Дар як сатр
Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем
09:3302 май

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ШВКД дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрии судманде оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, масъулияти ватандорӣ ва худшиносии миллӣ байни ҷавонону наврасон доир намуд.

Ҳушёриро аз даст надиҳем
09:2502 май

Ҳушёриро аз даст надиҳем

Ифротгароӣ амалест, ки ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар қарор дода, пеш аз ҳама, теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кӯдаконро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонида, модаронро гирифтори ғам менамоянд.

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо
09:2024 апрел

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар давоми се моҳи соли равон наздики 1850 адад асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифт, ки аз он 821 адад сабти таваллуд ва 276 адад сабти никоҳ мебошад. Аз ҳисоби сабтҳои умуми 39430 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети маҳаллӣ ва 23154 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлия даромад шудааст. Вобаста ба дастуру ҳидоятҳо дар бобати ба сарпарастӣ гирифтани ятимону бепарасторон, дар ин муддат бо дастгирӣ ва раводиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор, сокинони ноҳия панҷ нафар ятимро ба фарзандхонӣ қабул намуданд, ки ин ҳолат ба қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил гардид. Ҳамчунин, дар роҳи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар самти номгузорӣ 148 нафар шаҳрвандони ноҳия дар ин муддат ивази ному насаб карданд, ки он ҳам бо роҳи қонунӣ асоснок карда шуд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз
08:5324 апрел

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Дар оянда соҳибкорони камдаромад, ки ба фаъолияти фурӯши гиёҳҳои шифобахш, дӯғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпраст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷалла ва тақвиму китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмиру тоза кардани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефонии кӯчагӣ, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯйи воситаҳои нақлиёт дар кӯча ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда, қабрканҳо, дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), ҳамчунин, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарию кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегиранд.

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ
09:1018 апрел

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

Рисолаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов "Идеология ва манфиати миллӣ" ва тақризи Аълочии маорифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи марифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода "Пойдории миллат аз рушди маънавиёт ва мафкураи миллист"диққати маро ба худ ҷалб намуданд. Дар ин мақолаҳо, воқеан масъалаҳои ниҳоят ҳаётии пойдории давлату миллат ба миён гузошта шудааст. Махсусан, аз тарафи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба миён гузоштани ҳалли фаврии муайян намудани мафкурае, ки бо тамоми ҳастӣ, қувва, ақлу хирад ва дилу ҷон манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд, зарур аст.

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)
09:3017 апрел

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)

Ноҳияи Балҷувон на танҳо бо шаршараи овозадори Сари Хосор, балки бо чандин мавзеи таърихиву зиёратӣ ва табиати басо зебою нотакрораш таваҷҷуҳи зиёди сайёҳҳонро ҷалб намудааст.

«Бешаи палангон»
16:2913 апрел

«Бешаи палангон»

Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» 4 ноябри соли 1938 дар масоҳати 49700 гектар ташкил шуда, дар резишгоҳи рӯди Вахш ба дарёи Панҷ, дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қободиёни вилояти Хатлон воқеъ аст.

Пешвои миллат-ифтихори миллат
10:2307 апрел

Пешвои миллат-ифтихори миллат

Донистани таърих ва огоҳ будан аз гузаштагони миллати хеш қарз ва вазифаи авалиндараҷаи ҳар як инсони ватандӯсту меҳнатқарин аст. Барои халқи мо дарк кардани он, ки мо кистем, аз куҷо омодаем, муҳим аст. Тамоми миллату халқиятҳои дунё аз рӯзи азал ба роҳнамоӣ ва пешвое ниёз доштанду доранд, ки онҳоро дар роҳи сулҳу субот ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ роҳнамоӣ намояд.

Шӯрои уламо: «Дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро набинед!»
09:3507 апрел

Шӯрои уламо: «Дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро набинед!»

Чандест, ки филмҳои туркӣ ба мисоли «Ҳомиён», «Садбарги сиёҳ», «Садоқат» ва ба инҳо монанд мардумро чунон шефтаи худ кардаанд, ки қариб ҳамаи хонавода онҳоро бо шавқ тамошо мекунанд. Бештари оилаҳои тоҷик, бахусус, хонаводаҳои рустоӣ ҳар ҳафта на кам аз 2 - 3 филми туркӣ харидорӣ мекунанд.

Ҷавонон-неруи созанда
13:5405 апрел

Ҷавонон-неруи созанда

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи зиёд ба насли ҷавони кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд.

Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи  бекор...
10:1405 апрел

Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи бекор...

Ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои Аврупою Амрико алайҳи Федератсияи Русия тайи чанд соли охир ин кишварро ба буҳрони молӣ оварда расонд. Қурби рубл башиддат поин рафта, маоши муҳоҷирони меҳнатӣ низ чанд маротиб дар қиёс бо доллари амрикоӣ паст гардид. Дар натиҷа, ҳаҷми маблағҳои истеъмолӣ ва пардохтии оилаҳои муҳоҷирони тоҷик низ коҳиш ёфтанд. Илова бар ин, қонуни нави муҳоҷирати Русия расман аз моҳи январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад, ки феълан дигар муҳоҷирони мавсимии тоҷик ба манзури сарфаҷӯии молӣ аз дарёфти иҷозатномаи кор фирор мекунанд. Маъмулан, ин ҳолат сабаб мешавад, ки муҳоҷирон бо риоя накардани қавонини маъмурӣ ва бемасъулиятии ҳуқуқӣ ба иштибоҳот роҳ дода, охиран “депорт” мешаванд.

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад
09:4405 апрел

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расо даҳ сол сипарӣ мегардад. Гузашти солҳо нишон дод, ки ин иқдом боиси коҳиш ёфтани хароҷоти барзиёди шаҳрвандон, захира шудани буҷаи оилавӣ, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ дар ҷомеаи мо гардид.

Таҷассумгари некию покӣ ва меҳрубонию хайрхоҳӣ
10:5728 март

Таҷассумгари некию покӣ ва меҳрубонию хайрхоҳӣ

Наврӯз ҷашни миллии мардумони форсинажод буда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Дар бораи қадимӣ будани ин иди миллӣ донишмандони хориҷӣ ва олимони форсизабон дар асарҳои худ маълумоти мухталиф овардаанд.

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…
15:0327 март

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Вақт довари аслии арсаи зиндагӣ буда, пардаро аз болои ҳама гуна асрори пӯшида батадриҷ мебардорад ва ҳар нафарро дар нусхаи асли хеш нишон медиҳад. Муайян мекунад, ки пушти суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд.