Дар як сатр
Омодагӣ ба таҷлили шоистаи Наврӯз
09:0410 феврал

Омодагӣ ба таҷлили шоистаи Наврӯз

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҷашни вилоятии «Наврӯз-2017» дар ноҳияи бостонию зебоманзари Фархор таҷлил мешавад. Айни ҳол корҳои омодагӣ ба таҷлили шоистаи Наврӯз дар доираи нақшаҳои тарҳрезигардида дар Фархор ҷараён доранд.

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад
09:1506 феврал

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Ӯ ҳамеша мекӯшад, ки ба эътимод ва таваҷҷуҳи шогирдони худ сазовор шавад, зеро дуруст медонад, ки агар тарбиятгар ба ин мақсад бирасад, ба ҳама комёбиҳо ноил хоҳад шуд. Ӯ таълиму тарбияи насли наврасро вазифаи худ медонад ва ин аст, ки беш аз нисфи умраш ба кори мактаб, пайи касби омӯзгорӣ сипарӣ шудааст. 26 сол боз ин омӯзгори асил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Тӯли ин солҳо Ҷамила Санавбарова пайваста дар соҳибилм шудани насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳад, то насли шоистаи даврон, насли донишманду ватандор, насли ояндасози тоҷикро ба воя расонад.

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст
15:3004 феврал

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

- Дар вилоят соли 2016 нақшаи ду намуди андоз таъмин нагардид, - хабар дод Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, - андоз аз даромад 5% (10 миллион сомонӣ) ва андоз аз арзиши иловашуда 2% (3,5 миллион сомонӣ).

«Асарҳои саҳнабоб»-и Аловуддин
15:1501 феврал

«Асарҳои саҳнабоб»-и Аловуддин

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, чанде пеш китоби тозанашри худро бо номи «Асарҳои саҳнабоб» муаррифӣ намуд.

Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад
11:0401 феврал

Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад

Аз 1 январи соли 2017 меъёри андоз аз фоида ба андозаи 1 фоиз паст ва меъёри пардохтҳои ҷории он кам карда шуд. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъкид шудааст.

Муҷозот барои дипломи қалбакӣ
17:0630 январ

Муҷозот барои дипломи қалбакӣ

Масъулони Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Вахш барои додани дипломи қалбакӣ ба шаҳрванд аз ҷониби Раёсати агентии зиддикоррупсионии вилояти Хатлон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар
16:5930 январ

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро дар соли 2016 ноҳияҳои Ҷайҳун 13 фоиз (ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ) ва Фархор 11 фоиз (2,7 миллион сомонӣ) таъмин карда натавонистанд. Дар ин бора Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа
15:0725 январ

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа

Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон 21 январ дар майдони назди теппаи таърихии Қӯрғони маркази вилоят ҳамоише ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барпо гардид.

Х. Рауфзода: «Мақомоти гумрук яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ маҳсуб меёбад»
09:2019 январ

Х. Рауфзода: «Мақомоти гумрук яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ маҳсуб меёбад»

22 январ Иди касбии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 22 январи соли 1992 бо таъсисёбии Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси хадамоти гумруки имрӯза гузошта шуд. Имсол 25-умин солгарди таъсисёбии ин мақомот таҷлил мегардад.

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?
17:3213 январ

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

Гуфтанд: «Раёсати маориф барои иштироки 230 нафар хонанда дар ин санҷиш дархост дода будааст. Аммо шумораи толибилмони ҳозиршуда аз 1000 нафар зиёдтар аст. Бинобар ин, ҳоло варақаҳои имтиҳониро нусхаафзоӣ карда истодаанд…» Аҷаб коре? Наход олимпиадаи байналмилалӣ бо чунин ҳамоҳангии заиф ва кутоҳбинона сурат бигирад?! Ё мақсад танҳо ҷамъ овардани маблағи иштирокчиён аст?!

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»
16:0113 январ

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

Соли гузашта аз тарафи Раёсат 436 адад ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуд, ки аксари онҳо бевосита дар ҳамкорӣ бо мардум ошкор карда шуданд. Эътимоди мардум ба мақомоти мо рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст. Танҳо дар соли гузашта 796 ариза ва муроҷиати шаҳрвандон оид ба амалҳои коррупсионӣ ба Раёсати агентӣ ворид гардидааст, ки ин далели иддаои болост

5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд
16:5712 январ

5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд

Дар натиҷаи 319 санҷишу тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории давлатӣ, ки аз ҷониби Раёсати агентии зиддикоррупсионӣ дар вилояти Хатлон тайи як соли охир сурат гирифтааст, наздики 28,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.