Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Тоҷикистон дар ҳодисаҳои Қазоқистон бетараф нест


Тоҷикистон дар ҳодисаҳои Қазоқистон бетараф нест



Тоҷикистон бо ҳамдардии самимӣ ҷараёни воқеаҳо дар Қазоқистони бародарро пайгирӣ менамояд, - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 январ дар робита ба вазъияти Қазоқистон нашр гардид.

Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон чунин омадааст: «Мо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро бо таассуфи ҷиддӣ таъкид менамоем. Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад».

«Ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан онибдорӣ менамоем.

Итминон дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд», - зикр менамояд ВКХ.

Дар ВКХ зикр намуданд, ки бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем.

«Мо ба наздикону пайвандони фавтидагон дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ тасаллияти амиқ баён менамоем», — омадааст дар изҳороти ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода