Дар як сатр
Марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик
10:0816 январ

Марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бешак, бузургу назаррас аст. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои ӯ дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ӯро ба як шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст.

Дӯст хуни ҷигарам мекунад
16:1315 январ

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Хабари ширкати Мухиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-и мамнӯъ эълоншуда дар конфронси «Ваҳдати исломӣ»-и давлати исломии Эрон ва боз дар паҳлӯи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуданашро шунида, сахт шигифтзада шудем. Мо дар ҳайрат мондем, давлати исломие, ки бо мо ҳамдину ҳамзабон аст ва ҳамеша лофи ёриву бародарӣ мезанад, чӣ гуна шахсеро, ки фаъолияти ҳизби ифротиаш тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» даъват мекунад?

Каждуми зери бӯрё
09:2014 январ

Каждуми зери бӯрё

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳури исломии Эрон аз замонҳои қадим муносибати дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад. Ин ду давлат, ки дар ҳама соҳаҳо- забон, миллат, урфу одат, арзишҳои илмию фарҳангӣ аз як реша сарчашма гирифта, ташаккул ёфтааст. Муносибати дӯстона мо дар тӯли асрҳо мустаҳкам буд ва мустаҳкам мемонад.

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…
14:3613 январ

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Хирадманде гуфта, ки «Одамон тағйир намеёбанд. Танҳо мо онҳоро беҳтар мешинохтагӣ мешавем». Дар асл, баъзан ба ҳайрат меоем, ки чаро рафтору гуфтору пиндори фалон дӯсте дигар шудааст. Чаро ғайриинтизор амале содир мекунад, ки ифодагари беэҳтиромию худбартарбинист? Шояд табиати он «дӯст» ҳамин аст?!

Пайрави Пешвои миллат бошем
10:3621 декабр

Пайрави Пешвои миллат бошем

Пешниҳоди интихобкунандагон натиҷаи шинохти воқеияти сиёсии кишвар аз ҷониби мардуми Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки мақом ва манзалати асосгузорони давлатҳои миллӣ ба мисли Пешвои миллат ва ё Падарон-асосгузорони давлатҳо дар таҷрибаи ҳуқуқӣ ва давлатдории кишварҳои мутамаддин собиқаи нек ва эътирофшудаи худро дорад. Эътирофи чунин фарзандони таърихӣ ва ҳимояи роҳ ва сиёсати созандаи онҳо мутобиқ ба табиати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоист.

Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист
12:0218 декабр

Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист

Сокинони тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба нишони дастгирӣ ва ҳамовозӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ҳамоишҳо ороста, дар суханрониҳо, шиору овезаҳояшон Эмомалӣ Раҳмонро нобиғаи замони муосир ва доҳии миллат мехонанд.

Фарзанди фарзонаи миллат
10:4618 декабр

Фарзанди фарзонаи миллат

Мо – ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 декабри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дод ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пазируфта шуд, рӯҳбаланд гашта, ин лоиҳаро санади муҳиму таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз маҳсуб медонем. Зеро Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хидматҳои мондагор кардааст.

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст
15:0413 декабр

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас, пешвои миллӣ будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.