Дар як сатр
» » Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

19-04-2018, 13:13

Дар қалби фарде, ки меҳри  замини файзбор ҷой мегирад, соҳибному ба обру, бадавлату савлат ва зиндагии хубу хушҳол мегардад, - мегӯяд Муяссара Юлдошоваи кишоварз.

Кишоварзи пурмаҳсул ва соҳибкори муваффақ Муяссара Юлдошова, сокини  деҳаи Зарафшони ноҳияи Кӯшониён  мебошад. Ӯ умри бобаракати хешро ба кишоварзӣ бахшида, ба парвариш ва фурӯши навниҳол ва истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ,  аз ҷумла бодирингу помидор машғул мебошад.

Муяссара солиёни зиёд дар гармхона помидору бодиринг парвариш мекунад. Аммо  муваффақияти қулфинайпарвар-они ноҳияи Вахшро дида, тасмим ги-рифт, ки  дар ин самти кори хоҷагидорӣ қобилияти худро  бисанҷад.  Барои ноил шудан ба мақсадҳои некаш ба Муяссара Юлдошова имкон пайдо шуд дар агро-тренингҳо ширкат карда,  табодули таҷриба кунад. Ва ниҳоят,  муваффақ низ шуд, яъне ба қулфинайпарварӣ пардохт. 

Ҳамсараш мегӯяд: Муяссара занест, ки ба ҳар коре ҳиммат бандад, муваффақ мешавад, зеро дасташ гул аст, гул! Ӯ кори саҳроро беҳтару хубтар мефаҳмад ва онро аз таҳти дил анҷом медиҳад.

Муяссараи кишоварз заминро ба инсон ташбеҳ дода мегӯяд: "Чи хеле ки инсоният давраи хушҳолию ғамгинӣ дорад, гоҳо озурдаю хаста мешавад, замин низ чунин аст. Ҳар вақт  ки бе об монаду сангин гашта киште нарӯяд, ғамгин мешавад. Ва ё дар дасти касе афтад, ки кишт карда бепарво гардад, хаста шуда ҳосил намедиҳад. Аммо, агар кишт карда муҳаббат бинад, нафаре ҳар рӯз каланд дар даст  рӯяш кор кунад, хушҳол шуда, ҳосилро фаровон мекунад”.

Бале, Муяссара ба замин меҳри зиёд дорад.  Ӯ оғӯши муҳаббаташро ба замин  боз карда, рӯз то шом кори деҳқонӣ мекунад. Замин дар ҷавоби ин ҳама меҳру муҳаббат ӯ ва аҳли оилаашро мехӯронаду мепӯшонад.

-Боварӣ дорам, ҳар ки заминро мефаҳмаду аз сидқи дил ба кори деҳқонӣ мепардозад, беподош намемонад, -  мегӯяд Маяссара. - Замин аз зар камие надорад. Замин инсонро ба мартабае бурдааст, ки ҳатто малоик талаби инсон шуданро кардааст. Барои мисол ҳазрати Идрис (а), ки ӯ низ ошиқи замин буд, вақте  ки дар замин кор мекард,  тамоми фариштаҳо ба корӣ ӯ ҳасад мебурданд. Ҳатто ривоят аст, ки қисме аз фариштаҳо мегуфтанд, агар мо низ инсон мешудем, ба мисли Идрис (а) дар замин кор мекардему нони  ҳалол мехӯрдем. Хуллас, ҳазрати Идрис (а) ошиқи замин шуд ва замин ба ӯ ному нон ва зиндагии шоиста доду миёни мардум соҳибэҳтиром гашт. 

Ба гуфтаи Муяссара маҳз меҳри зиёд доштан ба замин ва кишоварзӣ буд, ки давоми ин ҳама солҳо пешаашро иваз накард. Кӯшиш кард, то доираи фаъолияташро фаррохтар гардонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша дар Паёмҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳар ки ба замин рӯ биорад, замин ба  ӯ ризқу рӯзӣ медиҳаду хонаю дари обод».

Ёдовар мешавем, ки ба ин зани кишоварз  дар кори деҳқонӣ ва фаъолияти соҳибкориаш ҳамсар ва писараш кумак мерасонад. Аъзои оилаи Муяссара Юлдошова имрӯзҳо аз натиҷаи заҳмати хеш қаноатманданд. Ҳосили ниҳолони боғи бунёдкардааш фаровон буда, самараи заҳмати хешро ба бозор мебарорад, кори кишоварзиашонро ба гардиш медароранду шукронаи сулҳу амонӣ мекунанд.

 

Низомиддин  ИСОЕВ,

                        "Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ