Дар як сатр
» » Иди кӯча - идомаи корҳои ободонӣ

Иди кӯча - идомаи корҳои ободонӣ

28-04-2018, 12:06

Ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатию миллӣ, инчунин гиромидошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони «Ободии кишвар-мароми мо» нақша-чорабиниҳо таҳия шудааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани маҳал ва бештар ба муомилот баровардани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Яке аз иқдомҳои ба миёномада дар ин раванд гузаронидани «Иди кӯча» мебошад, ки  дар маҳаллаҳои қаламрави шаҳраку деҳот бо иштироки сокинон, коргарону хизматчиён бо камоли масъулиятпазирӣ ба ҷо оварда мешавад. Чорабиниро нахустин шуда бошандагони кӯчаи ба номи Нурулло Расулов ифтитоҳ бахшиданд. Дар ин рӯзи хурсандибор  сокинон, ҳамчунин, ташкилоту муассисаҳои дар ҳамин кӯча мақомдошта, аз ҷумлаи ШВКД дар ноҳия, прокуратура, суд, муассисаҳои тандурустӣ, ҷамъияти матлубот, комиссариати ҳарбӣ, соҳибкорон, ки то ин дам як қатор корҳои ободониро ба ҷо оварда, маҳалро зебо гардонидаанд, дастурхони идона густурда, бо пешниҳоди дастоварду дастовези ҷолибу мақбул базму тараби фарҳангӣ-маданӣ доир намуда, истироҳати бофароғат дош-танд.

Чорабинӣ нишон дод, ки бисёре аз оилаҳо дар ин кӯча ба монанди омӯзгори собиқадор Тӯйчӣ Шерматов, соҳибкор Одил Бозоров дар қитъаи хурди ҳавлӣ ба гулпарварӣ машғул гардида,  онро озодаву зебо ва муҳитро хушбӯву муаттар гардонидаанд.

Хонаводаи ҳамсояи дигар дар ҳамин кӯча (раиси маҳалла Гулҷаҳон Исмоилова) ҷашнгоҳро бо маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пухтупаз, кадбонугии худ зебу зинат дода буданд, ки ҳайати комиссияи тадорукотиву меҳмонон ба он баҳои баланд дода, изҳор доштанд, меҳри зебоипарастӣ аз ниёгон омада, новобаста аз кору фаъолияти ҷамъиятӣ доштан аз қалби мардум ҳеҷ вақт берун нахоҳад шуд.

Баҳои бештар боз ба онҳое дода шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин пайгирӣ намудаанд. Ин раванд дар берун аз маҳалли зис-ти хонаводаи Ғуфронов Юсуфҷон мушоҳида шуд. Ин марди меҳнатӣ бо аҳли оила дар як ваҷаб  замини канори пайроҳаи кӯча сабзавоти барвақтии помидору қаланфур, бодирингу карам ва кабутӣ сабзондааст, ки дар воқеъ боиси таҳсин ва дастгирӣ дар дигар маҳаллаҳост.

Ҳамин тариқ, чорабинии «Иди кӯча», ки дар доираи вақти муайяншуда гузашт, бошаҳомату хурсандибории худ ба ҳамагон сабақе шуд баҳри ободгароии маҳал ва самаранок ба меҳнати фоиданок машғул гардидани мардум.  

 

И. Ҳасанов

аксбардор М. Ашӯров


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ