Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нафси бад - балои ҷон


Нафси бад - балои ҷон



Холбобоев Раҷабалӣ Кӯчарович, санаи таваллудаш 25 декабри соли 1965, сокини ноҳияи Темурмалик, Ҷамоати шаҳраки “Баҳманрўд”, оиладор соҳиби 6 фарзанд, ба ҳайси коргардони ҶСК “Тоҷиктелеком”-и минтақаи 3, қитъаи техникии ноҳияи Темурмалик фаъолият намуда, дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷиноят задааст.


4 марти соли 2022 ҳангоми мубодила намудани маблағи 200 доллари ИМА баробар ба 2260 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дар асоси санад гирифта шуда, 1 апрели соли 2022 дар асоси қарори Суди ноҳияи Темурмалик бо моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда шудааст.

Раҷабалӣ Холбобоев аз ин рафтори ғайриқонунии худ хулосаи даркорӣ набароварда, такроран, санаи 8 июли соли 2022 ҳангоми мубодила намудани маблағи 8000 ҳазор рубли русӣ ба 1 340 сомонӣ бо харидори шартӣ Давлатов Худоёр Гулмуродович, ин ҳолат аз ҷониби гурӯҳи кории прокуратураи ноҳияи Темурмалик ошкор гардида, маблағи 8000 ҳазор рубли русӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дар асоси санад гирифта шуд. Нисбати ӯ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Темурмалик бо моддаи 286 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд, муқаррар менамояд, оғоз ва тафтишоти пешакӣ бурда шудааст.

Санаи 6 сентябри соли сипаришуда парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарафи Суди ноҳияи Темурмалик баррасӣ гашта, Холбобоев Раҷабалӣ Кӯчарович бо моддаи 286 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба шаш ҳазору чорсад сомонӣ, таъин карда шудааст.

Варқаи Зайниддин,
ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода