Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вусъати корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нав


Вусъати корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нав



Дар Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб сохтмони корхонаи парандапарварӣ идома дорад. Корхонаи мазкур барои парвариши мурғи гӯштӣ бунёд гардида истодааст.

Айни замон сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як бинои корхона барои парвариши 12 ҳазор сар чӯҷаи гӯштӣ ба анҷом расида, дар бинои дуюм корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар сурати ба пуррагӣ ба итмом расонидани сохтмони корхона иқтидори солонаи истеҳсолии он 500 тонна гӯшти паранда хоҳад буд. Ҳамзамон зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсоли корхона барои таъмини бозорҳои шаҳри Кӯлоб равона карда мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода