Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » А. Салимзода: “Барои ҳамкории пурсамар миннатдорӣ баён мекунем”


А. Салимзода: “Барои ҳамкории пурсамар миннатдорӣ баён мекунем”



Дирӯз, 14 феврал, дар шаҳри Бохтар нишасти матбуотии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва доираи васеи рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, Амонулло Салимзода ба намояндагони ВАО барои ҳамкории хубу созанда, пешниҳоди барномаҳо, гузоришҳо, хабару мақолаҳои таҳлилии пурмуҳтаво, масъалагузориҳои муҳим, инъикоси дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар соли 2022 миннатдории самимӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар соли гузашта ба 33,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2021-ум 8,1%-ро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 29,2% аст. Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ дар вилоят ба ҳар сари аҳолӣ 9,4 ҳазор сомонӣ рост омада, нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 1655,3 сомонӣ зиёд аст.

Муовини якуми раиси вилоят инчунин хабар дод, ки соли 2022 соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба андозаи 2 миллиарду 454,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, 2 миллиарду 116,5 миллион сомонӣ ё ин ки 87,5%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

- Дар соли 2022 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 3 миллиарду 10 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба соли 2021- ум 504,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - афзуд А. Салимзода. - Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 971,6 миллион сомонӣ (32,2%), саноат 199,2 миллион сомонӣ (6,6%), сохтмон 92,7 миллион сомонӣ (3,1%), нақлиёт 16,6 миллион сомонӣ (0,6%), хӯроки ҷамъиятӣ 4,8 миллион сомонӣ (0,2%), хизматрасонӣ 258,9 миллион (8,6%), савдои хориҷӣ 303,3 миллион (10,1%), истеъмолот 1108,3 миллион (36,8%) ва дигар соҳаҳо 54,6 миллион сомонӣ (1,8%) равона карда шудааст.

Зикр шуд, ки соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2021-ум 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 59,8%, истихроҷи маъдан 4,3%, истеҳсоли неруи барқ 35,4% ва хизматрасонии об 0,5 фоизро ташкил дод. Соли гузашта 128 корхона ва коргоҳ таъсис ва 1525 ҷойи кории нав фароҳам оварда шудааст.

Ба иттилои муовини якуми раиси вилоят, соли 2022 ба ҳисоботи оморӣ 924 биною иншооти навсохт ба маблағи умумии 826,9 миллион сомонӣ ворид гардид. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 6260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ТВ «Тоҷикистон» А. Азиззода, ТВ «Сафина» Қ. Қурбонов, намояндагони нашрияҳои «Ҷумҳурият» З. Ҳасан, «Садои мардум» С. Султонов, нашрияи «Пайк» А. Иброҳим, «Азия-плюс» С. Назриев, «Бонувони Тоҷикистон» Ҷ. Сайфиддин, «Меҳтарони Хатлон» С. Шомалангзода, «Тоҷикистон» М. Аловиддин ва дигарон вобаста ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таҳсилоти томактабӣ, таъмини таълимгоҳҳо бо омӯзгорони баландихтисос, ҳиссаҷудокунӣ аз буҷет, вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва мавзӯъҳои дигари мубрам саволҳо дода, посухи қаноатбахш дарёфтанд.

Муовини якуми раиси вилоят А. Салимзода дар интиҳои нишасти хабарӣ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат (23 декабри соли 2023) муқаррар гардидаанд, дастуру супоришҳое, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят рӯзҳои 24 феврал ва 18 июни соли 2022 баён доштанд, инчунин барои баррасӣ ва расидагӣ ба таклифу масъалагузориҳои ҷомеаи журналистӣ тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои ободонию созандагиро таҳким мебахшад.

- Барои ноил шудан ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва бо натиҷаҳои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо ба мардум ва шумо – намояндагони воситаҳои ахбори омма такя мекунем, - афзуд А. Салимзода.

Н. Маъмурзода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода