Дар як сатр

Пешаи нодир

6-08-2018, 08:27

Дар қатори асбобу анҷом, ашёву олоти зарурии рӯзгор, ки ҳунармандони мардумӣ тайёр мекунанд, зини асп мавқеи махсус дорад. Зеро он аз қабили анҷомҳои душворсохтест, ки на ҳар усто аз уҳдааш мебарояд.

Сохтани зин аз ҳунарманд маҳорати хоса, сабру таҳаммули зиёд, бохабарӣ аз илми ҳисоб ва назари махсус ба интихоби ашёи зарурӣ, яъне дарахт ва пӯст доштанро талаб менамояд. Агар усто яке аз ҳамин сифатҳоро надошта бошад, меҳнати 2,5-3-моҳааш, ки барои сохтани як зин сарф мешавад, барабас меравад.

Бобои Саидхон Ҳабибов аз зумраи он устоҳои хушсалиқаву корозмуда ва дар пешаи касб муваффақ аст, ки дар зинсозӣ (ё зинтарошӣ) ном бароварда, соҳибобрӯ гардидааст. Ӯ  аслан, зодаи Раштонзамин мебошад. Солҳои 50-уми қарни гузашта баҳри рушди кишоварзӣ ва ободонии водии Вахш бо аҳли оила аз кӯҳистон муҳоҷир шуда, деҳаи Чорбоғи деҳоти «Иттифоқ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ҷойи зисти доимӣ ихтиёр намудааст.

Азбаски як давраи муайяни сохтори Шӯравӣ ба касбҳои мардумӣ чандон таваҷҷуҳ надоштанд, зинсозӣ ҳам ба номгӯйи корҳои хоҷагидорӣ дохил намешуд. Саидхони таҳамтан бо зӯри бозуи муқтадир аз субҳ то шом дар саҳро ба корҳои хоҷагӣ машғул буду  барои ба кунҷи фаромӯш нарафтани ҳунари бобоӣ  вақтҳои холигӣ, зиёдтар фасли зимистон, пешаи ин шуғл мекард. Доимӣ, ки фаъолият надошт, касе ҳам аз ҳунармандии ӯ бохабар набуд.

-Акнун,-хурсандона мегӯяд усто Саидхони 85-сола, - шукри соҳибистиқлолии давлат ва ба ҳунарҳои мардумӣ назари нек дош-тани фарзанди фарзонаи тоҷик-Пешвои миллат, роҳбари  дурандеш Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди ҳамагуна ҳунарҳои мардумӣ роҳ кушод. Айни замон, писару наберагон низ ба ҳунари аҷдодӣ шавқ доранду дасти расо. Устохонаи худро дорем. Маҳсулоти сохтаамонро озодона ба савдо мебарорем, аслан, барои  ба бозор баровардан ҳоҷат нест, мизоҷон зиёданду  худ назди мо омада бо андозаи аспашон мувофиқ зин мефармоянд.

Мӯйсафед мехост ҳарчи бештар дар бораи касбаш, ки дар гузашта пешаи авлодиашон будааст, муфассал нақл кунад,  ба ин хотир, аз мактаби таҷрибаи сулолаашон пурсон шудем.

-Минтақаи Рашт, ки он ҷо ба дунё омадам, - ба нақл оғоз кард усто, - аслан кӯҳсор аст, асп бошад, воситаи асосии хоҷагидорӣ. Асп ҳайвони саворӣ, боркаш ва чун соҳиби чандин ҳунарҳои дигар дар ҳаёти мардум нақши созгор дорад. Бинобар ҳамин, мардум нисбат ба асп таваҷҷуҳи хоса дорад, онро ба ин ё он ҷабҳаи фаъолият омода месозанд. Барои саворӣ алоҳида, барои боркашӣ алоҳида, барои пойгаҳ алоҳидаву барои човандозӣ (бузкашӣ) алоҳида. Дар суҳбатҳои хосу ом сухан бештар аз асп мерафт ё аз нафаре, ки аспи хуб дорад. Ба ҷисму ҷусса, ҳушёриву зӯру тавонаш нигоҳ карда, номҳои зебову васфкунанда мегузоштанд, баданашонро шуста,  ёлу думашро бомаҳорат шона мезаданд, танашро бо он молиш медоданд.  Барояш ҷаву коҳ, еми беҳтарин захира мекарданд, ҳангоми сафар албатта, дар хурҷин як миқдор ҷаву коҳ мегирифтанд. Вобаста ба корҳои иҷромекардааш асбобу афзоли шинами аз матоъҳои қимат зини зарринқошу бо пӯсти хуб кашидашуда, қамчини чармиву нуқракӯбшуда харидорӣ мекарданд.

Ҳангоми сайру саёҳат, ба меҳмонӣ рафтан, иштирок дар чорабиниву маъракаҳо аспдорон болои зин бовиқор нишаста, бо ҳавои даст «чуҳ, ҷонвар» гӯён, аспро қамчин мезаданд. Дар ин лаҳзаҳо асп маҳмеззанону йурғакунон, чорхез задаву дав мегирифт ёл афшондаву шиҳа мекашид, ки аз ҳамаи ин соҳибаш ифтихор дош-ту салобат. Дар пойгаҳу бузкашӣ аспи ғолибомада номи соҳибашро ба афлок мебардошт. Мавриди суҳбати чандвақтаи мардум қарор мегирифт, чусту чолокии аспу нигоҳубини афсонавии соҳибаш.

Ана, дар ҳамаи ин ҳолатҳо зин нақши калидӣ дошт. Тарзи бароҳат шиштани савору ҳаракати орому озодонаи асп аз зин вобас-та аст. Агар зин қадре нодуруст ва номувофиқ сохта шуда бошад, ё хурду калон барояд, асп ҷовур «маҷруҳ» шуданаш мумкин, ки дар ин ҳолат байни аспу соҳибаш «қаҳригӣ» ба миён меояд. Касеро наздик шудан намемонад. «Ана, барои ҳамин, фарзандони азиз,-нақлашро давом дод усто Саидхон,-на ҳар кас дар зинсозӣ муваффақ мешавад. Барои онро сохтан фикри тоза, назари дақиқ, дасти расо доштану интихоби мақбули ашёро фаҳм кардан мебояд. Бобоям Бурак, ки ин касбро аз бобояш омӯхта будааст, устои номии минтақа ба ҳисоб мерафт. Аспдорон нисбаташ ҳурмату эҳтироми зиёд доштанд, барои соҳиб шудан ба як зини сохтаи бобоям моҳу сол навбат мепоиданд. Чунин ҳурмату иззатро дида мани сари ақломада, дар ҳоле ки ҷавонон пайи ҳам барои дарёфти қути лоямут ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистон, ба корхонаҳои пахта муздурӣ мерафтанд, ба ҷое  нарафта, ин  касбро пеша кардам».

Аз суҳбати шавқовари усто Саидхон аён гардид, ки барои сохтани зин, асосан,  чӯбҳои дарахти чормағз ва бед коршояманд. Асбобҳои зарурии корӣ теша ва тешанова ба ҳисоб меравад. Махсусияту нозукияш дар он будааст, ки чун суроби зин тайёр шуд, онро ба об мепартоянд, ба муддати 2 моҳ он ҷо меистад, то ин ки равғанаш барояду зин бадошту хушсифат ояд ва накафад. Баъди аз об бардоштан каму костиашро ба танзим дароварда, ба он пусти ҷавонагови пешакӣ ошдодаву пухтакардашударо мекашанд, сипас зебу зинат медиҳанд, ки ба он боз 8-10 рӯзи дигар вақт мегузарад.

-Ана ҳамин тариқ, умрро сипарӣ кардем ва хизмате кардем ба мардум, ки шумораашон ба ёдам нест, лекин ҳар куҷое бинанд, бо ҳурмату сипосдорӣ ҳолпурсӣ мекунанд, роҳдуриҳо ягон ҳамқишлоқиро дида монанд, салому дуруди бепоён мефиристанд. Дар маъракаҳо ҳурмат мекунанд, бологузарам, аспдорон бошавқ аз зинҳои сохтаам нақл мекунанд, ки ҳамааш бароям хушоянданд. Ифтихор мекунам, ки касбе дорам зарурӣ ва аз рӯйи он рӯзгор пеш мебарам. Фарзандону наберагон низ баробари соҳибкасбу вазифадор буданашон, ин пешаи бобогиро чун шуғли авлодӣ пос доштаанд. Ҷавонони имрӯзаро дар суҳбатҳо таъкид месозам, ки дар кадом сатҳ мансабдор бошанд ҳам, ягон ҳунари аҷдодиро омӯзанд, ки он рӯзе ба кор меояд. Ба қавли бузургон:

Боҳунар ҳар ҷо равад, дасташ
даруни равған аст,
Беҳунар ҳар ҷо расад, рӯзаш
намози шом аст.

- гуфт дар фуроварди суҳбат усто Саидхон Ҳабибов.

Бо ҳунарманди хушсалиқа барои суҳбатҳояш ташаккур гуфта, ба роҳ баромадем. Хаёлан тасаввур мекардам, ҳар ҳунареро, ки мардуми соҳибтамаддуни мо доранд, ҳар яке болост аз дигаре, хоса барои нафаре, ки ба он шавқи беандоза дош-та бошад.

Исматуллои Гули Олим

Аксбардор М. Ашӯров

Шарҳи хонандагон +
What's up I am from Australia, this time I am viewing this cooking related video at this web page, I am truly glad and learning more from it. Thanks for sharing.
24 сентябр 2018 01:16
Asking questions are really good thing if you are not understanding anything totally, but this paragraph gives good understanding even.
24 сентябр 2018 03:02
That’s in fact a good movie stated within this piece of writing concerning how to write a post, thus i got clear idea from here.
24 сентябр 2018 03:17
buy levitra link onlinee pharmacycom top
buy levitra
levitra 10mg rezeptfrei kaufen
levitra prices
24 сентябр 2018 03:20
I constantly spent my half an hour to read this webpage’s articles every day along with a cup of coffee.
24 сентябр 2018 03:41
levitra 20 mg precious lord
buy levitra
levitra 10 mg tabletten
levitra generic
24 сентябр 2018 04:11
Your mode of telling the whole thing in this paragraph is really fastidious, all be able to without difficulty know it, Thanks a lot.
24 сентябр 2018 05:34
levitra 10mg review
levitra 20 mg
cheap generic levitra professional cheap
levitra online
24 сентябр 2018 05:37
There are also so many video uploading sites, and these as well give facility for distribution their video clips, except I think YouTube is the finest.
24 сентябр 2018 07:48
farmacia online espana cialis vs levitra
levitra prices
canada online pharmacy levitra
levitra coupon
24 сентябр 2018 07:50
Really it’s called Search engine optimization that when i search for this article I found this site at the top of all sites in search engine.
24 сентябр 2018 08:34
Hurrah, what a quality it is! Since mostly YouTube videos have no pleasant quality, but this is in fact a nice quality video.
24 сентябр 2018 09:06
Actually picture is the presentation of some one’s feelings; it offers the lesson to the people.
24 сентябр 2018 10:07
Hi to all, how is all, I think every one is getting more from this web site, and your views are good designed for new visitors.
24 сентябр 2018 10:11
best buy for levitra
levitra generic
100mg viagra vs 10mg levitra
vardenafil 20mg
24 сентябр 2018 10:35
viagra generic levitra viagra stl
levitra online
levitra 10 mg bucodispersable precio en farmacias
levitra 20 mg
24 сентябр 2018 11:05
Yes this YouTube video is much enhanced than previous one, this one has good picture quality as well as audio.
24 сентябр 2018 11:23
levitra 20mg information drug
levitra generic
levitra 20 mg online kaufen
levitra coupon
24 сентябр 2018 11:34
Yes this YouTube video is much superior than previous one, this one has pleasant picture feature as well as audio.
24 сентябр 2018 12:24
Hello to all, the YouTube record that is posted at at this place has in fact fastidious quality beside with good audio feature
24 сентябр 2018 12:36
Since the YouTube movies are posted at this place same like I also embed YouTube video code at my own web site, because it is straightforward to obtain embedded code.
24 сентябр 2018 13:42
0000015d.htm buy culturitalia.uibk.ac.at forumsli forumsli levitra
buy levitra online
ohad levitra omonoia 2016
levitra prices
24 сентябр 2018 16:04
Wow! It’s a good jQuery script; I was also seeking for that, therefore i got it right now from here. Keep it up admin of this site.
24 сентябр 2018 17:51
acquistare levitra generico online radio
buy levitra
levitra 20mg obat untuk ejakulasi dini adalah
levitra online
24 сентябр 2018 18:25
buy levitra online 24h
levitra generic
levitra price 92663
levitra coupon
24 сентябр 2018 18:55
dosis levitra 10 mg
buy levitra online
levitra vardenafil 20mg
buy levitra online
24 сентябр 2018 20:02
Hi there, all right brother there are certainly many blogging sites, but I suggest you to use Google’s free of charge blogging services.
24 сентябр 2018 20:07
levitra flavio 2014 super
levitra generic
levitra generico dr siminski
buy levitra online
24 сентябр 2018 20:44
Please upload new video tutorials related to cooking if you have, since I would like to learn more and more regarding all recipes of cooking.
24 сентябр 2018 21:15
I don’t waste my free time in watching video clips however I be fond of to read articles on net and obtain updated from newest technologies.
24 сентябр 2018 22:25

Матолиби дигар:

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
Ризқи ҳунарманд фаровон аст

Ризқи ҳунарманд фаровон аст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ