Дар як сатр

«ГУЛИ ОТАШ»

10-05-2018, 11:20

Бо чунин ном маҷмӯаи нахустини шоири ҷавону умедбахш Зеваршоҳ Ғозиев (Зеварӣ), донишҷӯи соли 4-уми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯйи чоп омад. Дар маҷмӯа 42 шеър, 6 дубайтӣ, 5 гулдастаи тӯёна ва 3 байт ҷой дода шудааст.

- Зевариро ду сол ин-ҷониб мешиносам, - мегӯ-яд муҳаррири масъули маҷмӯа Озар Салимов. - Дар маҳфилҳои адабӣ иштирок меварзад, ба маслиҳати устодону рафиқони ҳамқаламаш гӯш медиҳад, меомӯзад ва ҳамин аст, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ шеъраш равонтару рангинтар мегардад. Умедворем, ки шоири ҷавон умре рисолати худро дар назди модару ватан ва олиҳаи шеър фаромӯш нахоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки маҷмӯаи мазкур бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия» интишор гардидааст. «Гули оташ» бо теъдоди 150 нусха дар наш-риёти ҶДММ «Ношир-С»-и шаҳри Бохтар рӯйи чоп омадааст.

Ф. ДАВЛАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Хомаи созанда»

«Хомаи созанда»

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА