Дар як сатр
» » «Тути балхӣ» - яке аз беҳтарин анвои тут

«Тути балхӣ» - яке аз беҳтарин анвои тут

30-04-2018, 12:09

Ба иддаои олимони табиатшинос, то ба кишоварзӣ рӯй овардани ниёгонамон дарахтони тути ваҳшӣ дар мавзеъҳои мусоиди доманакӯҳҳо ва дараҳо месабзиданд. Онҳоро «тути хасакӣ» меномиданд, ки меваашон майдаи сафедранг мебошад. Кишоварзон дар давоми ҳазорсолаҳо тутҳои ваҳширо парвариш карда, сифати меваи онҳоро хеле баланд ва ба ниёзҳои худ муносиб намуданд.

 

Яке аз беҳтарин навъҳои ин мева «тути балхӣ» мебошад, ки бо роҳи пайванд зиёд мешавад. Ва худи номаш шаҳодат медиҳад, ки он дар вилояти Балхи бостон, яъне маркази кишвари Бохтар, ки ҷануби Тоҷикистон, шимоли Афғонистон ва атрофи онҳоро дар бар мегирифт, рӯёнида шудааст. Тути навъи балхӣ аз беҳтарин анвои тут дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Дар давоми ҳазорсолаҳо меваи тут ғизои муҳими тоҷикони кӯҳистон буд. Рустанишиносони номӣ С. Корженевский, Н. Вавилов, М. Попов ва мардумшинос М. Андреев ва дигарон барҳақ тутро «дарахти тоҷикон» номидаанд.

Агар дар кӯҳистони тоҷик тут яке аз ғизоҳои муҳим бошад, дар бахшҳои ҳамворӣ он манбаи асосии парвариши кирми пилла ба шумор мерафт. Эҳтироми мардуми мо нисбат ба дарахти тут хеле зиёд буд ва онро дарахти файзбахшу муқаддас мешумурданд.

Дар солҳои гушнагӣ ва қаҳтӣ ба шарофати меваи муфиди тут ҳазорон нафар аз марг наҷот ёфтаанд. Пештар дар шаҳру деҳоти тоҷикон қариб ҳавлие набуд, ки дар он як-ду ё зиёда дарахти тут набошад.

Меваи тут барои инсон фоиданок аст. Таркиби он аз қанд ва витаминҳои  гуногун ғанӣ мебошад. Дар тибби халқӣ ширинии тут чун давои хуб барои табобати як қатор бемориҳо истифода мешавад.

Дарахти тут то баландии 2300 метр аз сатҳи  баҳр мерӯяд ва дар 3-4-солагӣ ба ҳосил медарояд. Аммо ҳосили аз ҳама баландро дар 20-50 -солагиаш медиҳад. Тут растаниест, ки дар ҳама намуди хок, хусусан регзору санглох хеле хуб мерӯяд, баландиаш то ба 25 метр мерасад, чӯбаш сахту вазнин аст. Як дарахти тут аз 10 то 40 кило тутмавиз медиҳад.

Меваи тут ҳамчун доруворӣ ва хӯрокворӣ истифода мешавад. Аз меваи расидаи он шарбат, мураббо, нӯшоба омода мекунанд.

Мураббои тут дар баробари ширин буданаш хосияти табобатӣ дорад. Мураббои тут ҳангоми шамолхӯрӣ, фишорбаландӣ ва бемориҳои дил фоидаовар аст.

Нӯшобаи тутро барои табобати шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои сироятии вирусӣ ва сироятӣ истифода мекунанд.

Аз меваи тут шароб истеҳсол мекунанд. Винои тутро дар охири июл ва ё аввали август баъди пухтани тут тайёр мекунанд. Барои шароб танҳо меваҳои пухтагӣ ба кор мераванд.

Аз қадим тутро барои табобат истифода мебурданд. На танҳо мева, балки дигар ҷузъҳои тут низ фоидаоваранд.

1. Баргҳо. Дар онҳо маводҳои фоидаоваре чун тиамин, рибофлавин, кислотаи никотинӣ мавҷуд аст. Дар тибби халқӣ фаррох истифода мешаванд. Ҳамин тавр, аз барги тут биостимулятори Фомидол сохта шуд, ки барои табобати экзема, тарбод ва дигар касалиҳо истифода мешавад.

2. Пӯстлох. Хокаи аз он омодашударо дар равғани растанӣ меомезанд ва барои табобати захм истифода мекунанд. Ҳамчунин, оби он барои табобати фишорбаландӣ истифода мешавад.

3. Реша. Омехтаи тут барои табобати бемориҳои дилу рагҳо ва фишорбаландӣ истифода мешавад.

Масъули гӯша

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қулфинай - давои камхунию подагра

Қулфинай - давои камхунию подагра

Тандурустӣ ва экология
Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , АМОН МАҲКАМОВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Агар гирифтори зуком шудед…

Агар гирифтори зуком шудед…

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Тандурустӣ ва экология