Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ташрифи меҳмонони узбекистонӣ ба Кӯлоб


Ташрифи меҳмонони узбекистонӣ ба Кӯлоб



Ҳайати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Эркин Муҳитдинов ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Тавре ки аз бахши матбуотии шаҳрдории Кӯлоб иттилоъ доданд, меҳмонон Оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид намуданд. Баъдан, бо ҳузури ҳайати меҳмонони Узбекистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода баргузор гардид.

Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии техникии Литсейи касбӣтехникии сохтмонии Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб боздид намуда, бо шароити таҳсилу ҳунаромӯзӣ дар ин муассиса аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт.

www. khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода