Дар як сатр
Ҳифзи  меҳан номуси  ватандорист
15:1623 феврал

Ҳифзи меҳан номуси ватандорист

Мегӯянд, «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Агар чунин аст, пас мо вазифадорем, ки онро ҳифз ва барои рушду нумӯи он тамоми нерӯи созандаву ақлонии худро сарф намоем. Ин аст қарзи одамию ватандории ҳар як фарди солимфикр, аз ҷумла мо, ҷавонон.

Фирефтаи бегонагон нашавем
08:4015 феврал

Фирефтаи бегонагон нашавем

Бозиҳои азими сиёсӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи ҷиҳод, махсусан, ҷиҳоди исломӣ вирди забонҳои мардум гаштааст. Аз шунидани ин калима пеши назар куштори ваҳшиёнаи одамон меояд.

Дуогузор ҳастем
11:5814 феврал

Дуогузор ҳастем

Соли 2016 ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷетӣ, инчунин нафақа ва идрорпулӣ аз 15 то 30 фоиз зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он дар як сол 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Аз чунин ғамхориҳо дар роҳи баландшавии сатҳи зиндагии собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, ки баъди меҳнати пурмаҳсул имрӯз давлати пирӣ меронанд, бениҳоят миннатдоранд.

Роҳ пайвангари қавмҳо
16:1710 феврал

Роҳ пайвангари қавмҳо

Дар воқеъ дар сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафи стратегӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор рафта, дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гаштем. Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш зикр намудаанд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ёде аз Аброр Зоҳир
09:3310 феврал

Ёде аз Аброр Зоҳир

Журналист ва нависандаи адабиёти сиёсӣ як сол аст, ки дар байни мо нест

Рӯ ҷониби тараққиёт
09:2810 феврал

Рӯ ҷониби тараққиёт

Соли 2016 бо як силсила санаҳои муҳиму таърихӣ, аз ҷумла, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 ноябр ҳамчун рӯзи иди миллӣ қабул гардидани “Рӯзи Президент”, инчунин, баргузории дигар санаву ҷашнвораҳои миллию давлатӣ дар хотир ва қалби ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла, мардуми ноҳияи Вахш бо таассуроти миллию хештаншиносӣ нақш бастаанд.

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ
14:3809 феврал

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Пайдост, ки ҳам корхонаю муассисаҳо ва ҳам аҳолӣ ба истифодаи қувваи барқ ниёзи доимӣ доранд. Мо - кормандону мутахассисони соҳаи барқ вазифадорем, ки оид ба пешбурди корамон масъулияти ҳамарӯза дошта бошем. Ман ҳамчун сардори шабакаҳои барқ бо боварии комил гуфта метавонам, ки аз уҳдаи корамон дар соли гузашта ба хубӣ баромадем, зеро медонем ва доиман эҳсос мекунем, ки кори мунтазаму муътадили муассисаву корхонаҳо, зиндагии бароҳати аҳолӣ ба заҳмати мо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, доиман мекӯшем, ки сифати хизматрасониро ба таври ҳамешагӣ бештару беҳтар гардонем.

Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем
11:0009 феврал

Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем

Қобили зикр аст, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир буда, кӯшиш мекунанд аз илмҳои замон бархӯрдор гарданд. Онҳо бо навтарин технология кор карда метавонанд, бо забонҳои хориҷӣ ҳарф мезананд, ки ин афзалиятҳои муҳимтарини ҷавонони муосир ба шумор меравад.

Ғоиб Сафарзода: «Мо роҳгузарему дар сафар мегузарем»
08:4806 феврал

Ғоиб Сафарзода: «Мо роҳгузарему дар сафар мегузарем»

Ғоиб Сафарзода. Ин ном солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми садаи гузашта дар сафҳаи рӯзномаю маҷаллаҳо хеле зиёд ба чашм мерасид. Ҳамчун шоир ва рӯзноманигори варзида маводҳои батабърасондааш диққати ҳазорон хонандаро ба худ ҷалб менамуд. Ба масоили гуногуни давр даст мезад. Хосатан масъалаи тозагии забон, ҳусни баён, эҳтирому эътирофи забони ноби тоҷикӣ, номгузории корхона, маҳаллу навоҳӣ бо забони тоҷикӣ ва зинда гардонидани бузургони гузаштаамон, ватану ватандӯстӣ, ваҳдату рафоқат аз мавзӯъҳои асосии навиштаҳои ин шоири тавоно ва рӯзноманигори нотарсу ҷасур ба шумор мерафтанд.

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....
08:4406 феврал

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Илму дониш дар ҳама давру замон такондиҳандаи фикру ақидаи шахс буд ва мемонад. Дониш инсонро дар ҳама ҷо обрӯманд ва муваффақ мегардонад. Инсони босавод тамоми мушкилоти зиндагиро бартараф карда метавонад ва намегузорад, ки оила ва ҷомеа ба парокандагӣ дучор ояд.

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад
15:4304 феврал

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Дар марҳилаи навини таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷуғрофиёи фаъолияти ин ташкилотҳо рӯз аз рӯз ҳудуди давлатҳои алоҳидаро рахна сохта, характери фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда истодааст.

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!
15:1901 феврал

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Лоиҳаи муштараки идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон

Ангораи «Наврӯз-2017» тасдиқ шуд
10:1801 феврал

Ангораи «Наврӯз-2017» тасдиқ шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд
08:4931 январ

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Ҳар як халқият дорои хусусиятҳои фарқкунандае мебошад, ки муаррифгари давлату миллаташ ба шумор меравад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи миллати тоҷик либоси миллии ӯст, ки ҳамчун алмос ҷавоҳирони тоҷикро дурахшандатар мегардонад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ин раванд аз байн рафта истодааст. Шояд баъди чанд сол миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои бостонӣ ва тамаддунпарвар ба шумор меравад, боигарии фарҳангии худро аз даст диҳад. Ин фоҷиа барои халқи тоҷик такони бузург аст, ки миллатро ба бегонапарастӣ оварда мерасонад.