Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷоми ФФ Т: «Хатлон»-у «Ҳосилот» мубориза мебаранд


Ҷоми ФФ Т: «Хатлон»-у «Ҳосилот» мубориза мебаранд



Рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Данғара бозии ниҳоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2022 дар вилояти Хатлон байни дастаҳои ғолиби минтақаи Бохтар «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва ғолиби минтақаи Кӯлоб «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баргузор мешавад, - иттилоъ дод дафтари матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон.

Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар вилояти Хатлон аз минтақаи Бохтари вилояи Хатлон 6 даста - “Хатлон”-и Бохтар, “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Арал”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Пахтакор”-и Қубодиён, “Кӯшон”-и Кӯшониён ва “Ҷиликул”-и Дӯстӣ ва аз минтақаи Кӯлоб 4 даста – “Равшан”-и Кӯлоб, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ, “Ҳулбук”-и Восеъ, “Ҳосилот”-и Фархор ширкат намуданд. Дар натиҷа ду даста – “Хатлон” ва “Ҳосилот” ба даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Ф. Давлат , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода