Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » FOЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ


FOЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ


Кормандони шуъбаи маорифи шаҳр ба комёбиҳои беназир муваффақ гардиданд. Шаҳноза Пирова, омӯзгори МТМУ №3, аз рӯи номинатсияи шоирӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. 

Хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, хонандагон Алия Қурбонова, аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5, Фархунда Абдуллоева (Гимназияи давлатии №1) ва Саидакбар Саидзода, аз МТМУ №1, аз фанҳои русӣ, забонҳои хориҷӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ ҷойҳои сеюмро касб намуданд ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

З. Ҳусейнов 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода