Дар як сатр
» » «Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

15-05-2018, 10:38

Варзишгоҳи "Пахтакор”-и маркази вилоят - шаҳри Бохтар бо шиору овезаҳо, парчаму нигораҳо оро ёфта, аз қудуми дӯстони бадахшӣ шукӯҳу шаҳомати хоса дошт. Чорабинии фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ” оғоз гардид.  Сараввал, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон табрик кард ва меҳмонони олиқадрро ба маркази вилоят - шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфт.

 Сипас, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сухан баромада, оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи вилоятҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ободониву гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз, бахусус вилояти Бадахшон, изҳори назар намуд. Тавре ки номбурда таъкид дошт, бо иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ба «дарвозаи тиллоӣ»-и Тоҷикистони азиз мубаддал гардидааст.

Сипас, ҳозирин чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-ро тамошо карданд. Рақсу сурудҳои бадахшиву хатлонӣ ба авҷи осмон танинандоз гардида, ба қалбҳо шодиву сурур ато менамуд. Зери савту сурудҳои ҳунармандони варзида  Амриддин Кабир, Хиромон Қурбонова ва дигарон ҳамагон мерақсиданду шодмонӣ доштанд.

Воқеан, чорабинии "Шоми дӯстӣ” инъикоскунандаи рӯзгори ободу осудаи мардуми Тоҷикистон, бахусус вилоятҳои Хатлону Бадахшон буд. Ваҳдату якпорчагӣ, ҳамдилӣ, васфи ватани маҳбуб -Тоҷикистони азиз, дӯстӣ, олами афсонавӣ будани Тоҷикистон, қуллаҳои баланди осмонбӯс, чашмаҳои мусаффои диёр инъикосгари барномаи "Шоми дӯстӣ”-и ҳунармандон гардид. Хурду бузург зери мусиқии рӯҳнавоз  мерақсиданду шукронаи ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз, сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доштанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар ВМКБ

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар ВМКБ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА