Дар як сатр
Ёдат ба хайр, марди Худо!
10:3023 ноябр

Ёдат ба хайр, марди Худо!

Фасли хазонрез. Дар ин айём долу дарахтон ва замини сабзпўш пероҳани худро ба ранги зард иваз мекунанд. Барги дарахтон акнун хазон гашта, дар шохаи ниҳолон ба қавле амонат қарор доранд. Аз вазидани боди сабук аз тани навда ҷудо шуда, авлоҷ занон ба замин меафтанд. Умри онҳо бо ҳамин поён меёбад. Умри инсон низ ба ҳамин монанд аст ва чун ашки сари мижгон умри кўтоҳ мебинад.

Номи зебо-ними ҳусн
10:5117 октябр

Номи зебо-ними ҳусн

Оре, номи зебо ними ҳусн аст. Номгузорӣ завқи баланду интихоби дурустро талаб мекунад. Зеро он аз фарҳанги волою болои мо дарак медиҳад. Бо номи зебо моро мешиносанд, ба таърихи миллат баҳо медиҳанд ва фарҳанги ҳазорсолаамон муаррифӣ мегардад. Вале, бисёрҳо шунидаю мушоҳида мекунем, ки волидон дар номгузории фарзандон чандон эътибор намедиҳанд. Андеша намекунанд, ки маҳз номгузории зебо ояндаи неки онҳоро муайян месозад. Ба ҷигарбандон таваккалӣ номҳоеро мегузоранд, ки баъди камолёбӣ боиси ранҷишу ноҳинҷории эшон мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон
08:5807 июл

Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи Президенти мамлакат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон қайд мегардад. Ин амали нек боз як намунаи ғамхорию таваҷҷуҳи давлату Сарвари оқили тоҷикон маҳсуб меёбад.

Сухани сеҳрноки момо
07:3428 июн

Сухани сеҳрноки момо

Гашти рӯз. Силоҳбадастон аз вазъи ноором истифода карда, дар маҳаллаи наздикӯҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бедодгариҳо мекарданд. Мардҳоро «асир» гирифта, дар бисёр ҳолатҳо онҳоро мепаронданду дороии оиларо ба яғмо мебурданд. Онҳо ба ҳавлии Ҳасан ном сокини кӯча даромада, соҳибхонаро барои парондан бурданӣ шуданд. Момои Холигул аз ин ҳолат воқиф гашта, барои наҷоти набера рӯйи ҳавлӣ, назди силоҳбадастон баромад.
- Набераамро ба куҷо мебаред? - пурсид момо бо овози ларзон.

Воқеа дар навбати нон…
17:0427 июн

Воқеа дар навбати нон…

Ёди он рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ барои шоҳидони вақт боз сангинтар аст. Ҳарчанд он ба ҳукми таърих ворид шудааст, вале аз ёдҳо намеравад. Имрӯзҳо, баъзан дар маъракаҳо ва ё дар меҳмонӣ ношукриро нисбати нон мушоҳида мекунам ва як воқеаи ҳузнангези дар он рӯзҳои вазнин рухдода беихтиёр ба ёдам меояд. Ин воқеа дар назди як мағозаи хӯроквории шаҳри Қӯрғонтеппа, аниқтараш, дар навбати нон ба вуқӯъ пайваста буд.

Бозгашт ба Ватан
11:1905 апрел

Бозгашт ба Ватан

Мусибат одамонро ба ҳам оварда, душманию қаҳру ғазаб ва бадбиниро аз дилҳо дур месозад. Ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо рухдода аз худ осори сиёҳ боқӣ гузошт. Мардуми ободу озод, серу пур, осудахотиру ватандор ва дӯсту бародарро якбора ба банди ғаму мусибат печонида, ба бенавоӣ расонд, аз як бурда нони ҳалоли меҳнатӣ маҳрумашон сохта, озурдахотиру беватан ва дарбадари бегонагон гардонид, оқибат байнашон тухми душманию ҷудоӣ кишт.

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид
08:0916 апрел

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Минбаъд ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

Гиреҳкушои ҷиноят
09:3914 апрел

Гиреҳкушои ҷиноят

Милисаи ман- ҳимоятгари ман. Ин мафҳум ҳолоҳам маънии худро гум накардааст. Собиқадори милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қимат Ғаюров имрӯзҳо низ дар саф буда, барои пешгирии ҷиноятҳо саҳми худро гузошта меояд. Ӯ дар вохӯрию суҳбатҳо бо мардум, махсусан ҷавонон, хонандагони макотиб аз боби риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо суханронда, ҳамзамон аз ҳаёти рангину фаъолияти зиёди кории хеш қиссаҳо мекунад.

Гладиатори тоҷик
09:3803 июл

Гладиатори тоҷик

Шодихӯҷа як субҳи барвақт мақсади ба маркази ноҳия рафтанро кард. Вале янгаи Моҳтоб пеши роҳи шавҳарро гирифта, бо изтироб гуфт: «Мардак, дар ин рӯзҳои қиёмат ба куҷо меравед? Дида истодаед, ки вазъ ноором аст, дар кӯча тири дайду мисли борон меборад. Ба болои ин ҳама мардҳоро рабуда истодаанд, боз як муддат сабр кунед.