Дар як сатр
» » Пешгирии ифротгароӣ - масъулияти ватандӯстӣ

Пешгирии ифротгароӣ - масъулияти ватандӯстӣ

3-05-2018, 10:27

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”  ва бо мақсади пешгирии ақидаҳои фанатикӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва маҳкумшудагон ба равияҳои террористию экстремистии динию сиёсӣ, фаъолияти тахрибкоронаи онҳо дар дохили кишвар ва инчунин вобаста ба корҳои тарбиявӣ, ташвиқу тарғиби қонунҳо дар байни маҳбусон ва маҳкумшудагон, алалхусус ошкору пешгирӣ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта ва паҳнкунандагони ғояҳои ифротгароёнаи онҳо, оид ба пешгирии фарҳанги либоспӯшии бегона ва дигар масъалаҳои доғи рӯз масъулини Прокуратураи вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар муассисаи ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон бо маҳкумшудагон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Зимни ҷамъомад дар муассисаи ислоҳии шаҳри Норак, ки ҳамаи маҳбусонро занон ташкил менамоянд, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохила Ҷумъахон Футуров, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон Давлат Тағоев, масъули шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилояти Хатлон Шарифзода Муҳаммадӣ, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чуянов Самариддин, собиқадори меҳнат Ализода Хатича, муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода оид ба вазъи кунунии муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон ёдовар гардида, иброз доштанд, ки бо таваҷҷуҳ ва сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шароити муассисаҳои мазкур беҳтар гардидаанд, аммо сатҳи ҷинояткорӣ ва шумораи маҳкумшудагон аз ҳисоби занон меафзояд, ки ин боиси таассуф аст.

Зани тоҷик ҳамеша бо иффатию поктинатии худ аз фарҳангу маърифат ҳифз мекард ва фарзандонеро тарбия менамуд, ки номбардори миллату давлат бошанд, вале дар баъзе маврид онҳо ба амалҳое даст мезананд, ки боиси нигаронист.

Дар рафти ҷамъомад масъулин оид ба роҳҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, фазои орому осоиштаи меҳан, сиё-сати раиятпарваронаи Пешвои миллат ва пойдории сулҳу ваҳдати меҳан суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки занони маҳкумшуда баъди адои ҷазо барои мустаҳакамии оила ва тарбияи дурусти фарзандон талош варзанд, зеро анҷоми амалҳои номатлуб инсонро оқибат ба пушти панҷара меорад.

Амалҳои ифротгароиро баромадкунандагон маҳкум намуда, бо овардани далелҳо аз корнамоиву хизматҳои фарзандони содиқи ватан  дар роҳи расидан ба сулҳу суботи кишвар, махсусан талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллатро қайд карданд ва амониро беҳтарин неъмат арзёбӣ доштанд.

Чунин вохӯрӣ дар муассисаи ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии  ноҳияи Ёвон низ баргузор карда шуд.

Мувофиқи нақшаи мазкур чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон ташкилу баргузор хоҳад гардид.

 

Рамазон Насриддинзода,

масъули Раёсати кор бо ҷавонон

ва варзиши вилояти Хатлон 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР