Дар як сатр
Захираҳои табиӣ - бойигарии мо
09:4705 июн

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои экологӣ аз давраҳои пеш ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёфт ва ҳозир ҳам ҳаст.

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»
09:3125 май

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

Дер боз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ҷавонону аҳли ҷомеаи ноҳияро шомил шудани як идда ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистию террористӣ ва пайвастани онҳо ба гурўҳҳои ҷиноятпешаю ифротгаро ба ташвиш овардааст. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматови ноҳия нисбат ба деҳаҳои дигар бештар осебпазир буда, аз ин русто беш аз 10 нафар ҷавонони гумроҳшудаю фиребхўрда дар сафҳои ДИИШ меҷанганд.

Соҳибкорӣ рушд меёбад
09:4720 май

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Рушду инкишофи иқтисоди кишвар ва таъмини некӯаҳволии мардум ба фаъолияти соҳибкорону тоҷирон вобастагии калон дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, алалхусус, чанд соли охир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва аз байн бурдани монеаҳои барзиёди маъмурӣ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд.

Роҳнамои табибон
08:5317 май

Роҳнамои табибон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, иброз доштанд: «Беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд».

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем
08:2715 май

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Мушкилоте ки имрӯз ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди созандагию бунёдкорӣ халал эҷод мекунад ва боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ омадааст. Аз ҷумла дар Паём зикр ёфтааст, ки ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Тибқи назарпурсии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Кӯлоб. Ёде аз гузашта
11:1311 май

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

9 май ба санаи таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм 72 сол пур шуд. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳ азиз аст, чунки ин ҷанг пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гулгул шукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Андозро супору осуда бихоб
11:4410 май

Андозро супору осуда бихоб

Гурӯҳи назорати фаврии шуъбаи санҷиши андозҳо дар вилояти Хатлон тибқи талаботи қисми 3 моддаи 39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби истифодаи МНХ-и дорои хотираи фискалӣ» таҳти №210 аз 02.05.2013, фармоиши раиси Кумитаи андоз «Оид ба тамғагузории нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва назорати истифодаи тамғаҳо дар мақомоти андоз» амал намуда, дар фаъолияти худ як қатор корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Ҷавонмардиро аз ҷавонмардон биомӯз
14:2608 май

Ҷавонмардиро аз ҷавонмардон биомӯз

Мо шукрона аз он мекунем, ки имрӯз як кишвари тинҷу осуда ва соҳибистиқлолро дорем ва бо роҳбарии фарзанди далеру матинирода ва хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайи ободии ватан камари ҳиммат бастаанд. Имсол дар кишвари азизамон 72-юмин солгарди Ғалаба ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ рост омад. Умед ба он мебандем, ки бо меҳнати ҳалоли ҳамдиёрон ва бо мададу ҳидояти меҳтарони ҷанг бахусус иди Ғалаба заминае барои ғалабаҳои тоза дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги кишвар хоҳад гашт.

Родмарде аз Сангтӯда
14:2108 май

Родмарде аз Сангтӯда

Хабари шуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳаи Баҳораки ноҳияи Данғара расид. Ҷавонони баору номуси ин диёр ба ҳифзи Модар-ватан бархостанд. Дар қатори онҳо аз оилаи бобои Саттор Қурбонов се фарзанд – Маҳмадсаид, Шойимардон ва Борон низ ба ҷанги зидди фашистони гитлерӣ рафтанд.

Қаҳрамонон намемиранд
14:1708 май

Қаҳрамонон намемиранд

Солҳо мегузарад, аммо он нафароне, ки барои амнияту оромӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Ватани хеш хизматҳои шоён нишон дода, рисолати ҷавонмардии худро адо намудаанд, қаҳрамониҳои онҳо аз хотираҳои насли ояндаи он миллат ба фаромӯшӣ намеравад ва нахоҳад рафт, чунки номҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият
14:0908 май

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Чӣ хеле ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвас-танд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст».

Мо ба ҳам омадем
16:0406 май

Мо ба ҳам омадем

Инак, 20 сол мешавад, ки мо-мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ва оғӯши гарму гуворои Ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон кору зиндагӣ дорем. Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷику тоҷикистониён сулҳу осоиш осон ба даст наомадааст. Дар ин бобат талошу ҷонбозиҳои ватандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон мебошад.

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд
17:0104 май

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

19 апрели соли 2017 дар ноҳияи Қубодиён Маркази омӯзишии дӯзандагӣ аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) дар доираи Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» бо маблағгузории Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ифтитоҳ ёфт.

12 нафар соҳиби  ҷойи кор шуданд
09:3902 май

12 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Тибқи нақша чорабиниҳо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар шаҳраки А. Ҷомӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холиро баргузор намуд.