Дар як сатр
» » Қотилони рӯзноманигор Шарифамоҳи Кишвардухт киҳо буданд?

Қотилони рӯзноманигор Шарифамоҳи Кишвардухт киҳо буданд?

10-07-2018, 09:56

«Решаҳои ноайён»-ро тариқи телевизиони «Тоҷикистон» тамошо кардаму беихтиёр боз лаҳзаҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарам омад. Фоҷиаҳои даҳшатбору талхӣ миллату ватани азизи мо. Саид Қиёмиддини Ғозӣ имрӯз аз кору кирдор ва аъмоли нангини хеш ва хоҷагони хориҷиаш қисса мекунад ва иқрор мешавад, ки ин ҳама кирдорҳои разилонаро бо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии хеш кардааст. Онҳо мехостаанд, ки теша ба решаи миллат зананду Тоҷикистони соҳибистиқлолу мардуми шарафманди кишварро ба нестӣ баранд. Худоё, худсафедкуниҳои ин гуна ашхосро мебинаму қалбамро дарди фироқи шаҳидони бегуноҳи ҷанги шаҳрвандӣ фишор медиҳад. Пеши назар чеҳраи гарму гесувони дарози Шарифамоҳи Кишвардухт ҳувайдо мегардад. Шарифамоҳи рӯзноманигор, оқила, ширингуфтору маҳфилоро, донишманду поксиришт, ки яке аз ҳазорон шаҳидони ҷанги бародаркуш, ҷанге, ки Қиёмиддини Ғозӣ  ва ҳаммаслаконаш бар ивази маблағҳои пуштибонони хориҷии наҳзатиён оғоз карданд, гардида буд.

Мардуми ба доми тазвир афтидаро гумроҳ намуда, ба майдони Шаҳидон кашиданд. Ҳамон айём банда дар рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» фаъолият доштам.  Мардуми ба майдон ҷамъомада, аз гаронии нарху наво шиква мекарданд, вале намедонистанд, ки зери ин парда чӣ асроре ниҳон аст. Онҳо фикр мекарданд, ки Қиёмиддини Ғозӣ ва Абдуллоҳи Нурӣ пуштибонӣ аз халқ доранд, аммо дар асл  ин ҳомиёни ба қавли хеш дини мубини ислом ва дар асл душманони ислом, бар ивази ин майдоннишастагон  маблағҳои зиёдеро аз хоҷагони хориҷии худ гирифтаанд. Халқи гумроҳ ҳар як сухани онҳоро фаҳмидаю нафаҳмида ҷонибдорӣ мекард. Ҳадафи намояндагони Ҳизби наҳзати ислом сарнагун сохтани давлати қонунӣ буду мансабталошиву ҳарчи бештар ҷамъ овардани сарвати беранҷу заҳмат. Шарифамоҳи Кишвардухтро хуб дар хотир дорам. Он айём мисли дигар рӯзноманигорони нашрияи вилоятӣ амсоли мӯй дар оташ ба худ мепечиду мегуфт: «Ин ҳама кирдорҳои  роҳбарони майдони Шаҳидон нобахшиданист». Аз касе ҳарос надошт Шарифамоҳ, рӯйи рост сухан мегуфт. Таъкид мекард, ки Қиёмиддину Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар ҳаммаслаконашон барои беҳбудии мардум талош надоранд. Онҳоро ҳарисии сарват  ва мансабталошӣ ба ин ҷода равон намудааст. Тавре ки худи Қиёмиддини Ғозӣ дар суҳбати телевизионӣ иқрор гашт. Шарифамоҳи Кишвардӯхт, ки инсони воқеъабин буд, хурофоту ҷаҳолатпарастии ин гуна ашхосро чашми дидан надошт. Ӯ инсони асил буду ҳушманд ва қаламаш пайваста созанда буд, на сӯзанда. Дар яке аз сомонаҳо доир ба рӯзноманигорони шаҳид, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳодат расидаанд, хабареро нисбати Шарифамоҳи Кишвардухт хондам, ки гӯё Шарифамоҳро аъзои Фронти халқӣ ба шаҳодат расонида бошанд. Гумон мекунам, ки сарчашмаи ин хабари бардурӯғ низ ҳамон қотилони наҳзатӣ ҳастанд, ки амалҳои нопоку зишти ғайриинсонии худро рӯпӯш карданӣ мешаванд.

Шарифамоҳи Кишвардухтро 22 сентябри соли 1992 бегоҳӣ, яъне вақти шом, ҳамроҳи ягона фарзанд, нури дидааш Дилшоди 16-сола аз хонаи иқоматиаш воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) бурдаанд.  Тавре ки Фирӯза хоҳари Шарифамоҳ зимни суҳбат 25 июни соли 2018 иброз дошт, бегоҳии 22 сентябри соли 1992 Шарифамоҳро ҳамроҳи фарзандаш Дилшод силоҳбадастон бурдаанд. Ҳамон айёме ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва аксар мавзеъҳои ноҳияи Бохтар (ҳозира Кӯшониён) танҳо қувваҳои мухолифин фармофармоӣ доштанд. Ва дар ҳар гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳо қатлгоҳҳои даҳшатзо ташкил карда буданд. Шарифамоҳ низ тавре ки хоҳараш Фирӯза ёдовар гашт, хӯроки шом омода намуда, тараддуди хӯрокхӯрӣ  доштанд. Вақте ки занги дар баланд мешавад, бехабар аз Шарифамоҳ Дилшод дарро мекушояд. Ду нафар бо ришҳои дароз ӯро гирифта мебаранд. Садои очагӯии писарашро шунида Шарифамоҳ низ, аз қафои ӯ мебарояд, то ин ки ҷигарбандашро аз дасти ин даррандагон наҷот диҳад. Вале онҳо модару писарро якҷоя мебаранд…

«Хеҷ вақт ин ваҳшиёнро набахшед»-ин буд охирин сухани Шарифамоҳ, ки дар даҳ-лези бинои баландошёна ҳамсоягон, бошандагони ин маҳалли иқоматӣ шуниданд. Вале нафаре ҷуръат накард дар он айём сари роҳи ин разилони одамкуши ваҳшитинат шаванд. Он шоми 22 сентябри соли 1992 касе дигар нашунид садои ин рӯзноманигори ҳақиқатҷӯю ҳақиқатгӯю натарсро, модари қавииродаи матинро, ки  чун Гурдофариди таърихӣ худро  ба доми аждари бераҳму шафқат ва ақлбохтаю ватанфурӯхтаи наҳзатӣ зад. Он яроқдорони ҳайвонтабиат чи хеле ки шогирдони парваридаашон имрӯз на ба кӯдак, на ба бузург, на ба хоҳару модари Сурия раҳм накарданд, ҳазорон кӯдакону модаронро сар буриданд, шаҳрҳоро вайрону валангор намуданд, на танҳо қалби пурмуҳаббати беолоиши модарро надиданд, дарк накарданд, балки бо сад шиканҷаву азият Шарифамоҳу фарзанди ягонаашро ба қатл расониданд.

Модару падари Шарифамоҳ ва пайвандонаш барои ин фарзанди ҷавонмаргу набераи ноболиғашон ҳанӯз гиряву ноларо қатъ накарда санаи 26 сетябри соли 1992 (Озода, хоҳари Шарифамоҳ бо дидаи гирён ин ҳодисаро 25 июни соли 2018 нақл кард), гурӯҳҳои мухолифин аз маҳаллаи Ломоносов (ҳозира «Хатлон»-и шаҳри Бохтар) беш аз 300 нафар ҷавонмардонро бо яроқу зӯрӣ аз хонаҳояшон берун оварда, ба автомашинаи камаз ва автобус савор намуданд. Инчунин бо дашномҳои қабеҳ, лату  кӯб, зери яроқ  ҳамон лаҳза ду бародари Шарифамоҳ-Гулмурод ва Фурқатро низ дастгир карда буданд. Падари Шарифамоҳ бобои Кишвар бо ашку алам аз яроқбадастон илтиҷову зорӣ ва тавалло менамуд, ки фарзандонашро раҳо намоянд, «Онҳо гуноҳе надоранд, ҳанӯз чор рӯз пеш духтару набераашро қотилон бурда, ба қатл расонида буданд. Аммо «яроқбадастон мӯйсафедро сарзаниш мекунанд, ки занро чиву журналист шуда кор карданаш чӣ! Ниҳоят, бо зориву тавалло писари хурдиаш Фурқатро, ки хеле ҷавон буд, аз он мошин фароварда ба хона мебарад. Дигаронро ба назди бинои собиқ Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, паҳлуи «Кохи Ватан», меоранд. Гулмурод ва як нафар ҷавони дигарро ҳамон лаҳза гирифта, таъкид мекунанд, ки назди апаи журналисташ баред, яъне ба қатл расонед. Ва қотилони Шарифамоҳ будани қувваҳои мухолифин аллакай ҳамон лаҳза муайян гардида буд.

Зеро онҳо наҳзатиҳои бедину одамсуратони ваҳшисиришт буданд, ки супоришҳои Қиёмиддини Ғозӣ барин  хоинони миллату ватанро иҷро менамуданд. Аз ин ҷо бори дигар равшану возеҳ кӣ будани қотилони Шарифамоҳи Кишвардухт айён мегардад.  Онҳо аъзои ҲНИТ буданд. Гулмурод ва ҳампаҳлуи ӯро ҳамон лаҳза бурда бо чашмони баста мепарронанд. Гурӯҳи боқимондаи беш аз 300-нафараро рӯзи дигар ба қатл мерасонанд, ки аз ҳар як  хонадони маҳаллаи Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) то 2-3 нафарӣ буданд. Имрӯз ному насаби ҳамаи онҳо дар лавҳаи муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, воқеъ дар маҳаллаи Хатлон, ҳаккокӣ гардидааст. Гумон мекунам, ки насли ҷавон ҳангоме ки аз ин лавҳаи ёдгорӣ дидан менамоянд, аз он шаҳидони ҷавонмарг, ки дар роҳи бунёди сохти давлати Конститутсионӣ ҷон бохтаанд, ёд менамоянд.

Ёди он лаҳзаҳои пурдаҳшат намак пошидан ба ҷароҳати қалби модарону падарон, хоҳарону бародарон ва фарзандони ятимгаштаи вақт нест. Бахусус ёди он айём бояд ҳамагон-хурду бузургро ҳушдор созад, то ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Имрӯз шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти ватани азиз намоем, ки бо азму талошҳо ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои неку хуҷаста расидаем. Душманони миллат ба мақсади нопоки хеш нарасиданд. Орзую омоли Шарифамоҳи Кишвардухт ва ҳазорон шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ расидан ба имрӯз - рӯзгори осудаю обод, ваҳдату амнияти ватани биҳиштосои мо - Тоҷикистони азиз буд, ва он орзуҳо амалӣ гардид.  Ватани  азизи мо ободу Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон соҳибэҳтиром гашт. Иқдомҳои созандаву инсонпарваронаи Роҳбари давлат дар арсаи  байналмилал дастгирӣ ёфт, ҳамагон зери осмони софу беғубор рӯзгори осуда ба сар доранд. Пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе чун нигини дурахшоне гашт. Кишвари зебоманзари мо бо ободкориву азму талошҳои Роҳбари давлат қомат рост намуда, имрӯз диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд. Тамоми шаҳру навоҳии вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз самари Ваҳдати миллӣ ҷилои дигар ёфтаанд. Ҳамагон зери сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат кору пайкор доранд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз чун гавҳараки чашм азизу муқаддас донистани Ваҳдати миллӣ, амияти ватани биҳиштосоямон мебошад. Муҳим аз ҳама, ҷавонон бояд бо омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар саҳми хешро  дар ободонӣ ва рушду тараққии ватан гузоранд. Чунки, ояндаи ин ватани ободу зебо дар дасти худи мост ва фаромӯш насозем, ки танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мо  метавонем рӯзгори неку осуда дошта бошем. Зеро:

Нест ҷуз қомуси миллат дар раҳи
ҳастии мо,
Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо.

А. Сафарова,
«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +
mezavant generico do viagra
cost of viagra
viagra tablets price in lahore pakistan hotels
viagra generic
17 сентябр 2018 06:15
There are also so many video uploading blogs, and these also give facility for sharing their videos, but I think YouTube is the finest.
17 сентябр 2018 06:30
Hello I am from Australia, this time I am viewing this cooking related video at this website, I am genuinely glad and learning more from it. Thanks for sharing.
17 сентябр 2018 08:26
pilule cycleane 20 generique viagra
viagra online
viagra super force generic pharmacy
viagra 100mg
17 сентябр 2018 11:22
levitra 20 mg efectos secundarios
generic levitra
quel est le meilleur viagra cialis ou levitra generic
levitra 20mg
22 сентябр 2018 13:14
Hello dear, are you enjoying with this comical YouTube video? Hmmm, that’s nice, I am as well watching this YouTube comic video at the moment.
22 сентябр 2018 17:23
Peculiar article, just what I wanted to find.
22 сентябр 2018 19:45
buy levitra 20mg online
levitra coupon
50mg in levitra line ordering usa
generic levitra
22 сентябр 2018 19:56
Wonderful, what a web site it is! This blog presents valuable information to us, keep it up.
22 сентябр 2018 22:07
Hi Jackson, if you are a new web user then you have to pay a visit daily this web page and read the updated content at here.
22 сентябр 2018 22:10
levitra online singapore radio
vardenafil 20mg
acquistare levitra generico online shopping
buy levitra
22 сентябр 2018 22:12
I don’t waste my free time in watching movies but I like to read content on net and take updated from hottest technologies.
22 сентябр 2018 22:42
parole nila levitra online
vardenafil 20mg
levitra 10 mg filmtabletten wirkung viagra
buy levitra online
23 сентябр 2018 00:06
generic versions of levitra from canada
generic levitra
levitra 10 mg bucodispersable precious lord
levitra 20 mg
23 сентябр 2018 00:28
One other method in favor of promoting your blog is posting comments on different directories with your blog link.
23 сентябр 2018 01:25
I am in fact thankful to the owner of this site who has shared this fantastic piece of writing at at this time.
23 сентябр 2018 02:27
What's up colleagues, I am again at this place, and reading this article related to Search engine optimization, its also a pleasant post, so keep it up.
23 сентябр 2018 02:29
levitra 10mg best to take
levitra coupon
levitra 20 mg se puede tomar con alcohol curo
buy levitra online
23 сентябр 2018 03:35
Asking questions are genuinely nice thing if you are not understanding something completely, but this article presents good understanding even.
23 сентябр 2018 03:39
Piece of writing writing is also a fun, if you know after that you can write if not it is complicated to write.
23 сентябр 2018 04:48
Quality articles or reviews is the important to attract the people to visit the web site, that’s what this site is providing.
23 сентябр 2018 05:09
pengalaman levitra prices
vardenafil 20mg
viagra cialis ou levitra 20
vardenafil 20mg
23 сентябр 2018 05:21
cheap eteamz.active.com levitra link online valtrex
generic levitra
buy generic levitra without prescription
vardenafil 20mg
23 сентябр 2018 06:29
It’s my first pay a visit to this site, and I am really amazed to see such a pleasant feature YouTube video posted at this place.
23 сентябр 2018 07:07
buy levitra at a discount
levitra generic
archive html info levitra online personal remember
levitra coupon
23 сентябр 2018 07:21
Incredible quest there. What happened after? Good luck!
23 сентябр 2018 08:10
levitra 20 mg generic
levitra coupon
buy levitra 60 mg
buy levitra online
23 сентябр 2018 08:26
wiki levitra 20
levitra coupon
levitra 200 mg nedir
levitra 20 mg
23 сентябр 2018 09:04

Матолиби дигар:

Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Сиёсат

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ