Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Пиёз кай арзон мешавад?


Пиёз кай арзон мешавад?



Чанд вақти охир дар ҷумҳурӣ нархи пиёз, ки яке аз маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум ба шумор меравад, баланд шуда, боиси нигаронии сокинон гардидааст. Коршиносон баланд шудани нархро дар чӣ мебинанд? Мизоҷон чӣ мегӯянд? Айб дар савдогарон аст ё кишоварзон? Барои танзими нархи пиёз чӣ тадбирҳо андешидан мумкин аст?


Сарсухан ё назаре ба андешаҳо

Ҳоло нархи як килограм пиёз дар бозори марказии шаҳри Бохтар ба 9 - 10 сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, қимати ин маҳсулот дар ҳудуди бозорҳои минтақаи Кӯлоб 10 сомонӣ, шаҳри Душанбе 9 сомонӣ ва вилояти Суғд 10 сомонӣ мебошад. Агар нархи пиёзро ба ҳамин давраи соли гузашта қиёс кунем, чор маротиба баланд шудааст.

Фирдавс Шоев, донишҷӯ ва харидори бозори шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки барои харидани маҳсулоти озуқаворӣ бо ин нарх зӯраш намерасад.

- Баъди анҷоми таътил ба шаҳр омадем ва барои харидорӣ намудани маҳсулоти озуқаворӣ вориди бозор шудем. Арзиши як килограмм пиёз то 9 сомонӣ боло рафтааст, ки мо барои харидани он имконият надорем. Ҳамагӣ як килограмм пиёз гирифтаму халос. Нарх дандоншикан аст,- афзуд Ф. Шоев.

Дар ин раванд, бо чанде аз фурӯшандагон суҳбат доштем, ки онҳо баланд шудани нархи бесобиқаи пиёзро дар камчиниш мебинанд. 

– Ҳоло пиёз дар бозор камчин шудааст, мо худамон бо нархи баланд мехарем ва ба болояш харҷи роҳу фоидаамонро зам карда, ба фурӯш мегузорем, - мегӯяд яке аз фурӯшандагони бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар.

Чаро Вазорат дигару Сарраёсат дигар чиз мегӯяд?

Агар ба моҳи январи соли гузашта нигарем, нархи чаканаи пиёз дар бозорҳои кишвар 2 - 2,5 сомониро ташкил медод, соли равон бошад, он ба 9-10 сомонӣ расидааст. Коршиносон мегӯянд, ки нархи пиёзро танҳо ҳосили навбатӣ поин карда метавонаду халос. Аммо то ҷамъоварии ҳосили навбатӣ қариб се моҳи дигар вақт аст. То он вақт арзиши пиёз ба чанд сомонӣ мерасида бошад?

Тибқи иттилои Агентии омор, соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 672 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 6,6% камтар аст. Ҳамчунин, мувофиқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар вилоят тибқи дурнамо соли 2022 бояд дар майдони 13 ҳазору 966 гектар замин пиёз кишт карда мешуд, аммо бо таъсири баъзе омилҳо дар майдони 12 ҳазору 999 гектар замин пиёз кишт карда шудааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи пиёзро дар якбора сард шудани ҳаво ва қисман талаф ёфтани захираҳои анбор арзёбӣ мекунад.

Вале Акмал Иброҳимиён, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки сабаби гарон шудани пиёз дар бозорҳо дар коҳиши майдони кишти он (1 ҳазору 47 гектар кам) дар шаҳру навоҳии вилоят, баланд шудани нархи нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва чанд омили дигар вобаста мебошад.

- Овозаҳое, ки гӯё захираҳои пиёз аз таъсири сардӣ вайрон шуда бошанд, асос надоранд. То охири моҳи декабри соли гузашта пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот мекардем, аммо вақте ки арзиши он дар кишвар баланд шуд, содиротро қатъ намудем. Ҳоло дар анборҳои вилоят зиёда аз 4000 тонна пиёз захира дорем, - афзуд А. Иброҳимиён.

Агар ҳаҷми кофии пиёз захира шуда бошад, чаро захираи сардхонаву анборҳо ба фурӯш бароварда намешавад, то нарх дар сатҳи муътадил қарор гирад? Вобаста ба ин савол ҷавобе пайдо карда натавонистем, зеро масъулон аз ҷавоб кӯшиши гурехтан мекунанд.

Коршиносон чӣ мегӯянд?


Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ нархҳо озод мешаванд. Механизмҳои асосии бозор таъсир мерасонанд ва нарх вобаста ба талаботи маҳсулот танзим мешавад. Вақте ки ниёз ба маҳсулот зиёд шуд, арзиши он низ боло меравад.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Зафар  Ҷайлоев изҳор медорад, ки таъсири вазъи сиёсии кишварҳои дигар ба назар мерасад. “Чун мо медонем, ки Федератсияи Россия ба ин навъи маҳсулот ниёз дорад ва вақте ки аз ҷониби кишварҳои Аврупо бо Россия доду гирифт манъ шуд, воридоти маҳсулот низ ба Россия маҳдуд гардид. Аз ин лиҳоз, бояд талаботи ин кишвар аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ қонеъ гардонида шавад. Ҳолати қимат шудани пиёз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя - Узбекистону Қазоқистон низ мушоҳида мешавад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки содироти зиёди маҳсулот сабаби гароншавии он дар бозорҳои дохилӣ гардидааст”, - афзуд зимни суҳбат Зафар Ҷайлоев, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Чуноне ки пештар хабар дода буданд, аз ҷониби Қирғизистон, Қазоқистону Узбекистон содироти пиёз ба хориҷа муваққатан манъ гардидааст. Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон низ содироти пиёз, картошка ва сабзиро ба хориҷи кишвар манъ кардааст.

Коршиносон як омили дигари гарон шудани нархи пиёзро дар содироти зиёди он мебинанд.

Тибқи иттилоъ, дар 6 моҳи аввали соли 2022 даромад аз фурӯши пиёз нисбат ба соли гузашта 36% афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2021 ин маблағ 4,7 миллион долларро ташкил карда бошад, пас дар соли 2022 аллакай ба 6,6 миллион доллар расидааст. Ҳамчунин, соли 2022 аз вилояти Хатлон 4157 тонна пиёз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Охирсухан ё чанд тавсияи мутахассисон 

Солҳои гузашта арзиши пиёз дар бозорҳои дохилӣ барои ҳамагон дастрас буд. Ба гуфте, истеҳсоли он нисбат ба талаботи мардум бештар ба роҳ монда шуда буд. Аммо имсол ҳаҷми истеҳсол нисбат ба талабот камтар гардидааст.

Чун ба ҳамагон маълум аст, ду сол қабл нархи картошка баланд гардид, соли гузашта арзиши сабзӣ дар бозорҳои кишвар гарон шуд ва имсол бошад, ҷойи картошкаву сабзиро пиёз иваз кард. Суоли матраҳ ин аст, ки барои таъмини тавозун дар истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалия кӣ бояд дастбакор шавад? Чаро мутахассисони идораҳои кишоварзӣ ба деҳқонон оид ба афзалиятҳои истеҳсолот тавсия намедиҳанд?

Бо хулосабарорӣ аз андешаи чанд коршинос метавон барои паст намудани мушкилоти кишоварзӣ ва таъмини нархи муътадили маҳсулот дар бозори истеҳсолӣ чанд тавсияро пешниҳод кард:

- пеш аз ҳама, майдони заминҳои кишт барои маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳадди лозима зиёд карда шавад;

- ба хоҷагидорон ҷиҳати киштукори маҳсулот аз ҷониби мутахассисон маслиҳатҳои муфид дода шавад;

- содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар навбати якум бо назардошти таъмини талаботи мардуми Тоҷикистон ба роҳ монда шавад;

- маркази ояндабинӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани тавозуни ҳосили маҳсулоти кишварзӣ ташкил карда шавад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода