Дар як сатр
Таъсиси грант барои духтарони деҳот
10:1310 апрел

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Зиёда аз 20 нафар духтарони касбу кори гуногуни ноҳияи Балҷувон дар доираи лоиҳаи “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” ба курсҳои омӯзишии “Духтарон – роҳбарони ояндасоз” ҷалб карда шудаанд.

759 гектар талу теппа боғзор мешавад
10:4607 апрел

759 гектар талу теппа боғзор мешавад

Боғдорони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии бунёди боғу токзорҳо барои солҳои 2016-2020» то имрӯз дар майдони 759 гектар заминҳои ғайрикорами обӣ, яъне талу теппаҳо ниҳол шинонида, нақшаи солонаро ба андозаи 81 фоиз иҷро намуданд.

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”
08:1406 апрел

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода семинар-машварати омӯзишӣ оид ба моҳияти “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия баргузор гардид.

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим
10:2003 апрел

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумак расонид.

Таҳияи «Роҳнамои сармоягузор»
10:1703 апрел

Таҳияи «Роҳнамои сармоягузор»

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими муаррифии “Роҳнамои сармоягузори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон-2017” баргузор гардид.

Тамринҳои муштараки низомӣ
16:1231 март

Тамринҳои муштараки низомӣ

Дар ҳудуди вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд.

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад
15:5531 март

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Дар вилояти Хатлон тамоми навоҳии пахтакор (ба истиснои шаҳри Кӯлоб), тибқи реҷа, ба кишти пахта оғоз бахшидаанд. Дар ин маърака кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ пешқадам мебошанд.

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят
14:0824 март

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят

Субҳи 24 март дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа тантанаҳои наврӯзӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардида, дар варзишгоҳи "Пахтакор" бо барномаи театрикунонидаи наврӯзӣ идома кард.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд
15:1523 март

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хатнасури хайриявии 1136 писарбача ва тӯйҳои домодию арӯсии 91 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд.

Гузориш аз тантанаҳои вилоятии Наврӯз дар Фархор (аксҳо)
15:4322 март

Гузориш аз тантанаҳои вилоятии Наврӯз дар Фархор (аксҳо)

Тавре ки шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, дар макони баргузории чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз дастурхони идона аз рӯйи ҳафт сину ҳафт шин ороста шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ доир гардиданд. Нимаи дуюми рӯз мусобиқаи варзишии гӯштин дар варзишгоҳи марказӣ, пойга ва дигар намуди мусобиқаҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулшан барпо шуд.

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд
10:0916 март

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд

Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯйи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон («зархаридӣ») 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин мард О.К. охири соли 2016 боздошт шудааст.

Чемпионати духтарони волейболбози Хатлон
10:0616 март

Чемпионати духтарони волейболбози Хатлон

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Чемпионати вилояти Хатлон оид ба волейбол байни бонувон баргузор гардид. Дар чемпионат 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Бохтар, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Н. Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ ва коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзиданд.