Дар як сатр
Оила- асоси зиндагӣ
13:0909 феврал

Оила- асоси зиндагӣ

Дар бораи оилаву оиладорӣ гуфтану навиштан басе маҳол аст. Зеро ин мафҳумро ҳар кас ба таври худ қабул мекунад. Масъалаи басе нозук аст оилаву оиладорӣ. Лекин мақсад якест: оила бояд қавӣ, мустаҳкам ва пойдор бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим пойдевори давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳар қадар оила солим бошад, давлат ба ҳамон андоза пойдор хоҳад монд.

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона
09:2903 феврал

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили 23-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 январ дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивал-озмуни вилоятии гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии тобеи вилоят, донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст
08:2002 феврал

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

«Дар пойдориву устувории оила падар ҳамчун ризқрасон ва модар ҳамчун тарбиятгар нақши калидиро мебозанд. Бинобар ин, оилаҳое, ки дар заминаи эътимоду боварӣ ва меҳру муҳаббати якдигар бунёд меёбанд, пойдору побарҷо хоҳанд буд».

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!
11:4426 январ

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

Дар барномаи «Боз чӣ гап?»-и телевизиони Осиёи Миёна (САTV) оид ба вазъи имрӯзаи ҷумҳуриамон барномаҳое иғвоангезе пахш мешаванд, ки гӯё дар Тоҷикистон дини ислом мамнӯъ шудаасту дари масҷидҳоро барои наврасон бастаанд ва бачаҳо дигар наметавонанд роҳ ба сӯйи ибодат пеш гиранд.

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!
16:5116 январ

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил шудааст, ки мардум худ шоҳид мебошанд ва хуб медонанд. Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки ин дастовардҳо ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро дидан намехоҳанд. Бар сари миллату ватани худ санги маломат мезананд.

Гургзода оқибат  гург  шавад
14:1416 январ

Гургзода оқибат гург шавад

Оғози зуҳуроти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи экстремистӣ ва ифротгароӣ аслан аз давраи нооромиҳои солҳои навадуми қарни гузашта дарТоҷикистон сар шуда буданд. Душманони миллат, ки натавонистанд бо роҳи ҷангандозӣ ба мақсад ноил шаванд, пинҳонкорона бо тадбирҳои нодурусту зидди миллату давлат шурӯъ карданд.

Дӯст хуни ҷигарам мекунад
16:1315 январ

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Хабари ширкати Мухиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-и мамнӯъ эълоншуда дар конфронси «Ваҳдати исломӣ»-и давлати исломии Эрон ва боз дар паҳлӯи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуданашро шунида, сахт шигифтзада шудем. Мо дар ҳайрат мондем, давлати исломие, ки бо мо ҳамдину ҳамзабон аст ва ҳамеша лофи ёриву бародарӣ мезанад, чӣ гуна шахсеро, ки фаъолияти ҳизби ифротиаш тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» даъват мекунад?

Бо дили бузург ба дунё омад
11:3914 январ

Бо дили бузург ба дунё омад

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аз ҷумла бунёди сохтмонҳои азим, роҳи абрешим, нақбҳо, созандагию ободонӣ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ мекашад.

Каждуми зери бӯрё
09:2014 январ

Каждуми зери бӯрё

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳури исломии Эрон аз замонҳои қадим муносибати дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад. Ин ду давлат, ки дар ҳама соҳаҳо- забон, миллат, урфу одат, арзишҳои илмию фарҳангӣ аз як реша сарчашма гирифта, ташаккул ёфтааст. Муносибати дӯстона мо дар тӯли асрҳо мустаҳкам буд ва мустаҳкам мемонад.

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат
13:0906 январ

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Он рӯзе, ки мо - сокинони вилояти Хатлон кайҳо интизораш будем, ниҳоят фаро расид. Нуҳуми декабри соли равон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Сарвари муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат сазовор гардид.

Номаи қалби табибон
08:5004 январ

Номаи қалби табибон

Имрӯз кулли табибони Ватан, бахусус табибони шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ҳиммату саховати Ҷаноби Олӣ бо як ҷаҳон хушнудӣ истиқбол мекунанд. Шароити мусоиди корӣ таҷҳизотҳои муосиру пешрафта, беморхонаҳои барҳавою замонавӣ моро вазифадор месозад, ки барои халқи азизамон аз ҷону дил хизмат намуда, баҳри пешрафти соҳа саҳми арзандаи худро гузорем.

Шукр, ки ба аслияти хеш баргаштем
09:4122 декабр

Шукр, ки ба аслияти хеш баргаштем

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест ва барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал доштан зарурат дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи ҳизбу ҳаракат ва ниҳодҳое, ки ба фаъолият оғоз мекунанд, бояд аз як тараф баҳри оромиву осудагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ободонии кишвар саҳм бигиранд, аз ҷониби дигар, ба олами ботинии инсонҳо ростиву дӯстӣ, имондориву инсонгароиро густариш бидиҳанд.

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд
09:3322 декабр

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Бозиҳои азими сиёсӣ ва равандҳои бузурги геополитикӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи «ҷиҳод», махсусан ҷиҳоди исломӣ, вирди забонҳои мардум гардидааст. Аз шунидани ин вожа ҳамзамон саҳнаи куштори ваҳшиёнаи одамон ба ёд мерасад. Агар ба умқи аслии «ҷиҳод» фурӯ равем, мебинем, ки он маънии мусбат дошта, ҳадафаш ҳифзи субот, таҳкими амният ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.