Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар СММ дастгирӣ ёфт


Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар СММ дастгирӣ ёфт



-14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум Қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар, ки аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода