Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кадом корхонаҳо аз барқ қарздоранд?


Кадом корхонаҳо аз барқ қарздоранд?



Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳаққи истифодабарии неруи барқ дар ноҳияи Ёвон ба 54,2 миллион сомонӣ расидааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қарздорӣ асосан аз ҳисоби  корхонаҳои   ҶСК “Тоҷикхимпром” 32,5 миллион сомонӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 17,6 миллион сомонӣ, “Хима-Текс-тил” 1 миллиону 73 ҳазор сомонӣ,  аҳолӣ 3,3 миллион сомонӣ, корхонаи обу канализатсия 427,5 ҳазор сомонӣ, корхонаи истеҳсолию сохтмонии оби нӯшокии деҳот 134 ҳазор сомонӣ ба миён омадааст, ин рақам зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ёвон баён гардид.


Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон, чунин гуфт: “Аз 44 корхонаи саноатии мавҷуда, давоми шаш моҳ 27-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ фаъолияткунанда, ба сабабҳои гуногун 8 корхонаву коргоҳ фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд”.

Дар мавриди роҳсозӣ ва таъмини он, ба гуфтаи ӯ, роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосон солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шудаанд, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст ва ба таъмир ниёз доранд. Ҳамчунин, 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба таъмири куллӣ ниёз доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар ноҳия 31685 тонна ғалла, 10955 тонна картошка, 26525 тонна сабзавот, 4995,8 тонна полезӣ, 22871 тонна хӯроки чорво, 3449,1 тонна мева истеҳсол гардидааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 4420 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки ин 98,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
 
Ф. ДАВЛАТ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода