Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дастаи «Хатлон» пирӯзӣ ба даст овард


Дастаи «Хатлон» пирӯзӣ ба даст овард



Бозиҳои  даври  19-уми  Чемпионати  Тоҷикистон  оид  ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. 

Марҳилаи  сеюми  Чемпионати Тоҷикистон  имсол  дар  шакли  нав баргузор мешавад. Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи «А» барои ҷоизаҳо ва  дастаҳое,  ки  ҷойҳои  6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи «В» барои нигоҳ  доштани  мавқеашон  дар  Ли-гаи олӣ талош мекунанд.

Дар даври 19-ум дар гурӯҳи «А» ду бозӣ баргузор шуд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи  КМВА-и  шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Голҳои дас-таи  «Хатлон»-и  шаҳри  Бохтарро Тоҳирҷон  Тағойзода  (2  гол),  Нуриддин  Ҳамроқулов,  Рустамҷон  Кучкаров ба нишон расониданд.

Бозии  дигари  гурӯҳ  миёни дастаҳои  футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо  «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд  бо  ҳисоби  мусовии  3:3   анҷом  ёфт.  Абдухалил  Боронов  аз дастаи футболи «Равшан» ду гол ва Шодиҷон  Муродов  як  гол  ба  нишон расониданд. 

Ҳоло дастаи «Хатлон» бо 31 имтиёз аз 19 бозӣ пас аз «Истиқлол»-и  Душанбе  (39  хол)  дар  мақоми  дувум ва «Равшан» бо 29 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода