, ба қавли мардум, миёнро сахт бастаму ба ҷустуҷӯи ҳамсарам рафтам.

Дигар касе ба ман нишонаи одами зиндаро намедод, аз ҳар нафаре мепурсидам, ҷойи онҳоеро мегуфт, ки гурӯҳ-гурӯҳ зери хок шуда буданд. Ман ҳам дигар илоҷ надоштам, бояд барои оромиши қалбам бо умед ба ҳар ҷое, ки суроға медоданд, мерафтам. Билохира, ба охирин нишонае, ки рафтам, дилам сахт ларзид...

Бисёриҳо мисли ман азизонашонро меҷустанд. Вақте чанд нафар ҷоеро кофтем, нишонаашро аз либос ёфтам. Бовар намекардам, ки баъди шаш моҳ падари фарзандонамро, ки ҳанӯз оғуштаи хун буд, бо дастони худ берун меоварам... 

Баъди дафни ҳамсар дигар тобу тавонам намонда буд, вале маҷбур будам, ки ба по хезам. Фарзанди калониам ҳоло қувваи корӣ набуд, ки моро хӯронаду пӯшонад. Солҳои зиёд фаррошӣ кардам, то фарзандонам ниёзманди пул набошанду мабодо дузду ғоратгар нашаванд.

Гарчанде писаронамро натавонистам соҳиби маълумоти олӣ созам, аммо ягона духтарамро кӯшиш кардам, беҳтарин ҳамшира шавад, то мисли ман дар ҳаёт азобу машаққат набинад.

Рӯз то рӯз фарзандонам бузургтар мешуданд. Дар яке хандаҳои падар, дар дигаре садои помонии падар, вале Умед, фарзанди дуюмам, зоҳиран пурра ба падараш шабоҳат дорад. Ба акси ҷавонии падараш менигараму ба Умед, гӯё ҳарду як нафаранд. Ҳоло ҳам дилам гум мезанад, зеро мо дар зиндагии хеле кӯтоҳи якҷоя бо ҳам меҳрубону ғамхор будем.

Фарзанди калониам Мавлонназар бузург шуду ба қавли худаш барои роҳати ман, ки ҳамеша мегуфт “акнун, очаҷон, дам мегиред”, ба Россия рафт. Ман ҳам шукр мекардаму ҳам ифтихор, ки фарзандонам акнун қаноти ман мешаванд. Вале ба қавли мардум, “инсони бетолеъ ҳеҷ вақт намеосояд”. Мавлонназар баъди якчанд вақти муҳоҷирӣ бемор шуду ӯ ҳам маро тарк кард. Навакак рӯйи захмҳои ман ӯ малҳам шуда буд, ки боз дубора маро шикаст. Доғи ӯ маро бечоратар намуд. 

Имсол ман ба синни мубораки 63 расидам. Зан ба ҳама мушкилот, дарду ранҷ, ғаму андӯҳ тоб меовардааст. Боз ба хотири фарзандон, набераҳои дӯстрӯ зиндагӣ мекунем.

Бобоҳои ман бадахшонӣ ҳастанд ва шукр, дар он гӯшаи ватан хешу ақрабои зиёд ҳам  дорам. Ҳар бор, ки ба Бадахшон меравам, ба ободии роҳ, ба чеҳраи шукуфони мардум, ба зебоиҳои диёр назар мекунам, воқеан ҳам ваҳдати миллӣ пойдор аст. Лаззати сулҳ ва даҳшати ҷангро онҳое хубтар муқоиса карда метавонанд, ки мисли ман бо чашми сару дарди дил дидаанд. Ҷанг, ба ҷуз талафот, сарсонӣ, ашки ҳасрат, дигар чизе намеорад. Аммо Сулҳу Ваҳдат неъматҳо ва эҳсосоти зебое бо худ меоранд, мисли муҳаббат, садоқат, саломатӣ,  хушбахтӣ, оромӣ ва осоиш.

Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Биёед, азизон, ба ин муқаддасот эҳтиром гузорем, то ин ки боз ҳам устувору қавитар шаванд. Поянда бод, Сулҳу Ваҳдат!

Таснифи
Ҳангомаи ИСМАТ,
Фарида БАРОТОВА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода