Дар як сатр
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш
16:4628 январ

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Дар ҳавзаҳои интихоботии Қӯрғонтеппа-26 ва Вахш-32 бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИРТ) семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва комиссияҳои интихоботии ҷамоатҳо ширкат варзиданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем
06:4226 январ

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015 (қисми дуюми матн)
15:1324 январ

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015 (қисми дуюми матн)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015 (қисми дуюми матн)
Қисми аввали матни Паём ин ҷост: http://khatlon-ruznoma.tj/244-paemi-prezidenti-toikiston-emomal-ramon-ba-malisi-olii-umurii-toikiston-23-yanvari-soli-2015.html

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015
13:4623 январ

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид.

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ
12:0021 январ

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд. Вай дар ин вазифа Анвар Тағоймуродовро, ки низ номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатаи Қӯрғонтеппа-26 мебошад, иваз кард.

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам
14:0119 январ

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Вазъияте, ки имрӯз дар ҷомеаи башарӣ ба миён омадааст, аз инсонҳо ҳамкорӣ, гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, истифодаи дастовардҳои илмиву технологии тамоми инсоният ва арзишҳои беҳтарини умумибашариро тақозоменамояд. Дар шароити ҷаҳони муосир ин раванд суръат гирифта, таҳким ёфта истодааст. Дар ин росто, ба халқи тоҷик зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии хеш арзишҳои беҳтарини умумибашариро истифода намояд. Дар баробари ин, сират ва симои миллии худро нигоҳ дошта тавонад. Дар ҳалли ин проблема фарҳанг ва тамаддуни дини ислом низ метавонад аҳамияти хеле бузургро доро бошад.

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017
15:0916 январ

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон дар давраи солҳои 2015-2017 бо қарори Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, тасдиқ шуд. Барои иҷрои ин барнома, ки аз 6 қисм ва 63 зербанд иборат аст, дар се соли оянда 432 ҳазор сомонӣ ихтисос дода мешавад.

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвонии раиси ҲНИТ мувофиқанд
14:3814 январ

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвонии раиси ҲНИТ мувофиқанд

Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, дар ҷараёни нишасти матбуотиаш гуфт, ки ҷавонони Хатлон бо муҳтавои мактуби кушоди беш аз 8 ҳазор донишҷӯи донишгоҳҳои Хуҷанд ба унвонии раиси ҲНИТ мувофиқ буда, пешниҳодоти онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд.

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ
15:0210 январ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Ба иттилои Неъматулло Иброҳимов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҲХДТ ҳамчунин аз ҳавзаи Қумсангир-31 номзадии Мирзодавлат Сабуров, собиқ раиси ноҳияи Панҷ ва ҳоло сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро ба вакилии парлумони кишвар пешбарӣ кардааст.