Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фестивал-намоиши чорвои зотӣ дар Данғара


Фестивал-намоиши чорвои зотӣ дар Данғара



Дар ҶДДМ «Бозори Каёнуш»-и ноҳияи Данғара «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» бо иштироки васеи хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз тарафи ҳоҷагиҳои зотпарварӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) зиёда аз 80 сар чорвои калони шохдор, 500 сар чорвои майдаи шохдор, 10 сар аспи хушзот, 2 тонна моҳӣ, 1000 дона тухми мурғ ва аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва зотпарварӣ ва бордоркунии сунъӣ намунаи маҳсулот ва дастурамалҳо барои парваришу нигоҳдошти зоти чорво ва маҳсулоти ширии корхонаю коргоҳҳои коркарди маҳсулоти шири ноҳияи Данғара, пешниҳоди намоиш карда шуд.

Муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода қайд кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имкониятҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ хеле зиёд аст. Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидории мазкур барои зиёд кардани саршумор эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ чорводорони ноҳияи Ёвон бо Дипломи дараҷаи 1, чорводорони ноҳияи Темурмалик бо Дипломи дараҷаи 2 ва чорводорони шаҳри Кӯлоб бо Дипломи дараҷаи 3 ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.

Инчунин, ба як қатор хоҷагиҳои зотпарварӣ ва соҳибкорон барои пешниҳоди беҳтарин зоти чорвои калони шохдор, моли майда, зотҳои аспи беҳтарин ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва харгӯшпарварӣ Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода