Дар як сатр
» » Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

5-05-2018, 13:39

"Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тасдиқи стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” имкон фароҳам овард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти милитсия батадриҷ амалӣ гардад. Дар вилояти Хатлон низ дар самти ислоҳоти милитсия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Таъсиси Шӯрои ҷамъиятии  оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон далели ин гуфтаҳост.

Тайи фаъолияти беш аз 4-солаи Шӯрои ҷамъиятӣ як қатор чорабиниҳо дар самти ислоҳоти милитсия амалӣ гардиданд. Аз ҷумла тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа  баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  террористӣ, коҳиш додани  омили коррупсионӣ ва амсоли инҳо мебошад. Оид ба масъалаи мазкур, яъне боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрии сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон  генерал-майор Солеҳзода Искандар бо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилоят баргузор гардид.

Зимни суханронӣ сардори Раёсати умури дохилии вилоят аз фаъолияти назарраси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки натиҷаи фаъолияти хуби аъзои шӯро ва ҳамкории назаррасашон бо кормандони милитсия аст, ки дар сатҳи вилоят шумораи ҷиноятҳо кам гардидааст. Сардори Раёсат таъкид дошт, ки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ минбаъд низ фаъолияти хешро бо шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавӣ хуб ба роҳ монда, доир ба пешгирии  ҷиноятҳо миёни наврасон, ҳодисаҳои  истеъмол ва интиқоли маводи мухаддир, зуҳуроти  ғайриқонунии  ҳизбҳои экстремис-тиву террористӣ ва ғайраҳо ҳамкори ҳои судманд ба роҳ монанд. Тавре ки Лоҳутӣ Шоҳназаров, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Хатлон зимни ҳисоботи 4-сола иттилоъ дод, Шӯрои ҷамъиятӣ баҳри дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳояш пайваста талош меварзад. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баҳри ширкат дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии қонуншиканиҳо ва мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, барқарор намудани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, шӯроҳои занон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат оид ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амният пайваста тадбир меандешанд.

Ҳамин тавр, Лоҳутӣ Шоҳназаров доир ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ гузориш дода, таъкид дошт, ки аъзои Шӯро ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хуб ба роҳ монда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо мулоқоту вохӯриҳои судманд бо иштироки васеи шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун  доир намуданд. Ҳамчунин, баҳри дар амал татбиқ гардидани  ислоҳоти милитсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ширкат доштанд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА