Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Мансурҷон дар Қирғизистон Парчами Ватанро баланд бардошт


Мансурҷон дар Қирғизистон Парчами Ватанро баланд бардошт



Қаҳрамони маводи мо ҷасур, паҳлавон ва як ҷавони хушсурату хушахлоқу ширинсухан, шиори ӯ дар зиндагӣ “Хизмат ба Ватан” буд. Ӯ ҳамеша бо Ватан буд ва бо Ватан содиқ монд. Ӯ ҷавонест, ки зиндагиномаи пур аз дарду аламро дорад. Ҳамагӣ 22 сол умр дид ва қаҳрамонвор дар роҳи ҳимояи Ватан шаҳид шуд.

Мансурҷон Қаюмов 8 декабри соли 1999 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик дар оилаи низомӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Мансур ном гирифтани ӯ таърихи аҷоиб дорад. Бобояш амаки Абдусалом ва бибиаш холаи Раъно ду писар - Мансурҷон ва Мақсадҷон доштанд. Мансурҷон аз пайи роҳи падар рафту афсари Ватан гардид ва санаи 22-юми апрели соли 1998 дар синни 22-солагӣ ва тағояш Олимҷон дар синни 24-солагӣ аз тири душман ба шаҳодат расидаанд.

8-уми декабри соли 1999 амаки Абдусалом наберадор шуд ва ба хотири фарзанди шаҳидаш ӯро Мансурҷон ном гузошт, то ҷойи писари гумкардаашро пур кунад. Мансурҷон бо орзуҳои ширин ба воя расид, ӯ ҳам дар синни 22-солагӣ аз тири душмани ғаддор - қирғизи палид қаҳрамонона шаҳид шуд.

Баъди хатми мактаби миёна ба Академияи миллии Қазоқистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намуд. Фаъолияти хизматии худро аз қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афсар оғоз кард. Ӯ то ба дараҷаи лейтенантӣ расид.

Баъди гирифтани диплом бо ҳазор орзуву ҳавас оиладор шуд. Як рӯз пеш аз ҳамлаи ноҷавонмардонаи қирғиз соҳиби як писарбачаи нозанин гардид. Мансурҷон ӯро бӯсиду аз таваллудхона ба хонаашон овард. Ин аввалин ва охирин дидори ӯ бо писараш буд. Номи ӯро Исмоил гузоштанд. Номи таърихӣ. Номе, ки дар атрофи ӯ қиссаҳо зиёданд. Агар Иброҳими Халил фарзандаш Исмоилро барои қурбонӣ кардан бурдааст, аммо дар ин ҷо ҳодиса баръакс рух дод, яъне падар қурбонӣ шуд.

Ҳоло модари Исмоил бо аз даст додани шавҳар месӯзаду барои нишоне аз ӯ доштанаш шукр мекунад.

Ҳангоми таҳсил ва фаъолият дар як қатор мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, бо ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами кишварро борҳо баланд бардоштааст.

Ӯ ҳатто дар Қирғизистон ҳам Парчами Ватанро баланд бардошт. Соли 2017 дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Кочкор Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар як мусобиқаи варзишӣ иштирок намуда, бо медали тилло ва ишғол намудани ҷойи аввал ба Ватан баргашт.

Ҷ. Рустамшоҳ , "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода