Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Қасами сулҳ»-и Пешво ва такяи ӯ ба ВАО -и тоҷик


«Қасами сулҳ»-и Пешво ва такяи ӯ ба ВАО -и тоҷик



Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби сиёсатшиносон, муаррихон ва муҳаққиқон бузургу назаррас хонда шудааст. Дар мавриди нақш, ҷоннисориҳо ва раванди сулҳофарии ӯ китобу рисолаҳо ва мақолаҳои зиёди илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва оммавӣ ба нашр расидааст. Дар нигоштаҳои адибон, олимон, муҳаққиқон, журналистон, ки тайи беш аз ду даҳсолаи охир дар матбуоти даврии Тоҷикистону ҷаҳон ва маҷмӯаҳои алоҳида чоп шудааст, симои Эмомалӣ Раҳмон чун ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, роҳбари кордону меҳанпараст, меъмори ваҳдат, пешвои миллат, кафили сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ таҷассум ёфта, ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои ӯро дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз  бунбасти коммуникатсионӣ ҳамвазн бо саҳми шахсиятҳои бузурги таърихие, чун Авраам Линколн, Рузвелт, Шарл де Голл, Камол Отатурк, Дэн Сяопин донистаанд. Афроди соҳибназар ба  корномаи ибратомӯз, нақш ва ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи сулҳу оштии миллӣ ва садоқати ӯ ба мавқеи усулиаш дар замони раҳбарии Тоҷикистон таъкид мекунанд. Аз нигоҳи муҳаққиқон, муҳимтарини ин усулҳо инҳоянд:

- ҳифзи ваҳдати миллӣ;

- ҳифзи ягонагии Тоҷикистон дар ҳудудҳои имрӯзӣ;

- ҳифзи сулҳу созиши шаҳрвандӣ дар ҷомеа;

- ҳалли тамоми ихтилофот бо роҳи осоишта ва сиёсӣ;

- бартарӣ додан ба манфиатҳои миллӣ ва умумихалқӣ дар қиёс бо манфиатҳои ин ё он ҳизб, ҳаракат, шахсият, гурӯҳи ашхос ва ғайра.

Илми сиёсатшиносӣ собит кардааст, ки моҳият ва нақши асосии сарвари сиёсӣ дар раванди қабули қарори сиёсӣ муайян мегардад. Муҳимтарин қарорҳои сиёсӣ дар ҳаёти одамон нақши ҳалкунанда мебозанд ва самти инкишофи ҳаёти одамони зиёдеро тағйир медиҳанд. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки фаъолияти сарвари сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири сокинони кишвар такони ҷиддие ворид сохт.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз рӯзи аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан (19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба воситаҳои ахбори умум, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеаи муосир аст, аз имкониятҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ барои ба оммаи васеъ расонидани паёмҳо ва барномаҳои сулҳхоҳонаи худ босамар истифода карданд. Роҳбари давлат хуб дарк менамуданд, ки ВАО бо аҳли ҷомеа робитаи мустақим доранд ва чунин имконияту қобилиятро унсурҳои дигари муҳими ҷомеаи муосир – мактаб, оила, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайра надоранд. Нахустин Муроҷиатномаи раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 тариқи телевизиони марказӣ пахш гардида, матни он дар матбуоти даврии кишвар низ ба нашр расид. Сарвари мамлакат дар ин Муроҷиатнома иҷрои як қатор вазифаҳоеро, ки ба амният ва ҳаёти осоиштаи мардум сахт вобаста аст, муҳим хондаанд:

- ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин намудан;

- дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам овардан, то ки ҳаёти халқ ва амнияти шаҳрвандонро мутобиқи принсипҳои умумибашарӣ таъмин намоянд;

- гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида, онҳоро бо сарулибос ва ғизо таъмин кардан;

- барои кори бонизоми шаҳрвандон дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам овардан;

- ҳарчи зудтар кори корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳоро барқарор сохта, одамонро ба кори фоидабахши ҷамъиятӣ ҷалб кардан;

- фаъолияти корхонаҳои хурд ва муносибати бозаргониро инкишоф додан.

Пахши ин муроҷиатномаи Сарвари навинтихоби давлат тариқи телевизион ва радио аз он ҷиҳат муҳим буд, ки шаҳрвандони аз оташи ҷанг ва тахрибкориҳо азиятдида симо ва садои ӯро бубинанду бишнаванд. Қиёфа, нутқи муассир ва овози дилпуркунандаю эътимодбахши Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси эътиқод ва боварии халқро ба имрӯзу ояндаи мамлакат таҳким бахшид ва гурӯҳҳоеро, ки «калаванда» буданду намедонистанд аз кадом сангари ҷанг ҷонибдорӣ намоянд, ба пуштибонӣ аз ҳукумати қонунӣ ташвиқ намуд. Таҳлилгарон бар ин андеша ҳастанд, ки самимияти сухани Эмомалӣ Раҳмон ва баёни фаҳмою пурҳарораташ дар баромадҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҳанӯз дар соли якуми раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан боиси ба таври қобили мулоҳиза афзудани нуфузи сиёсии ӯ гардид. Аввалин «қасами сулҳ»-и Эмомалӣ Раҳмонро аксари публитсистон ва таърихнигорон дар асарҳои ба замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бахшидаи худ иқтибос овардаанд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои худ зери сарлавҳаи «Давлат аз иттифоқ хезад» (19 декабри соли 1992) зикр кардаанд, ки танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад. Дар ин мусоҳиба Пешвои миллат се роҳи асосии ба эътидол овардани вазъи ҷумҳуриро номбар кардаанд:

- гурӯҳҳои силоҳбадаст бояд бо ҳам гуфтушунид кунанд ва ба ҳамдигарфаҳмӣ бирасанд;
- Ҳукумат бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин карда, кафолат диҳад, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст халъи силоҳ менамоянд;
- роҳи сеюм, вуруди неруҳои сулҳхоҳи давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон мебошад.

Аммо ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, то он даме ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷойи яроқ олоти меҳнат ба даст гирифта, аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кумаки кишварҳои ҳамсоя вазъи кишовари моро беҳ сохта наметавонад. Сарвари давлат дар поёни ин мусоҳибаи худ бо истифода аз минбари расонаи хабарӣ ба гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат карданд: «биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул шавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо кунем».

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш дар мақолаҳои худ, ки дар матбуоти даврии бонуфузи Тоҷикистон, Россия, Чин, Эрон ва соири кишварҳои дигар ба нашр мерасониданд, фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, сарҷамъии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён доштаанд. Ба ақидаи Пешвои миллат, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Аз ин рӯ, низоми сиёсиву идеологии дарназардоштаи неруҳои гуногуни мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷ гуна созгорӣ надошт. Роҳбари давлат дар мақолаи худ «Ҳадафи сиёсати мо манфиати мардум аст» (рӯзномаи «Садои мардум», 01.06.1993) бо зикри пешниҳодҳо барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, таъкид доштаанд, ки иҷрои барномаҳои мукаммали иқтисодӣ то он замон, ки устувории сиёсӣ дар давлат таъмин ва иншооти аз ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ харобшудаи хоҷагии халқ дар муҳлатҳои наздиктарин барқарор нашавад, мушкил хоҳад буд.

1 июни соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи телевизиони Тоҷикистон ба мардум муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки тайи ним соли фаъолияти ҳукумати қонунӣ Ватани азизамон аз сарзамини пурмоҷаро ва муноқишаҳои хунин ба кишвари нисбатан ором табдил ёфтааст. Роҳбари давлат бо баёни содаю самимӣ, маҳорати хоси суханварӣ, лаҳни маслиҳатомез ба ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаанд, хитоб карданд: «Магар нолаи чуғзе нашунидаед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад… Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем… Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инҷост. Ёд доред, ки мегӯянд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…»».

Қобили зикр аст, ки барои бозгашти гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан аз имкониятҳои матбуот, радио ва телевизион ба таври фаровон истифода мешуд. Ба андешаи муҳаққиқи таърихи радио Саидмуроди Хоҷазод, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шароите, ки иртиботи минтақаҳо комилан аз байн рафта буд, радио қодир буд чун воситаи муқтадири иртибот барои табодули назари сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, даъвати онҳо ба сулҳу субот хизмат кунад. Соли 1993 дар радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» таъсис дода шуд, ки тӯли се соли пахшаш аз ҷумлаи маҳбубтарин ва сершунавандатарин гуфторҳои радио маҳсуб меёфт. Ба ақидаи таҳлилгарон, аввалин ҷидду ҷаҳди воқеии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои ба Ватан бозгардонидани фирориён, барқарории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ маҳз аз ҳамин барнома ибтидо гирифта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин барномаи радиоиро дар баргардонидани фирориён, таҳкими сулҳу субот ва худогоҳии миллӣ бориз хондаанд. Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кор, барқарор намудани манзилҳои харобгаштаро Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон арзёбӣ намуда, хизмати журналистони радиои Тоҷикистонро дар татбиқи ин ҳадаф накӯтарин аъмол номидаанд.

Президенти кишвар бо ҳадафи татбиқу ташреҳи ақидаҳо, дидгоҳҳо ва барномаҳои худ ба дурдасттарин ноҳияҳои кишвар мерафтанд ва талош мекарданд, ки воқеиятро дар суҳбату мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум фаҳмонанд. Дар сафарҳо ба минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Бадахшон, ки вобаста ба шароити замон аз хатарҳо эмин набуд, бо худ як идда хабарнигоронро мегирифтанд, то ҳақиқатро бо чашми худ дида, нависанд.

Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 1993 зимни суханронӣ дар Сессияи XVII Шӯрои Олии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар роҳи рушди кишвар раҳбарияти давлат ба мактабу маориф, адабиёт, журналистика, санъат, аҳли илм такя мекунад. Сардори давлат таваҷҷуҳи вакилони иҷлосияро ба нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҷалб намуда, зикр карданд, ки душвориҳои иқтисодӣ вазъияти воситаҳои ахбори оммаро ниҳоят бад сохтааст. «Ниҳоят боло рафтани нархи коғаз ва хизмати алоқа боиси қимат, ниҳоят қимат шудани рӯзномаю маҷаллаҳо гардид. Ҳоло мо фикр карда истодаем, ки ба онҳо чигуна мадад расонем. Алҳол ягона воситаи бештар дастраси мо телевизион ва радио мебошад. Аз ростӣ, дар ин ҳафт моҳ роҳбарияти нави кумита кори бисёреро анҷом дод. Аммо имрӯз шабакаи бузурги телевизион ба миён омада, дар Тоҷикистони хурд қариб 20 студияи телевизион амал мекунад. Мундариҷаи маводи бисёре аз ин студияҳо хеле паст аст», - гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳод карданд, ки Шӯрои Олӣ барои танзиму мувофиқати фаъолияти телевизиони маҳаллӣ бояд қонун қабул кунад. Қобили зикр аст, ки барои таҳия ва тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» тақрибан се сол зарур омад ва он ниҳоят 14 ноябри соли 1996 аз ҷониби Президенти кишвар имзо шуд.  Роҳбари давлат дар иҷ лоси яи 17-уми Шӯрои Олӣ бо хит об ба онҳое, ки дар соҳаи таблиғот кор мекунанд , аз онҳо хоҳиш карданд , ки дар бозтоби рӯйдодҳои Тоҷикист он аз рӯйи виҷд он кору эҷ од намоянд : «Аминам, дар ин сурат шумо дурӯғ намегӯед».

Таърихи сиёсат ва журналистикаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, гувоҳ аст, ки неруҳои мухталифи сиёсӣ барои даст ёфтан ба ҳокимият ё муташанниҷ сохтани авзоъ воситаҳои ахбори оммаро ба манфиатҳо ва ғаразҳои шахсиашон истифода мебаранд. Инро фиреби сиёсӣ меноманд ва низоъшиносон ҳолатҳои зиёди сӯйистифодаи доираҳои сиёсӣ ва ҷангҷӯи дохилию хориҷиро аз ВАО дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мушоҳида кардаанд. Табиист, ки фаъолияти иғвогаронаи журналистон танзим ва ҳалли низоъро барҳам зада, боиси тезутундшавии вазъият мегардад. Журналистикаи моҷароҷӯй аз журналистикаи сулҳпарвар бо он фарқ мекунад, ки он бо сиёҳ кардани ҷонибҳои даргир ё гурӯҳҳои қавмию нажодӣ, тарғиби зиёдаравӣ, бадбинӣ ва нодида гирифтани ташаббусҳои созанда дар раванди низоъ нақши манфиро мебозад.

Ба навиштаи профессор И. Усмонов, аввали солҳои 90-уми асри гузашта тундгӯӣ, таҳдид, маҳалгароӣ, миллатчигӣ, якдигарро паст задан, написандидан, байни арзишҳои миллии тоҷикӣ ва арзишҳои исломӣ фарқ нагузоштан ба равиши одии матбуотӣ табдил ёфта буд. Бархе рӯзноманигорон дидаву дониста, мардумро ба иғво тела медоданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки беғаразӣ, бетарафӣ ва мувозинат дар журналистикаи муосир арзиши бунёдӣ маҳсуб гардида, риояи ин се асл имкони инъикоси созандаву ҳамаҷонибаи ҷангро таъмин мекунад. 

Тавре болотар зикр шуд, Роҳбари давлат бо дарки амиқи ҳассосияти вазъи сиёсии кишвар ва таъсири васоити ахбори умум дар иттилоотонӣ ва ташаккули афкори омма, барои тарғиби барномаҳо ва ақидаю ҳадафҳои худ аз минбари расонаҳои хабарии хориҷӣ низ ба таври фаровон истифода мекарданд.

Мусоҳибаҳои Эмомалӣ Раҳмон зери сарлавҳаи «Майдони ҷанг ҷойи гуфтушунид нест» (бо рӯзномаи русиягии «Красная звезда», январи соли 1994), «Ба фикрам, рӯзҳои вазнинтарин паси сар шуданд» (бо рӯзномаи «Российская газета», 18 январи соли 1996), бо маҷаллаи «Российская Федератсия» (июни соли 1996), рӯзномаи «Независимая газета» (9 августи соли 1996), «Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон омода аст» («Президентский вестник»-и агентии Интерфакс, соли 1997) нашри мақолаҳои «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Умедҳо ва ташвишҳои Тоҷикистон» (рӯзномаи «Сегодня», с. 1997-1998) ва муроҷиатҳо, изҳоротҳо, мақолаҳо, суханрониҳои дигари оммавии ӯ саршор аз эҳсоси меҳанпарастӣ, сулҳхоҳӣ ва созандагӣ буда, посухи равшан, асоснок ва кӯбанда ба мақолаю репортажҳои ғайриобъективӣ, таҳрифшуда ва бадномкунандаи расонаҳои хабарии хориҷӣ буданд.

Аз соли аввали Президенти Тоҷикистон интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон аз қашшоқӣ раҳонидани мардум, таъмини амнияти онҳо ва аз обу ҳаво ва сарватҳои табиӣ пурсамар истифода бурдани ҳар як хоҷагӣ, инчунин дигаргунсозиҳои иқтисодиро ҳадафи худ қарор дода буданд. 24 декабри соли 1994 дар нахустин машварат бо раҳбарони вазоратҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар, Президенти навинтихоб масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва таъиноти кадрҳоро баррасӣ карда буданд: «Тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, инкишофи иқтисод вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати мост. Зеро мардум агар пешрафтро, беҳбудро эҳсос накунад, ба мо бовар нахоҳад кард…

Буду нобуди давлат, буду нобуди мамлакат ба интихоби дуруст ё ғалати роҳбарони ноҳияҳо, муассисаҳо ва вазоратҳо вобаста мебошад. Ҳар касе, ки ба роҳбарӣ пешниҳод мешавад, бояд инсони комил бошад, дарди мардумро фаҳмида даво карда тавонад, ба вай одамон, ҳамкоронаш боварӣ ва эҳтиром дошта бошанд, ҳамроҳаш шаванд, супоришашро иҷро кунанд. Роҳбар шароити имрӯзаро дарк карда тавонад – дигар мо аз ҷое, аз касе марҳаматро нигарон шуда наметавонем, бояд ҳамаашро худамон кунем… Набояд манфиатҷӯии маҳаллӣ сабаби аз ёд рафтан ва ё фаромӯш шудани кадрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ гардад. Ҳамаи мо ба ноҳияҳои худ ё вилояти худ не, ба ҷумҳурии худ ҷавобгарем ва аз ҳамин нигоҳ бояд кор кард».

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ба аҳли зиё, бахусус эҷодкорон – журналистон, адибон, олимону сиёсатшиносон муроҷиат намуда, аз онҳо барои тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳхоҳонаи ҳукумат, мусоидаташон дар барқарории суботу ваҳдати миллӣ, ободкорию созандагӣ ситоиш мекарданд. Аммо, ҳамзамон аз он нигарон буданд, ки бархе «қаламбадастон» дар дохил ва хориҷи кишвар дар бораи фоҷиаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷилдҷилд китоб ва мақолаҳои калон навиштаанд ва он ҳама бештар аз худсафедкунӣ ё манфиатҷӯӣ, дурусттараш худнамоӣ ва ба тангкӯчаи торики навмедӣ кашидани одамон иборат аст. Роҳбари давлат зимни суханрониашон дар маросими таҷлили 4-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1995, дар ин робита гуфта буданд, ки дар «асарҳо»-и мазкур таҳлилу натиҷагирӣ аз ҳодисаҳои рухдода ва равшан сохтани роҳи мо ба сӯйи оянда камтар ба мушоҳида мерасад: «Бинобар ин, ба муаррихону сиёсатшиносони мо зарур аст, ки заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва равонии ин ҳодисаҳоро бо таҳаммул ва ҳамаҷониба омӯзанд, ба онҳо баҳои воқеъбинона диҳанд, то ки хулосаҳои илмӣ барои наслҳои оянда дарси ибрат гарданд».

Таври маълум, ҷанги ҳамватанӣ ба фаъолият ва авзои ВАО-и тоҷик ҳам таъсири амиқи манфӣ расонид. Террор, таҳдид ва зӯроварӣ нисбати журналистон, маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоот аз ҷумлаи мушкилоти аслӣ буданд. Танҳо дар 5 соли вуқӯи ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон ҳангоми иҷрои рисолати касбӣ беш аз 70 журналист кушта ё беному нишон шуданд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1996, вақте дар мавриди 5 соли истиқлолияти давлатӣ сухан мекард, куштори журналистони саршиноси тоҷик Муҳиддин Олимпур, Давлаталӣ Раҳмоналиев ва даҳҳои дигарро ҷуброннопазир ва ҷойи онҳоро дар ҷомеаи мо холӣ номиданд: «Ин шахсиятҳо ва боз садҳои дигар муборизони ҷоннисори истиқлолияти Тоҷикистону озодии тоҷикистониён буданд».

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 нишонаи ба анҷом расидани рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар замони раҳбариашон дар кишвари ҷангзада мебошад. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард» ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад. Бо тасвиби ин ҳуҷҷат роҳи дароз, пурмашаққат ва бағоят муҳими ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт. Ин санади муҳиму тақдирсоз, гуфтан мумкин аст, ки ба «ҷангҳои иттилоотӣ» низ хотима гузошт. Сарвари давлат дар аввалин мақолаи худ «Тоҷикистон дар остонаи фардо», ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ, 24 июли соли 1997 дар рӯзномаи бонуфузи «Сегодня»-и Россия ба чоп расонид, зикр кардаанд, ки акнун Тоҷикистон мекӯшад масъалаи созмони ҷамъияти навро бо роҳи баргардонидани ҳамаи фирориён ба Ватан ва муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии қаблан мухолиф ҳал намояд: «…Демократизме зарур аст, ки ваҳдати миллиро заиф накарда, баръакс, мустаҳкам намояд, дастовардҳои гуногунандешии солиме мебояд, ки ба устуворӣ ва якпорчагии мамлакат мусоидат бикунад… Вазифаи муттаҳидсозӣ ва таъмини ваҳдати халқ дар сурати норасоии маданияти сиёсие, ки ба шароити нав ва талаботи ҷамъиятӣ ҷавобгӯй бошад, вазифаи давлат аст… Аз ин лиҳоз, мо бояд ба тамоми кӯшишҳое, ки пояҳои давлатдорӣ ва риояи Конститутсияро заиф мегардонанд, роҳ надиҳем. Ин маънои онро надорад, ки мо аз озодии танқид нисбати давлат даст мекашем». Аммо, ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, танқид ва озодии афкор бояд асоснок ва қобили қабул бошад, барои солимгардонӣ ва такомули аркони давлат мусоидат кунад, на барои шикастани он.

Аз замони ҷанги таҳмилию харобиовари шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳо пайи ҳам мегузаранд. Маҳз иродаи қавии мардуми кишвар ва Сарвари мамлакат буд, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳу амният, назму суботи ҷомеа, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Ба итминони Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва бо расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст… Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем».

Қобили зикр аст, ки китоби сеҷилдаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (соли 2001) матни 195 баромади телевизионӣ, радиоӣ, матбуотӣ, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, паёмҳо ва хитобаю муроҷиатҳои Роҳбари давлатро дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаро гирифта, талошҳои ӯро барои бунёди давлатдории навин, барқарории иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар дар оғози солҳои 90-ум, раванди сулҳофарӣ, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ бозгӯ мекунад. Ин китобҳо  ҳамчун сарчашмаи боэътимоди маълумот оид ба фаъолияти ҳукумати кишвар таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар 10 соли аввали касби истиқлолияти давлатӣ, инчунин вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ метавонанд хизмат кунанд.

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон ва иртиботу ҳамкории ӯ бо воситаҳои ахбори омм а бо мақсади тарғибу ташвиқи оштию бародарӣ, хомӯшсозии алангаи ҷанги ҳамв атанӣ, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари илмҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва журналистика ҳанӯз ба таври бояд тадқиқ ва арзишдиҳӣ нашудааст. Амм о яқин аст, ки Роҳбари давлати мо ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро доданд, ки ин таҷриба имрӯз аз ҷониби институтҳои ҷаҳонии низоъшиносӣ ва кишв арҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ, он гуна ки Пешвои миллат таъкид медоранд: «Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ бояд натанҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад».

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода