Дар як сатр
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем
10:3627 март

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон садҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардории мардум қарор хоҳанд гирифт, ки бинои маскунии 15-ошёнагии иборат аз 122 ҳуҷра дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз онҳост.

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод
16:4213 март

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Имрӯзҳо аксари уламои ҷаҳони исломӣ ҷанги Сурияро ҳамчун «фитна» эълон кардаанд, на ҷиҳод. Ташкилотҳои террористӣ бошанд, Салафиҳоро пойдевори боэътимоди амнияти худ қарор додаанд. Дар ҳоле, ки ҳадафи асосии иттиҳодияи экстремистии «Салафия» исломҳаросӣ ва исломситезӣ аст. Ин нуктаи калидиро ташкилоту созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ ба хубӣ дарк намудаанд.

Академик Сироҷов: Исломгароён нагузоштанд, ки НБО-и Роғун сохта шавад
08:1713 март

Академик Сироҷов: Исломгароён нагузоштанд, ки НБО-и Роғун сохта шавад

Иқрор шудан талх аст, вале он замонҳо қисми умдаи аҳолии кишвар инони ихтиёрашонро ба дасти исломгароён супорида, дар сардии зимистон солиёни зиёде худро аз рӯшноию гармӣ маҳрум сохтанд. Пӯшида нест, ки ташкилотҳои номбурда ва намояндагони онҳо, бо дурӯягӣ таҳти шиорҳои муҳофизони халқ, ватандӯст баромад карда, худро падарону модарони миллат нишон дода, дар асл дар сарнавишти давлатдории тоҷик нақши фоҷеабореро иҷро кардаанд. Мутаассифона, ба касоне, ки аз худ ватандӯст метарошанд, муяссар гардид, ки мардуми Тоҷикистонро ба азобу мушкилоти тӯлонӣ маҳкум созанд.

ВАО сипари боэътимоди давлат аст
07:2811 март

ВАО сипари боэътимоди давлат аст

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик.
Матбуоти тоҷик дар саҳифаҳои таърих дастовардҳои илмию фарҳангӣ, маърифатию тамаддунофарии хешро пеши назари дӯстдорону хонандагони хушзавқ ва ҳаводоронаш бо таровату ҷилои тоза мунтазам пешкаш менамуд.

Талош баҳри сулҳу истиқлоли давлатдории миллӣ
19:4809 март

Талош баҳри сулҳу истиқлоли давлатдории миллӣ

Рӯзи якуми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон кард, ки ҳизбҳои халқии демократӣ, аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ ҳадди панҷдарсадиро убур карда, вобаста ба фоизи гирифта номзадҳояшон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ ёфтанд. Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунистӣ, ки дар парлумони гузашта ду курсӣ дар ихтиёр доштанд, натавонистанд то панҷ дарсад раъйи интихобкунандаҳоро бигиранд.

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд
11:4704 март

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Дар интихоботи рӯзи 1 март намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 12 ҳавзаи якмандатии интихоботии воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон бар рақибони худ пирӯз шуданд. Танҳо дар ду ҳавзаи якмандатӣ - Фархор-№34 ва Восеъ-№39 номзадҳои Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов ва Ҳизби агратии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров баранда шуданд.

Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола
13:4301 март

Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола

Хабарнигорони рӯзномаи «Хатлон», ки барои инъикоси ҷараёни интихобот ба шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ховалинг, Балҷувон, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Темурмалик сафар кардаанд, бо такя ба мушоҳидаҳои худ ва аз қавли нозирони интихоботӣ мегӯянд, ки ин маъракаи сиёсӣ бидуни тақаллуб ва сабти қонуншиканиҳо идома дорад.

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…
13:1228 феврал

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

Муҳаммадрасул ба он ҳад сарсупурдаи ақоид ва «идеология»-и ин гурӯҳи ҷангҷӯю ифротӣ шудааст, ки ҳатто бародарони худро ба созмони мамнӯи «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ҷалб кардааст. Додараш Баҳромжон, ки 19 сол дорад, низ бо «ҳидоят»-и ӯ ба узвияти иттиҳоди ҷиноятии террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» пазируфта шуд.