Дар як сатр
» » Пайвандгари асрҳо

Пайвандгари асрҳо

29-04-2018, 01:51

Донишманди соҳибкитоб Абдулҳамид Гулаҳмадов чанд сол боз таснифоти хешро ба мавзӯъҳои доғи рӯз-саҳеҳ намудани пораҳои  таърихи норавшани гузаштагонамон, нақши инсонҳои бузург дар таҳкими рӯзгори ҷомеа, тарбияи афроди созанда ва бунёдгар мебахшад. Китоби ба тозагӣ таҳиянамудаи нависанда «Пайвандгари асрҳо» ном дорад.

Мо бо нависанда Абдулҳамид Гулаҳмадов ҳамсуҳбат шудадоир ба таснифи навашон, мазмун ва мундариҷаи китоб бо чанд савол муроҷиат  намудем.

 

- Шумо ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон таҷлили 700-солагии аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аз ҷониби давлатҳои муштаракулманофеъ маркази фарҳангӣ эълон шудани Кӯлоби бостонро илҳомбахши офариниши китоби наватон маънидод намудаед. Дар ин рӯйдодҳо Сардори давлат саҳми созанда дорад. Дар ин хусус чанд сухан мегуфтед?

-Ҳар се масоил проблемаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар ҳаллу фаслашон Президенти мамлакат на танҳо нақши бориз доранд, ҳамзамон ин шахсияти бузург дар раванди бунёдгароиҳои хеш дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ навсозиҳои ақлтасхиркунандаро ба вуҷуд оварданд. Дар тӯли ду-се соли омодагӣ ба ҷашни бузургдошти Кӯлоби бостон дар маркази илмию фарҳангии куҳандиёр корҳое анҷом дода шуданд, ки дар ҳафтод соли даврони Шӯравӣ тимсолашро касе ёд надорад.

Айни замон ҳамин гуна созандагию бунёдкориҳо дар тамоми манотиқи мамлакат рӯйи кор оварда шуданд. Соли гузашта шоҳиди он будем, ки Ҳисори шодмон василаи бунёдкориву созандагиҳои назаррабо аз нав эҳё гардид.

Овардани ин арқом, ки дар ҳафтод соли даврони Шӯравӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2700 мактаб сохта шуда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 2500 мактаб бунёд гардидааст.Такя ба илму маориф ва соҳаро ҷабҳаи афзалиятнок қарор додани Ҷаноби Олӣ нишонаи пешравиҳои наҷиби имрӯзаву оянда хоҳад буд. Аз тарафи Президенти мамлакат қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» идомаи такмилу таҳкими сиёсати маорифпарварии Ҷаноби Олӣ буда, дар тарбияи насли наврас баробари нақши муассир доштан ҷомеаро ба он ҳидоят менамояд, ки дар рӯҳияи ҳамаҷониба пос доштани арзишҳои миллии ниёгонамон ҷомеаи шаҳрвандиро бун-ёд ва мустаҳкам намоем. Зеро анъанаи мусбати заҳматпарастӣ, илмдӯстӣ, эҳтиром ба калонсолон ва назди волидону муқаддасоти ватандорӣ арҷ гузоштан, ҷуз ростӣ ба дурӯғу луқмаи ҳаром нафрати инсонро бедор кунонидан аз қаъри қарнҳо миллати тоҷикро шуҳрати тоҷдорӣ бахшида буд.

Чунин хулқу атвори ҳамида ба гузаштагонамон даст дод, ки баҳри эъмори ҷаҳони мутамаддин дар олами илму фарҳанг бузургтарин нобиғаҳоро ба вуҷуд оварад. Нобиғаҳое, ки роҳи тараққиёту сохтани ҷамъияти саодатманд ва ормониро барои аҳли башар даврони дар ҷаҳолат сар то по ғарқ будани ҷомеа пешгӯӣ ва муаррифӣ намуданд. Агар ба таъриху адабиёти классикӣ назар андозем, мебинем, ки аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Кайковус , А. Сино, Авфии Бухороӣ, Саъдии Шерозӣ , Ҷомиву Восифӣ то Аҳмади Дониш доир ба тарбияи фарзандон ва муносибату муоширати оиладорӣ на фақат шеъру ҳикоёти ҷолиб доранд, балки дар ин бахш асарҳои махсус низ тасниф намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар шароити нави таърихӣ зарурати рӯ овардан ба анъанаҳои миллӣ ва дар чорчӯбаи он арзишҳо тарбия намудани насли наврасро чун самти афзалиятноки ҷомеаи имрӯза ба миён гузошт. Эҳтироми падару модар, мардуми калонсол, дӯст доштани ватан ва ҳамеша баҳри дифои он омода будан, воқеан ҳам, аз бузургтарин арзиши қавмҳои Шарқ буданд. Ҷаноби Олӣ имрӯз барҳақ аз аҳли ҷомеа тақозо доранд, ки фарзандон маҳз дар ҳамин рӯҳия тарбия шаванд.

Номуси маҳбубияти волидайну ҳимояи зодгоҳро дар сар парваридани фарзандон неруи муқтадирест, ки шумораи аз рӯи миқдор андаки сарбозонро чун таманниёти Фирдавсии Тӯсӣ баробари лашкари садҳазора шуҷоату мардонагӣ ато мекунад:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Барои ба ин дастовард расидан мебояд падару модар дар робитаи наздик ба мактабу омӯзгорони ҳирфаӣ заҳмат бикашанд. Дар даврони Шӯравӣ чунин тарбиятгарони муваффақ хеле зиёд буданд. Комёб будани эшон аз он ҷо сарчашма мегирифт, ки аввало омӯзгор ба тамоми маънӣ донишвар буд ва ҳастиашро дар боби тарбия намудани шогирдони босавод ва хирадпеша мебахшид.

- Муҳтавои шумо чӣ бошад, ки дар фасли дуюми китобатон аз саргузашти маҳз ҳамин гуна педагоги ҷонфидо Фаттоҳ Самад қисса намудаед?

- Тақдири каминаро Худои бузург зайле наққошӣ намуда будааст, ки аз хурдсолиам ба кору бори ин бузургмард хуб шиносоӣ дош-там ва ҷаҳду ҷадали пайвастааш дар кори таълиму тарбия ва дастовардҳои беназираш хонандагонро на фақат ба ваҷд меовард, балки ба он ҳидоят мекард, ки дар пайравии устоди ҷавонамон дар оянда касби омӯзгориро пешаи хеш намоем.

Бачагии Самад Фаттоҳ ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омадааст. Дар синну соли наврасӣ баробари таҳсил кардан дар мактаб дар корҳои саҳроӣ, кишт кардани ғалла, ҷамъоварии ҳосил ва онро дар анбор ҷо кардану қисми зиёдашро ба фронт равон намудан фаъолона ширкат меварзид. Ҳамин меҳнати шабонарӯзӣ бачаҳоро хеле барвақт дунёфаҳм, роздону ба муаммоҳои зиндагӣ хуб сарфаҳм мерафтагӣ гардонида буд.

Ин буд, ки баъди синфи ҳафтумро дар қишлоқи Санги Рамаи ноҳияи Ховалинг хатм кардан роҳи шаҳрро пеш мегирад. Талабаи аълочиро омӯзгоронаш ба хондан саъй мекарданд. Танҳо модараш аз ба шаҳр рафтани фарзанди калони оила ва ёвари асосияаш дар зиндагӣ ба ваҳм меафтод. Зеро Самад ҳафтсола буд, ки падараш аз дунё гузашт. Акнун дар ин синну сол қариб ҳамаи бори зиндагӣ ба дӯши ӯ буд. Вале устодонаш тавонистанд модарашро розӣ кунонанд. Апаи Фотима бо тӯшаи барои Самад аз кулчаи ширмолу мағзу чағз омоданамудааш ҷигарбандашро бо қалби пур аз орзуҳои нек тобистони соли 1946 ба Кӯлоб гусел кард.

Самади дилбохтаи илм дар омӯзишгоҳи педагогӣ ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супорид. Дар давоми хондан Самади ҷавон ҷузъ донишҷӯи фаъолу аълохон буданаш, ҳамчун ташкилотчии соҳибистеъдод буданашро низ ҳаматарафа нишон дода тавонист. Баъди хатми курси аввали омӯзишгоҳ аллакай ба ташкилоти иттифоқи касабаи донишҷӯёни дабистон сарварӣ мекард. Сиёсати он даврон, ки «кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд» баъди ҷанг аҳамияти боз ҳам бузургтар пайдо карда буд.

Махсусан, дар соҳаи мактабу мактабдорӣ ва тарбияи шахсиятҳои босавод. Васиятҳои асосгузори давлати Шӯравӣ дар рисолаи «Иттифоқи ҷавонон» мансабдоронро дар ҳамаи зинаҳои давлатдорӣ сахт муваззаф менамуд, ки ба тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳанд». Ҷавонон дониши худ-ро бояд бо мероси маънавии гузаштагонамон ҳамарӯза бой гардонанд. Мо ояндаи ҷомеаи коммунистӣ ва зиндагии дурахшони инсоният-ро бе чунин замина барпо карда наметавонем. Тарбияи ҷавононро тарзе бояд ба роҳ монд, ки ба ҷузъ аз худ намудани дурдонаҳои беҳтарини мероси ниёгон бо донишу кашфиётҳои тозаи хеш дар фосилаҳои мухталифи ҳаёт роҳи пешгирифтаи моро мунаввар гардонида тавонанд. Маҳз сафи коммунистонро аз ҳисоби ҳамин гуна ҷавонони асосҳои илмро пурра аз баркарда зиёд гардонида, ҷойгирони сазовори худро пайдо мекунанд. Он гоҳ метавон кафолат дод, ки ғояҳои коммунистӣ амалӣ мешаванд ва инсоният ба орзуи деринааш: «баробарӣ, бародарӣ, зиндагии арзанда барои ҳамагон мерасад», - таъкид менамуд доҳии меҳнаткашони тамоми олам В.И.Ленин.

Идеяи бузургдошти аҳли маориф, воқеан ҳам, шахсияти омӯзгоронро дар ҷомеа ба афроди обрӯманду мунодиёни пешгоми зиндагӣ ташаккул дода буд. Ҳамаи хонандагони хушсаводи мактабҳо он солҳо ҳаваси омӯзгор шуданро дар дил мепарвариданд. Вақте ки овозаи дар мактаби ҳафтсолаи Хонаобод директор тайин шудани хатмкардаи институти дусолаи муаллимтайёркунӣ Самад Фаттоҳро шунидем, хонандагони синфҳои болоӣ маслиҳат кардем, ки ба дидани ӯ меравем. Ҳамин тавр ҳам кардем. Бо вуҷуди сардии ҳаво ба сӯи ҳадаф шитобидем.

Дар мактаб ба мо қаровул синферо, ки директор дарс медод, бо ишора роҳбаладӣ кард. Мо аз тиреза ба тарзи дарсдиҳӣ ва таҳлилҳои фаҳмову хотирнишини муаллим ҳарисона аҳамият медодем. Ногоҳ чашми директор ба мо афтод ва ба назди тиреза омада, ба кӣ кор дош-танамонро пурсон шуд.

Посух додем: - Ба шумо.

Он кас бо мулоиматӣ изҳор карданд, ки баъди даҳ дақиқа дарсаш тамом мешавад ва моро ба ҳузур мепазирад. Вақте ки моро ба утоқи кориаш хонд, боз ба чӣ ҳоҷат доштанамонро пурсон шуд.

- Мо шуморо диданӣ омадаем, - гуфтем.

Директор хоксорона ба мо фаҳмонданд, ки барои омӯзгори хуб шудан танҳо ҳавас кифоя нест. Бо бедорхобӣ ва шабзиндадорӣ метавонед савияи донишатонро баланд бардоред. Ба ин васила бо усулҳои пешқадам бо бачаҳо кор карда тавонистан, раванди дарсро шавқангез ва ҷолиб гузаронидан даст медиҳад.

Ин ҳидоятҳои омӯзгори донишманду директори ҷавон интихоби моро дар ҷодаи омӯзгорӣ роҳхати ҳаётӣ бахшид. Тобистон баъди хатми синфи 7 чанд нафар барои имтиҳонсупории омӯзишгоҳи омӯзгорӣ роҳи Кӯлобро пеш гирифтем. Медонистем, ки С. Фаттоев пеш аз дохили донишкада омӯзишгоҳи педагогиро хатм намудааст.

Толибилмон ин ҷо низ бо кӯшишу ғайрати зиёд дониш меандӯхтанд ва номашон мудом дар лавҳаи аълочиёни омӯзишгоҳ буд. Ҳамзамон, фаъолияти минбаъдаи пири маънавиамон устод Фаттоҳ Самад аз дидгоҳи мо берун набуд. Ӯ баъди таҳсил дар донишгоҳи навтаъсиси шаҳри Кӯлоб ва гирифтани маълумоти олӣ як муддат дар деҳаи Калоти Ҷамоати деҳоти Даҳана сарвари мактаби даҳсола шуда кор кард. Дар таълимгоҳе, ки эшон роҳбар буданд, сифати таълиму тарбия нисбат ба дигар макотиби минтақа аз ҳар ҷиҳат пеш рафт. Вазорати маориф ҳамаи инро ба инобат гирифта, Фаттоҳ Самадро мудири маорифи шаҳри Кӯлоб тайин намуд. Вале ин вақт дар минтақа мушкилоти мактабдорӣ дар ноҳияи Фархор зиёдтар буд. Баҳри беҳдошти кор ӯро ба ҳайси мудири маориф ба ноҳияи Фархор фиристоданд. Ҳизби коммунист шахсони дар сиёсат обутоб-ёфта ва тарбиятгарони моҳирро ба сафҳои худ ҷалб менамуд. Ин буд, ки ӯро дар ноҳия ба вазифаи мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти ҳизби коммунист пешбарӣ менамоянд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ осори он зиндагиро сангин карда буд. Бачаҳои аз падар маҳрумгашта, аксаран дар ятимхонаҳо таълиму тарбия мегирифтанд. Ин қисмати мактабҳо сар то сар мушкилот доштанд. Мақсади давлат он буд, ки ятимон баробари ба ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шудан, меҳнатдӯст ва соҳиби саводи баланд бошанд. То ки баъди хатми интернат дар мактабҳои олӣ таҳсил карда, ҳамчун мутахассиси беҳтарин ба камол бирасанд. Он замон дар минтақаи Кӯлоб калонтарин парваришгоҳ дар деҳаи Саричашма буд. Вале бо вуҷуди тез-тез иваз шудани роҳбаронаш ҳадафи вазорат ҷомаи амал напӯшид. Оқибат, интихоб ба сари маорифчии номдор Фаттоҳ Самад омад.

Директори нав дар тӯли 5-6 соли фаъолияташ дар парваришгоҳ корҳоеро ба сомон дод, ки барои маорифчиёну роҳбарони ноҳияи кӯҳӣ шабеҳи афсона буданд. Дар як муддати кӯтоҳ нишондиҳандаҳои таълимию хоҷагидории мактаб дар байни тамоми парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҷойи аввал баромад. Мактабе, ки шогирдонаш то 95 фоиз ба макотиби олӣ дохил шуданд, дастпарварони ин коллектив буданд.

Навигарии ҷабҳа таълимро ба истеҳсолот пайвастани дабистон захираю имкониятҳои моддию молиявии интернатро пурқувват намуда, мактаб аз истеҳсолоти худӣ дар бисёр ҳолатҳо ошхонаашро бо нон, сабзавот, тарбузу харбуза, меваҳои шаҳдбор ва гӯшти ҳайвоноту паранда таъмин мекардагӣ шуд. Ҳамаи ин нозу неъматҳо дар хоҷагии ёрирасони парваришгоҳ, ки директори нав онро дар шароити собиқ ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) парвариш намуданд, бошандагони мавзеъро ба ҳайрат оварданд.

Зеро онҳо то ин дам андеша доштанд, ки сардии иқлими Шӯрообод барои парвариши боғу полезӣ ва сабзавоткорӣ мусоид нест. Боғи бунёднамудаи сарвари мактаб дар 50 гектар майдони атрофу акнофи таълимгоҳ доман паҳн мекард. Ба ҷуз он, ки дар ин муддат парваришгоҳ миёни парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи натиҷаи таълиму тарбия ва хоҷагидорӣ ҳамасола байрақбардор буд, ҳамчун асосгузори меваҷоти шаҳдбор дар иқлими баландкӯҳ ном баровард.

- Дар пайравӣ ба собиқ ҳампешаи давраи ҷавониам мо дар деҳаҳои Зулмобод, Дебдор, Бодомту, Доғистон, Дашти тирай (марказӣ ноҳияи имрӯза) ва қишлоқҳои дигари ин мавзеъ боғҳои себ, ноку шафтолу, зардолую биҳӣ ва нашпотӣ парвариш намудем, - ба ёд меорад Кишоварзи собиқадор, мӯйсафеди 86 - сола Алимурод Сафаров.

Ин аст, ки аҳли куҳансоли ноҳия, ҳар гоҳе дар бораи боғкорӣ сухан равад, бо сипосгузории бепоён аз омӯзгори донишманду ҳамадон Самад Фаттоев ном мебаранд. Феълан, имрӯз як даромади асосии мардуми ин ҷо баробари соҳаи чорвопарварӣ аз боғдорист. Ҳоло ҳама медонад, меваи боғоти ин минтақа бе нуқс ва шакарин аст.

Мардони кору ташкилотчиёни моҳир дар ҳама давру замон ниёзмандони зиёд доранд. Эшонро дар участкаҳои навбунёду сермушкил ҳамчун мунодию пешоҳанг таъйин менамоянд. Солҳои 60 собиқ ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ҳамин гуна мавзеъ ба шумор мерафт. Барои равнақи пахтакорӣ мардуми кӯҳистонро муҳоҷир намуданд. Дар деҳаю хоҷагиҳои навбунёд мушкили набудани мактабу кӯдакистон мавҷуд буд. Барои ҳалли ин мушкилот Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Самад Фаттоҳро ба ҳайси мудири маорифи ин ноҳия пазируфт.

"Бо кордон- кор осон” гуфтаанд. Солиён ба маорифи ноҳия роҳбарӣ кардани Самад Фаттоҳ натанҳо мушкилоти сохтмони мактабҳо ҳалли худро пайдо намуданд, ҳамчунин дар корҳои ободонӣ ва пешрафти таълим парчами ғолибият мудом дар дас-ти маорифчиёни ноҳия буд.

Афроди беҳунар инсонҳоеанд, ки дар зиндагӣ айбу камбудиашонро ба дӯш намегиранд. Ин гуна рақибони оштинопазири маорифчии донишвару навпардоз аслан собиқ сарварони мактабҳо буданд, ки аз рӯи хуб надонистани мактабшиносӣ ба пешравӣ монеъ мешуданд, иҷборан ба истеъфо рафтанд, акнун аз болои мудир корашон туҳмат навиштан буд.

"Гуноҳи нобахшидании Самад Фаттоев ин дафъа дар чашми «тезқаламон» ин буд, ки аз мансабаш сӯистифода намуда, писарашро ҳамроҳи тими шоҳмотбозони мактаби бачагонаи варзишӣ ба мусобиқаи шоҳмотбозони нав-рас берун аз ҷумҳурӣ мефирис-тад. Ҳарчанд тибқи шаҳодати сармураббии клуби шоҳмотбозон А. В. Бескровный писари мудири маориф аз аъзои фаъоли даста ба шумор рафта, барои ширкат варзидан дар ҳамоиш ҳуқуқи комил дошт. Аммо коммунистони «принсипнок» бо ҳидояти котиби дуюми Ҳизби коммунисти собиқ вилояти Кӯлоб Драздов ба ҳамаи хизматҳои мондагори омӯзгори ҷонфидо хатти батлон кашида, ӯро аз вазифаи мудири маорифи ноҳияи Москва озод менамоянд.

Ин амал омӯзгори ҷонфидоро аз ҷиҳати равонӣ сахт шикастарӯҳ месозад. Ва дигар то охири умр орзуи дигарбора ба мансаб баргаштанро намекунад.

- Тарбия, ки аз қаъри қарнҳо барои қавмҳои ориёӣ миёни мушкилоти иҷтимоӣ аз ҳама муҳим ва асосӣ дониста мешуд, дар замони муосир - инқирози бесобиқаи одобу ахлоқи инсонӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Ҷаноби Олиро бетафовут нагузошт. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" иқдоми саривақтии Президент буд.

Ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштани тарбияро ҷомеа, бахусус омӯзгорон гарм истиқбол намуданд. Воқеан, омӯзгорони хуб неруи асосии амалӣ гардонидани қонуни мазкур мебошанд. Муҳтаво ҳамин аст, ки дар фаслҳои минбаъдаи китоб шумо оид ба зиндагиномаи омӯзгороне ҳикоят кардаед, ки ҳастии эшон пойдории давлат аст. Масалан, зиндаёд Самад Фаттоев шахсиятест, ки ибрати фардиаш барои ҷамъият намунаи намунаҳост.

- Бисёр хуб пай бурдед. Муаллими ҳақиқӣ бояд ҳамин тавр бошад. Азбаски мундариҷоти китоб доир ба амалҳои маорифпарваронаи Сардори давлат ва бузургдошти 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлобу 700-солагии аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст ва ин шахсиятҳоро новобаста ба он ки дар давраҳои мухталиф фаъолият мекунанд, эшон дар нисбати тарбияи одам, фазилатмандию маърифатпешагии инсон, ки мавҷудоти соҳибшуур ва шариф ба шумор меравад, ҳамақидаанд. Ҳар кадом аз мавқеи ҷамъиятии хеш амалҳои тарбиявиро роҳандозӣ мекунад.

Аммо дар ҳамаи замонҳо дар ҳалли масъала неруи тақдирсоз муаллимон буданд ва мемонанд. Аз ин лиҳоз донишгоҳи мазкур дар ин муддат дар боби тайёр намудани кадрҳои педагогӣ дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб хизмати бузург кардааст. Аввалин хатмкунандагони он ҳамсафони Самад Фаттоев: Султон Мирзошоев, Ҳабибулло Табаров, Одина Гадоев, Мирзо Бобоев ва чанде аз дигарон аз зумраи машъалоне буданд, ки дар ташаккули кадрҳои маҳаллӣ ва маърифати зодагонии собиқ вилояти Кӯлоб саҳми фаромӯшнашаванда доштанд. Камина он солҳо дар шуъбаи илм ва мактабҳои Кумитаи ҳизби коммунисти собиқ вилояти Кӯлоб коргузор буд. Вазъи соҳаро хуб медонистам. Хуб медонистам, ки дар нисбати С. Фаттоев ба хатои нобахшиданӣ роҳ додаанд. Дар ин хусус гузориш навишта, ба котиби идеологии ҳизб Робия Тағоева пешниҳод намудам. Чанде пас бо камбудиҳои ҷиддӣ директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Москваро аз кор гирифтанд. Дигарбора ба назди муаллима даромада, хоҳиш кардам, ки ба ин вазифа ғайр аз Самад Фаттоев шахси лоиқро намебинам. Ӯ қодир аст дар муддати кӯтоҳ ОКТ-ро байрақбардори соҳа гардонад. Р.Тағоева фармуданд, ки ҳуҷҷатҳои он касро барои бюрои навбатӣ тайёр намояд.

Аз афташ муаллима розигии Драздов ва муншии аввалро дар ин кор гирифта буданд. Ба нею нестони дили ранҷидаи С. Фаттоев нигоҳ накарда, устодро то ба назди бинои Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят расондам.

Оре, Самад Фаттоев аз шумури мардони баномусе буданд, ки ҳеҷ гоҳ дар назди рақибони тамаллуқпеша барои дарёфти мансаб сар фурӯ намеоварданд. Ӯ марди кор буд. Дар участкаҳои вазнин василаи мушкилнописандӣ, заҳмати бунёдгарона, донишварӣ сазовори номи баланд ва эҳтиром гардида буд. Ҷавҳари мардиро дар ғуруру номус медонист.

Шояд ба андешаи он ки дар бюро барои гуноҳи надоштааш разолатро таҳаммул намекунад, дар қиболи тавбаю надомати дурӯғин ба ӯ мансаб медиҳанд, бо сухани «мову шумо аслан муаллимем, чаро аз муаллими одӣ шудан ор мекардаем, дар ин вазифа шояд зиёдтар фоида биёрем», - гӯён маро тасаллӣ доду бинои ҳизбро абадӣ тарк намуд.

...Солҳо бебозгашт паси сар шуданд. Агар маорифчии ҷонфидо ин вақт дар қайди ҳаёт мебуданд, 86-сола мешуданд. Аммо марги нобаҳангом риштаи ҳаёти ӯро дар синни 68-солагӣ гусаст. Оромгоҳаш дар паҳлуи пайвандонаш, ки аз Санги Рама ба деҳаи Эмомтаърифии ноҳияи Восеъ дар солҳои панҷоҳум кӯч баста буданд, ҷой гирифтааст. Дар назди турбати эшон нишаста аз ӯ ёд мекунем. Ва худро маломат ҳам мекунам, ки чаро баҳри бегуноҳии машъалафрӯзи маорифро исбот кардан ҷиддитар мубориза набурдам.

Кори неку номи нек аз ёди халқ зудуда намегардад. Шаш моҳ боз бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Кӯлоб дар мактабҳои шаҳр аз рӯи китоби А. Гулаҳмадов «Пайвандгари асрҳо» конфронси хонандагон гузашта истодааст. Дар чорабинии мазкур доир ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, шукуфоии мамлакат, гиромӣ доштани тарбиятгарони бузург шеърҳо қироат намуда, мазмуну мундариҷаи китобро баррасӣ менамоянд.

Чунин вохӯрӣ нахуст дар мактаби № 1-и шаҳр баргузор гардид. Муаллиф мавриди шарҳи мундариҷаи китоб аз хизматҳои ҷонфидои соҳаи маориф С. Фаттоев ёдовар мешавад.

Ғайбулло Ҳалимов,

шаҳри Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +
canadian pharmacy viagra pills
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
when does sildenafil become generic
canadian pharmacies online
viagra generico venda brasil
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a doctor prescription</a>
generic viagra online india
viagra without a doctor prescription
viagra 25mg
9 июн 2018 17:26
buy viagra walgreens
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">best canadian mail order pharmacies</a>
pfizer viagra annual sales
top rated online canadian pharmacies
buy viagra pharmacy uk
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a prior doctor prescription</a>
generic viagra sildenafil 100 mg
generic viagra without a doctor prescription
can anyone get viagra
11 июн 2018 22:51
hace falta receta medica para comprar viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canada pharmacies online prescriptions</a>
comprar viagra online net
canadian online pharmacies
order viagra cialis online
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a doctors prescription</a>
ok take 100mg viagra
generic viagra without a doctor prescription
can buy viagra uk chemist
12 июн 2018 01:17
sildenafil generico guatemala
<a href="http://hqmdwww.com/">buy viagra over counter london</a>
dove comprare viagra generico forum
generic levitra with dapoxetine
13 июн 2018 20:50
order viagra for men
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">top rated online canadian pharmacies</a>
viagra r online shop
online canadian pharmacies
pfizer viagra price in malaysia
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a doctors prescription</a>
viagra cialis online order
viagra without doctor
nombre generico viagra femenino
15 июн 2018 14:14
can viagra pills expire
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
is there a generic cialis or viagra
best canadian mail order pharmacies
generamedix co uk generic viagra
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a doctors prescription</a>
buying viagra in new delhi
viagra without a doctor prescription
online viagra any good
15 июн 2018 16:43
buy online prescription viagra without
<a href="http://viagranbdnr.com/#">viagra without a doctor prescription</a>
buy viagra in chicago
viagra without a doctor prescription
where can you buy viagra in sydney
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
what is a cheaper alternative to viagra
canadian pharmacies online
can i use caverject and viagra together
15 июн 2018 23:35
cialis viagra buy online
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">list of reputable canadian pharmacies</a>
buy viagra online india
best canadian mail order pharmacies
generic viagra supplier india
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without doctor</a>
viagra 50 mg cut half
viagra without prescription
sildenafil generico efectos secundarios
16 июн 2018 15:01
total sales viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">top rated online canadian pharmacies</a>
25 mg viagra how long does it last
legitimate canadian mail order pharmacies
vegro sildenafil 120 mg
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without doctor</a>
can you buy viagra store
viagra without prescription
viagra for sale over the counter
16 июн 2018 18:28
viagra price pakistan
<a href="http://viagranbdnr.com/#">viagra without a doctor prescription</a>
legal order viagra online australia
viagra without a doctor prescription
which pharmacy has the cheapest viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
generico viagra contrareembolso
canadian pharmacies online
get viagra prescription your doctor
17 июн 2018 03:03
generic viagra fda approval
<a href="http://viagranbdnr.com/#">viagra without a doctors prescription</a>
precio viagra 100 mg en farmacia
viagra without a doctor prescription
safest place get viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canada pharmacies online prescriptions</a>
has best prices viagra
canadian pharmacies online
how to get cheap viagra
18 июн 2018 02:29
buy viagra over internet
<a href="http://viagranbdnr.com/#">viagra without a doctor prescription</a>
viagra online new zealand
viagra without a doctor prescription
mezza pillola di viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
can buy viagra amsterdam
canadian pharmacies online
is generic viagra just as good
18 июн 2018 14:01
onde encontrar o generico do viagra
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">best canadian mail order pharmacies</a>
best way to buy viagra online
canadian pharmacies that ship to the us
generic viagra good
<a href="http://viagradcvy.com/#">viagra without a doctor prescription usa</a>
esiste viagra generico
viagra without a doctor prescription usa
long does take get hard viagra
18 июн 2018 16:25
us viagra price
<a href="http://viagranbdnr.com/#">viagra without a doctor prescription</a>
mua viagra online
viagra without a doctor prescription
viagra montreal where buy
<a href="http://canadamdonlineget.com/#">canadian pharmacies online</a>
25 mg de sildenafil
canadian pharmacies online
viagra prozac together
Дирӯз, 15:35

Матолиби дигар:

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
Умре дар хизмати мардум буд

Умре дар хизмати мардум буд

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН