Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Иҷрои барзиёди дурнамои пахта дар Данғара


Иҷрои барзиёди дурнамои пахта дар Данғара



Пахтакорони зафарпешаи ноҳияи Данғара бо сари баланд аз иҷрои нақшаи пахта мужда расонда, аз майдони 4 ҳазору 850 гектар ба ҷойи 10 ҳазору 978 тонна беш аз 11 ҳазор тонна пахтаи аълосифат чамъоварӣ намуда, онро ба бузургта-рин корхонаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Данғара синсилу Текстил» супурданд.

Корхона  ҳар  як  тонна  пахтаи бо заҳмати зиёд чидаи хоҷагиҳои пахтакорро  бо  нархи  10  ҳазор сомонӣ  мехарад.  Ҳосилнокӣ  аз ҳар гектар ба 22,5 сентнер расид. 

Дар  ин  дастовардҳои  баланди меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  кооперативҳои  истеҳсолии «Раҳмонҷон»,  «Сомонҷон», «Муҳсинҷон»,  ҷамоатҳои  деҳоти «Сангтӯда»,  «Оқсу»,  «Корез», «Исмат  Шарифов»  ва  «Лолазор» назаррас мебошад.

Имрӯзҳо  дар  қитъаҳои  пахта 300 хоҷагии пахтакор ва зиёда аз 4 ҳазор чинакчӣ баҳри иҷрои барзиёди уҳдадориҳо талош доранд. 

Деҳқонон аз рӯзҳои офтобии фасли  тирамоҳ  самаранок  истифо-да  бурда,  ҳамарӯза  ба  нуқтаҳои қабул аз 100 то 150 тонна пахтаи хушсифат  месупоранд.  Ба  ҳар  кило  пахтаи  чидашуда  ба  чинак-чиён  аз  1  то  1,5  сомонӣ  музди меҳнат медиҳанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода