Дар як сатр
» » Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

5-05-2018, 09:42

Насли солим-ҷомеаи солим. Зери ҳамин шиор намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИАҶТ) чандест, ки миёни сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни намоишӣ - омӯзиширо доир намуда, ба занони ҳомилаву модарони кӯдаки ширхорадошта тарзи дурусти интихоби маҳсулоти ғизоӣ ва чӣ тавр омода кардани хӯрокҳои иловагиро аз ҳисоби меваю сабзавоти тару тозаи маҳаллӣ меомӯзонанд, то модарони ҷавон барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони худ аз маводҳои табиии ватанӣ доиман истифода баранд.

Ба хотири ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва таъмини бехатарии молу маҳсулоти ғизоӣ имрӯзҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ниҳодҳои дахлдор муаззаф гардида, дар баробари пурзӯр намудани корҳои назоратӣ вобаста ба сатҳу сифати молҳои ниёзи мардум, ҳамзамон ба сокинон тарзу усули интихоби маҳсулоти баландсифату фоидаовар ва роҳҳои дурусти омода кардани хӯрокҳои иловагиро нишон медиҳанд. Ҳамин қабил чорабиниҳо аллакай дар байни занони ҳомила ва занони кӯдаки ширхорадоштаи 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташкилу гузаронида шуда, аз ҷониби мутахассисони ВТҲИАҶТ баҳри ҳавасмандгардонии иштирокдорон дар рафти баргузории викторинаҳо туҳфаҳои гуногун низ супорида мешавад.

Омӯзгорони таҷрибадори соҳавӣ чунин вохӯриҳоро дар шаҳру навоҳии минтақаҳои Кӯлобу Бохтар зиёдтар доир менамоянд, зеро тибқи таҳлилҳои пешакӣ аҳолии ин минтақаҳо аз ҷиҳати таъминнокии ғизо дар сатҳи ноустувор қарор доранд. Албатта истифодаи ғизои нодуруст ва каммаълумотии модарон боис гардидааст, ки дар байни кӯдакони синни то 5-сола  нишондиҳандаҳои камвазниву қадпастӣ, лоғариву дигар намуди бемориҳои кӯдакона ҳоло ҳам мавҷуд мебошад.

Оид ба беҳтарсозии ғизо танҳо дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ миёни 3826 нафар занони ҳомилаву модарони кӯдаки ширхорадоштаи ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон вохӯриҳои намоишӣ-омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, вобаста ба ҳамин мавзӯъ ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои боқимонда чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ташкилу гузаронидани чунин маъракаҳо дар шароити имрӯза аз манфиат холӣ набуда, барои солимии ҳам модарон ва ҳам насли наврас нақши боризеро иҷро хоҳанд кард. Ба гуфти муовини менеҷери КАТС-и шаҳри Бохтар Баргигул Баротова натиҷаи ҳамин гуна вохӯриҳоро мо ҳангоми гашти хонаҳо ва дар вақти ташрифи онҳо ба маркази саломатии кӯдакона хуб мушоҳида мекунем. Дар муқоиса ба чанд соли пеш тасаввуроти модарон оид ба нигоҳубини кӯдакон, тайёр намудани ғизои иловагӣ ва расонидани кумаки аввалия ҳангоми рух додани ҳодисаҳои ногаҳонӣ беҳтар гаштааст.  

Дар сатҳи баланд қарор доштани сатҳи маърифатнокии модарон ҳангоми таваллуд ва ба камол расонидани кӯдакони солим муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро ояндаи давлату миллат низ ба насли руҳану ҷисман солим вобастагӣ дорад. Ҳамин аст, ки солимии ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, имрӯзҳо барномаҳои гуногун дар ин самт қабул ва амалӣ мегарданд.   

 

Қурбоналӣ Қурбонов,

машваратчии маҳаллӣ оид ба кор

бо ҷомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

Тандурустӣ ва экология
Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Тандурустӣ ва экология
14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА