Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тоҷику қазоқ - ду миллати ба ҳам пайванд


Тоҷику қазоқ - ду миллати ба ҳам пайванд




Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 30 сол сипарӣ гардид. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон ду кишвари ба ҳам дӯст буда, муносибатҳои мустаҳкаму боэътимод доранд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.
Ҳанӯз аз давраҳои Шӯравӣ халқи қазоқ ба Тоҷикистон омада, дар паҳлуи бародарони тоҷик истода, барои ободкориву бунёдгарӣ камар бастаанд. Мардуми қазоқ дар азхудсозии заминҳои водии Вахш, канданиҳои фоиданок ва иҷрои корҳои ободонии ватани мо ҳамроҳу ҳампаҳлуи мардуми тоҷик будааст. 

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ муносибатҳо байни доираҳои илмию эҷодӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барқарор шуданд ва бемайлон густариш меёбад. Шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси квота таҳсил намоянд.
Тибқи иттилои Марат Маҳмудов, роҳбари Ҷамъияти қазоқҳо “Байтерек” (Дарахти ҳаёт) дар вилояти Хатлон, қазоқҳое, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, худро муқимӣ ва соҳибватан мешуморанд. 

Мувофиқи баҳисобгирии Ҷамъияти қазоқҳои “Байтерек” қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон оилаҳои қазоқ зиндагиву фаъолият менамоянд ва муқимии ин ҷо гаштаанд. Дар ҷумҳурӣ 226 оилаи қазоқ, дар вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияи Дӯстӣ, 38 оила зиндагӣ мекунанд. Танҳо дар худи ноҳияи Дӯстӣ ҳамагӣ 600 нафар қазоқон зиндагӣ мекунанд. Аз сабабе ки дар ноҳияи Дӯстӣ шумораи қазоқҳо зиёданд, онҳоро алоҳида ба ҳисоб мегиранд, инчунин, дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус ва дигар шаҳру навоҳии вилоят аҳлона зиндагонӣ доранд.

Дар тӯли даҳсолаҳое, ки мардуми қазоқ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бо миллати тоҷик пайванди дӯстиву бародариашон мустаҳкам гардидааст. Масалан, онҳо бо тоҷикон оила барпо менамоянд ва аз хонаводаи тоҷик келин мекунанд. 
Ҳамчунин, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳастанд қазоқтабороне, ки дар ҷодаҳои гуногуни фаъолият муваффақу соҳибному соҳиби мақоми хосса гаштаанд. На танҳо мардон, балки занони ин халқият низ, дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми худро касб намуда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. 

Зулайхо Ғоибова яке аз қазоқзанони муваффақе мебошад, ки айни ҳол масъулияти сармуҳарририи рӯзномаи вилоятии русизабони “Новый Хатлон”-ро ба дӯш дорад. Ӯ дар ноҳияи Кӯшониён умр ба сар мебарад. 

Зулайхо Ғоибова солиёни зиёд дар Раёсати омори вилояти Хатлон ба ҳайси муҳосиб фаъолият намуда, пасон баъди ғолибият ба даст овардан дар озмуне аз ҷониби созмонҳои байналмилалии хайриявӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ТҶ “Спид Фонд. Ғарбу Шарқ” идома бахшид. Инак, қариб панҷ сол боз роҳбарии ҳайати эҷодии рӯзномаи “Новый Хатлон”-ро ба уҳда дорад. 

Қазоқтабори муваффақи дигар, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият мекунад, Марат Маҳмудов, мураббии варзидаи муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и вилояти Хатлон мебошад. 
Марат Маҳмудов мураббӣ оид ба варзиши навъи дастхобонӣ мебошад. Шогирдони ӯ намояндагони ҳар миллат, аз ҷумла тоҷик, узбек, қазоқ, осетин, рус ва дигар миллатҳо буда, дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Ӯ мекӯшад ба шогиронаш тамоми нозукиҳои варзиши дастхобониро омӯзонад. 

Ҳамзамон, Марат Маҳмудов роҳбари Ҷамъияти қазоқон “Байтерек” дар вилояти Хатлон мебошад. Дар ин баробар ҳастанд, қазоқтабороне, ки бо тоҷикон аҳду паймони хешутаборӣ мебанданд, яъне оила барпо мекунанд. Онҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, аллакай бо мардуми тоҷик унс гирифта, таомули тоҷиконаро меомӯзанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва ё фарҳанги тоҷиконаро мақбул медонанд. 

Оилаи Алмахан яке аз намунаҳои хуби хешутаборӣ миёни мардуми тоҷик ва қазоқ мебошад. Писари Алмахан (қазоқтабор) бо Ганҷина ном духтари тоҷик оила барпо карда, ӯро ба Қазоқистон бурдааст. Зиёда аз 10 сол мешавад, ки онҳо зиндагии ҳамҷоя ва оилаи хуб дошта, соҳиби се гулдухтар мебошанд. Ганҷинаро ҳар сол ба Тоҷикистон барои дидорбинии наздиконаш меоранд ва ё баръакс, баъзан пайвандони Ганҷина ба Қазоқистон барои хабаргии духтарашон мераванд. Бо ҳамин роҳ пайванди дӯстӣ ва хешутаборӣ миёни ду хонавода устувор гардидааст. 

 Оилаи Неъматака ва апаи Сафаргул (Сапаргул бо забони қазоқӣ)- ро бошад, аҳли деҳаи Зарбдори ноҳияи Вахш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Онҳо зиёда аз 27 сол мешавад, ки канори ҳам зиндагии осуда доранд ва соҳиби 4 фарзанд: се духтар ва як писар мебошанд. Апаи Сафаргул мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Зарбдор буда, Неъматака ба ҳайси ронандаи шуъбаи ёрии таъҷилии Беморхонаи № 1-и ноҳияи Вахш кор мекунад. 

-Баъди таҳсил дар мактаби миёна ман Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қурғонтеппа (имрӯза Бохтар)-ро хатм намуда, дар беморхонаи колхози Москваи ноҳияи Вахш таҷрибаомӯзиамро шурӯъ намудам. 
Як рӯз ба корҳои таҷрибаомӯзиам банд будам, ки ба беморхонаи мо ҷавони қоматбаландеро оварда бистарӣ намуданд. Муддати чанд рӯз дар беморхона бистарӣ буд, ҳамон ҷо бо ӯ шинос шудам. Насибу қисмат будааст, бо ҳам оила барпо намудем. Неъмат он вақтҳо дар нонвойхона ба ҳайси нонпаз кор мекард. Айни ҳол мо зиндагии осоишта дорем, соҳиби фарзанд ва набераҳо ҳастем. Азбаски ман 27 сол мешавад, дар деҳа зиндагӣ мекунам, урфу одат ва таомули тоҷиконро омӯхтаам. Дар хона бо забони тоҷикӣ гап мезанам. Оилаи мо муҳити тоҷикона дорад, ман омода намудани тамоми намудҳои хӯрокҳои миллии тоҷикиро омӯхтам,- мегӯяд апаи Сафаргул.

Ба монанди апаи Сафаргул ва Неъматака ҳастанд, хонаводаҳое, ки дар асоси муҳаббат бо намояндагони миллати қазоқ оила барпо намудаанду зиндагии хубе доранд. Оилаи намунавии Неъматака ва апаи Сафаргул боис мегардад, ки решаи дарахти дӯстии ин ду миллат боз ҳам мустаҳкам шавад.

-Ба ман расму оин ва таомули тоҷикона, дӯстиву меҳмоннавозии миллати тоҷик хеле писанд омад. Ҳамин аст, ки решаи ман аз Тоҷикистон об мехӯраду сероб мегардад, ман худро дар ватанам эҳсос мекунам. Дар ду ё се сол як маротиба ба Қазоқистон барои дидорбинии пайвандонам меравам. 

Баъди чанд муддат боду ҳавои Тоҷикистон маро суйи худ мекашаду дилтанги оила ва деҳаам мегардам,- иброз медорад апаи Сафаргул. 
Умед бар он мебандем, ки аҳди дӯстиву бародарии ин ду миллати аз қадим ба ҳам қарин боз ҳам устувор гардаду поянда бошад. 

Фарида Баротова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода