Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Даври якуму дувуми озмун доир шуд. Ғолибон кай қадрдонӣ мешаванд?


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Даври якуму дувуми озмун доир шуд. Ғолибон кай қадрдонӣ мешаванд?



Нигмонов Умедҷон, хонандаи синфи 10-и литсейи давлатии “Ориёно”–и шаҳри Бохтар буда, барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” давоми чанд соли охир омодагии ҷиддӣ дида, имсол дар даврҳои якум ва дуюми озмуни мазкур донишу маҳорати худро санҷид. Ӯ мегӯяд, ки даврҳои якуму дуюми озмун шаффоф ва аз рӯйи талаботу низомнома баргузор гардид. «Дар даври шаҳрии озмун тавонистам, ки аз тарафи аъзои ҳакамон баҳои баландро соҳиб гашта, ғолибият ва роҳхат ба даври вилоятиро ба даст орам. Масъулин гуфтанд, ки бо муайян шудани рӯзу соати қадрдонии ғолибон ҳамаи нафароне, ки роҳхат гирифтаанд, аз тарафи мақомоти маҳаллӣ бо мукофот қадр карда хоҳанд шуд»,-и афзуд У. Нигманов.

Тибқи иттилои масъулин, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 71 нафар ғолиб омада, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, имрӯз омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Барои баргузории озмун ва ҳавасмандгардонии ғолибон, дар асоси қарори раиси шаҳри Бохтар, 160 ҳазору 160 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Барои гузаронидани озмуни номбурда дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, № АП-330 раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарорҳои худро ба тасвиб расонидаанд. Дар қарори мазкур ташкилоту муассиса, шахсони масъул, вақту соат ва ҳаҷми мукофотпулии ғолибони озмун дақиқан дарҷ гардидааст. Масалан, қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 19–уми апрели соли 2023 таҳти №182 ба тасвиб расида, дар он барои гузаронидани озмун масъ-ёулини шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр, бойгонӣ – матбуотӣ, фарҳанг, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷамоатҳои деҳот, Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб ва дигар муассисаҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб вобаста карда шудаанд. 
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ғолибон дар даври шаҳрӣ иштирок карда, донишу маҳораташонро нишон дода, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадрдонии ғолибони даврҳои якум (мактабӣ), дуюм (шаҳрӣ/ноҳиявӣ) ва сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мақомоти маҳаллӣ вазифадор карда шудаанд. Ғолибони даври ҷумҳуриявӣ бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди мукофотонӣ қарор дода хоҳанд шуд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳру ноҳия барои баргузории озмун ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрӣ/ноҳиявӣ маблағи муайян ҷудо кардаанд. Вале, ҳар шаҳру ноҳия дар ҳаҷмҳои гуногун маблағ ҷудо кардаанд. Аз он ҷумла, тибқи қарор дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 119 ҳазору 500 сомонӣ, Носири Хусрав 22 ҳазор сомонӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 37 ҳазору 800 сомонӣ, Шамсиддин Шоҳин 13 ҳазор сомонӣ, Восеъ 16 ҳазор сомонӣ, Левакант 13 ҳазору 200 сомонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 41 ҳазору 700 сомонӣ, Ёвон 140 ҳазору 61 сомонӣ, Хуросон 25 ҳазору 700 сомонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ 160 ҳазору 800 сомонӣ ва амсоли ин дигар шаҳру ноҳияҳо низ маблағ пешбинӣ кардаанд. 

Коршинос Фотима Ғаффорова изҳор намуд, ки ба роҳ мондани мукофотпулӣ барои ғолибони озмун дар ҷалби бештари довталабон барои ширкат дар озмун мусоидат менамояд. Бояд ғолибони озмунҳо мутмаин бошанд, ки дар вақти муайянгардида аз тарафи масъулин қадрдонӣ карда мешаванд. 

Ба иттилои масъулини баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳолати 17-уми июли соли 2023 даври дуюми озмун дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд. Аммо ҳоло ғолибони даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда нашудаанд.

Алишер Ҳакимов, сокини ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо мо гуфт: “Бо эълони мукофоти” пулии озмун ман ва завҷаам қувваи асосиамонро ба омӯзишу омодагии фарзандон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бахшидем. Умед кардем, ки бо ғолиб омадани фарзандонамон мукофотпулӣ ба даст меорем ва дар пешбурди рӯзгор истифода мекунем. Ҳамин тавр низ шуд. Яъне, соли гузашта духтарчаи 14-солаамон дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолибият ба даст овард. 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сатҳи ҷумҳурӣ, 5 ҳазор сомонӣ аз ноҳия ва 3 ҳазор сомонӣ аз вилоят қадрдонӣ карда шуд, ки дар умум беш аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ ба мо расид. Ҳоло бошад, 3 нафар фарзандони дигарамонро тайёр карда истодаем ва духтари калонӣ, ки ҳоло дар синфи 10 мехонад, ба озмуни “Тоҷикон“- оинаи таърихи миллат”, духтарчаи дуюмам ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва писарчаи 9-солаам ба озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” омодагӣ дида истодаанд. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, зеро ба воситаи озмунҳои мазкур фарзандонамон босавод мешаванду вазъи иқтисодиамон низ беҳтар мегардад. Зимни кумак кардан ба фарзандон мо- падару модар низ ба китобу омӯзиш рӯ овардаем”.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ аз рӯйи шаш номинатсия миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода