Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба сокинони вилояти Хатлон


Муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба сокинони вилояти Хатлон




Ҳамдиёрони гиромӣ!

Аҳли заҳмати вилояти Хатлон, махсусан кишоварзони зарофар, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ғизоӣ, меҳнати садоқатмандона, саҳми муносибашон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат шуҳратёр гаштаанд. Бо маҳсулоти тару тозаи хӯрокворӣ таъмин намудани 58 фоизи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти пурмаҳсул ва нусратовари марди деҳқони Хатлонзамин далолат медиҳад.

Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки бисёре аз кишварҳоро бо хатари буҳрони озуқа рӯ ба рӯ кардааст, боиси коҳиши ҳаҷми истеҳсолот, камчинии маводи ғизоӣ, болоравии чашмраси нархи маҳсулоти хӯрокворӣ гардида, тайи се соли охир дастрасии миллионҳо нафар дар ҷаҳон ба анвои зиёди маҳсулоти ғизоӣ маҳдудтар шудааст.
 
Бинобар ин, аз кулли сокинони вилоят даъват мекунем, ки ба масъалаи захираи маводи озуқа ва истифодаи сабарабахши обу замини киштбоб эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро тибқи ояндабинии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти охирини худ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, ки чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.

Пешвои муаззами миллат таъкиди асоснок намудаанд, ки бо истифода аз мавсими фаровонӣ, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.

Бо дарназардошти ин, ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон тавсия медиҳем, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаро самарабахш истифода намоянд ва ҷиҳати рӯёнидани се-чор ҳосил аз як замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ кунанд. Ҳамзамон, кадбонуҳои пурҳунари мо метавонанд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз маҳсулоти мевагию сабзавот консерваҳо тайёр карда, ғалладонагиҳоро захира намоянд.

Даъват мекунем, ки дар самти корбарии босамар бо замин, истифода аз тухмиҳои серҳосил, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёди боғу токзорҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва бо ин васила зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоед.

Дар шароити ҳассоси имрӯза на фақат кишоварзону боғдорон, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи оқилонаи заминҳо, вусъати ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ бояд саҳмгузор бошанд. Зеро, тавре ки Сарвари мамлакат таъкид кардаанд, мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.
Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ҳамеша анъанаҳои неки ниёгонамонро дар ҷодаи меҳнати босубот ва бунёдкориву созандагӣ ҳифз намуда, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид барои рушди Ватани азизамон саҳми хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Инчунин, мутмаинем, ки мардуми сарбаланди Хатлонзамин ба тозагии муҳити зист бетараф набуда, дар ободонии манзил ва маҳалли худ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми босазо гузошта, шароити арзандаи зиндагиро барои худ ва аҳли оилаашон муҳайё месозанд.

Муроҷиатнома дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, 23 июни соли 2022 қабул шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода