Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » 5 СОЛИ ҶАЗО БАРОИ ПАЙРАВӢ БА ДИИШ

Сиёсат / Ҳуқуқу амният

5 СОЛИ ҶАЗО БАРОИ ПАЙРАВӢ БА ДИИШ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон, ки ҳукми худро нисбати Воҳидов Бахтиёр, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бароварда, ӯро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

Воҳидов Бахтиёр Саидович,  давоми соли 2013 бо даъвати шаҳрванд Носиров Улуғбек дар шаҳри Сахалини Россия ақидаи радикалӣ-ифротии номатлуби диниро қабул карда, тобистони соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Ӯ дар маҳалли зисташ ҳамроҳи шаҳрвандон Сафаралӣ Сафаров, Аҳмадҷон Воҳидов, Зайниддин Отамуродов дар хонаҳои якдигар ба таври пинҳонӣ барои сайқал додани ақидаҳои ифротии худ ҷамъомад ташкил намуда, ҳангоми ҷамъомадҳояшон ҷиҳати нақшакашӣ барои ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафтан ва дар он ҷо «ҷиҳод» кардан муқобили «кофирон» маслиҳат кардаанд. 

И. Давлатзода, раисикунандаи парванда зимни қироати ҳукм дар толори Суди вилояти Хатлон гуфт, ки 14-уми августи соли 2014 бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ Сафаралӣ Сафаров, Аҳмадҷон Воҳидов, Зайниддин Отамуродов ҷиҳати иштироки ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо аз шаҳри Душанбе тавассути хатсайри Душанбе - Истамбул ба Туркия ва сипас, аз он ҷо ба Сурия сафар кардаанд. 

Гуфта шуд, ки Б. Воҳидов, охири солҳои 2016 ҳангоми дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия қарор доштанаш бо супориши яке аз мубаллиғони фаъоли ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»  Носиров Улуғбек ҷиҳати иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи Нозим дар ҷангҳои мусаллаҳонаи кишвари Сурия, бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида 20 ҳазор рубли русӣ ба Нозим барои ба Сурия рафтанаш маблағгузорӣ намудааст, ки охирин то айни замон дар ҳайати «Давлати исломӣ» ДИИШ дар ҳудуди Сурия ғайриқонунӣ дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок намудааст. 

И. Давлатзода, раисикунандаи парванда гуфт, ки Носиров Улуғбек давоми солҳои 2014-2017 якчанд маротиба ба назди ҳамроҳонаш, ки ба сохтмони биноҳои баландошёна машғул будаанд, омада дар назди тағояш Тухтаев Муҳаммад, Хуршед, Ансор ва дигарон дар бораи «ҷиҳод» кардан суханронӣ намудааст. Ба қавли У. Носиров ҷиҳод се навъ мешудааст: «ҷиҳоди ҷонӣ», «ҷиҳоди забонӣ» ва «ҷиҳоди пулӣ» ё «ҷиҳоди молӣ», ки аз ҳама «ҷиҳоди ҷонӣ» хубтар буда, асосан он дар Ҷумҳурии Сурия идома дорад  ва бояд ҳар инсони мусалмон ба он ҷо рафта, дар роҳи дин ҷони худро фидо намояд. 

Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда, кирдори судшаванда Воҳидов Бахтиёрро дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 1792 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита маблағгузори кардани террористи алоҳида  ҳисобида, ӯро   ба муҳлати 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ айбдор донист. 

 

Комрони БАХТИЁР, 

«Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода