Дар як сатр
» » Ёдгории «тахти сангин»

Ёдгории «тахти сангин»

11-03-2018, 22:08

БО ҲАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!

Мавзеи «Тахти Сангин» яке аз бузургтарин ёдгории таърихӣ дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. «Тахти Сангин» соли 2011 ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст. Ин мавзеи таърихӣ дар деҳаи Тешик тоши ноҳияи Қубодиён ҷойгир буда, таърихдонон онро ба асри V то мелод ва III милодӣ маҳсуб медонанд. Шаҳри қадимаи «Тахти Сангин» дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Вахш ва Панҷ, ки Амударёро ташкил медиҳанд, ҷойгир аст.

Номи пештараи ин ганҷинаи беҳамто «Тахти Сангин» нест, зеро дар ягон сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Танҳо баъди ковишҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин, олимон шартан номи ин ёдгории беназирро «Тахти Сангин» номиданд. Мавзеи «Тахти  Сангин»-ро аз шарқ Амударё, аз ғарб кӯҳи Тахти Қубод, аз шимол ва ҷануб иншоотҳои дуқабатаи  муҳофизаткунананда иҳота кардаанд.

Бостоншиносон бар он назаранд, ки соли 1877 аз ин мавзеи нодири аҷдодӣ бузургтарин ганҷина бо номи «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс», ки  иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин буд (1300 номгӯй), аз ҷониби мардуми маҳаллӣ ёфт шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидорӣ намуданд. Сипас, тоҷирон барои тиҷорат ба сӯйи Ҳиндустон равона шуда ва ин хазинаи бузургро ба бозаргони ҳиндӣ ба фурӯш гузоштанд.Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони англис харидорӣ шуда, ба Англия бурда мешавад. «Хазинаи Амударё» дар осорхонаи «Виктория» ва «Алберти»-и Англия маҳфуз аст.

Таърихнигорон бар он назаранд, ки «Тахти Сангин» дар замони Искандари Мақдунӣ бунёд шудааст. Корҳои тадқиқотӣ дар шаҳри қадимаи «Тахти Сангин» аз солҳои 70-уми қарни гузашта оғоз гардида, бостоншиносон дар давоми тадқиқоту ҷустуҷӯҳои зиёд шаклу нақшҳои қасрҳои иқоматӣ, ибодатгоҳ, устохонаҳо ва дигар утоқҳои барои инсон лозимаро муайян намудаанд. Дар бунёду сохтмони ҳар як утоқу ҳуҷраҳои ин шаҳри қадима сохтмончиён маданияти меъморию шаҳрсозиро истифода намудаанд. Маъбад диққатҷалбкунанда буда, он шакли чоркунҷа дошта, ҳар як қитъаи он 51 метр дарозӣ дорад. Дар бунёди ин маъбад тамаддунҳои гуногуни он замон дида мешавад. Ҳангоми ҷустуҷӯ бостоншиносон аз мавзеи «Тахти Сангин» номгӯи зиёди ашёи рӯзгор ва дигар лавозимоти ёрирасонро пайдо намудаанд. Нигораҳое, ки ҳангоми ҳафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихӣ ёфт шудаанд, имрӯз дар осорхонаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявию хориҷӣ маҳфузанд.

Масоҳати байни деворҳои ёдгории таърихӣ 2 км буда, байни онҳо хонаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ намудоранд. Девори мудофиавӣ масоҳати 85 гектарро иҳота кардааст. Димна аз арк (165х235 м) ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51х51 м) фаро гирифтааст. Он ба асрҳои 4-и қабл аз милод 3-и милодӣ мансуб аст.

Масъули гӯша

Ф. БОБОЕВ,

«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
7 июн 2018 16:13
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
7 июн 2018 19:20
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
7 июн 2018 22:25
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
8 июн 2018 01:26
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
8 июн 2018 04:27
http://masterhotel-sp.ru
http://masterhotel-sp.ru/map2.php
8 июн 2018 07:41
Пурпурный чай для похудения.
12 июн 2018 23:39
Пурпурный чай для похудения.
13 июн 2018 11:42
Пурпурный чай для похудения.
13 июн 2018 14:56
Пурпурный чай для похудения.
13 июн 2018 18:09
order viagra
https://is.gd/2J4cTD
Дирӯз, 09:49
order viagra
https://is.gd/2J4cTD
Дирӯз, 11:48

Матолиби дигар:

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад

Хабарҳо, Туризм, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шаҳркадаи Тахти сангин

Шаҳркадаи Тахти сангин

Хабарҳо, Туризм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатло ...

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатло ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ