Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хуросониҳо дастоварди хешро ба Душанбе оварданд


Хуросониҳо дастоварди хешро ба Душанбе оварданд



Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахти мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ гузаронида мешавад. Дар ин замина дар пойтахти мамлакат намоиш-фурӯши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Хуросон низ гузаронида шуд.

16 июл дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намоиши гулҳои мавсимӣ, ороишӣ ва хонагиро, ки бо заҳмати кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросон парвариш карда шуда, табиати зиндаро мемонд.

Меҳмононро тарбиятгирандагони кӯдакистони №1, гулдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ансанбли овозадори «Очаҷонҳо», роҳбарони ташкилоту муассисаҳо таҳти мусиқии форам ва бо карнаю сурнай, рақсу суруд пешвоз гирифтанд. 

Раиси ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода ба сухан баромада, меҳмонону иштирокчи-ён ва тамошогаронро хайрамақдам гуфта, ба намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ даъват намуд.

Сипас, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти ширии ҶДММ-и «Саодат» дидан намуданд. Дар намоиш зиёда аз ҳазор килограмм маҳсулоти аз шир истеҳсолшуда, инчунин му-ассисаи «Саодат», хоҷагии С. Шерназаров ва ГПР 700 килограмм гӯшти гов ва гӯсфанд барои сокинони пойтахт ба фурӯш пешкаш намуданд. Бахши кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, шалғам, помидор, бодиринг, боимҷон, каламфури булғорӣ, макка, тарбуз, харбуза, ҳандалак, каду ва дигар маҳсулотҳо, хоҷагиҳои «Асадуллоев» ва «Б. Узбакбӣ» ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, бодом меваҳои хушк пешкаши сокинони пойтахт намуданд. 

Меҳмонон ба мардуми ноҳияи Хуросон, ки барои пухтану ба намоиш гузоштани оши палов, далда, оши бурида, ҳалво ва хӯрокҳои миллӣ саҳм гирифтанд, миннатдорӣ баён намуданд.
Дар қисмати дуюм ҳунармандони аҳли фарҳанги ноҳия намоиши рангини консертӣ доир намуданд.

Ҳамин тавр, шаҳрдорон ва аҳли ҳакамон ба аҳли заҳмати ноҳияи Хуросон ба намоишфурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ баҳои баланд доданд.

Искандари ХУРОСОНӢ, 
ноҳияи Хуросон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода